- Ҳа – сағерадухтари нодида, бачама пулкоркунӣ фиристодӣ?! - неш мезад хушдоман.
- Барои ин шабушкин дар лаби Хингоб қаср месохтаанд, заҳрханда мекард хоҳаршӯи чилсолааш, ки аз дасти бадхӯияш пирдухтар шуда буд.
Зебанда дарёи пурҷӯшу хурӯши Хингобро, ки боғашон дар соҳили он воқеъ аст, дӯст медорад. Ӯ соатҳо ба ин рӯди тезоб, ки мисли бабри ғуррон аст, дида дӯхтанро одат карда буд. Гумонаш, ки дарё ғаму андӯҳу парешонияшро бурда, ба ӯ нерӯи тозае ҳадя мекард.
Бо Амон низ дар соҳили ана ҳамин дарё вохӯрда паймони ишқ баста буданду барои ба ҳам расидан мубориза бурданд ва оқибат издивоҷ карданд.
Зебандаи соҳибҷамол дар хонаи шавҳар меҳмони нохондаро мемонд. Касе ғайр аз Амон бо ӯ муомилаи дуруст намекард, азбаски устухонаш бо меҳнат шах шуда буд, аз кори вазнину сиёҳ ҳаросе надошт. Аз субҳи солеҳон то фурӯравии хуршед меҷунбид. На хӯроки ҳалол мехурду на истироҳати хуб дошт, бо вуҷуди ин ҳама дили хусуру хушдоман ва хоҳаршӯю додаршӯҳоро ёфта натавонист.Фикри ҷудоӣ аз шавҳарро ба гӯшаи хотир намеовард, зеро Амонро аз ҷонаш зиёдтар дӯст медошт, баъдан ӯ модар надошт, зери зулму ситами модарандар ба камол расида. Моиндари ҷоҳил сояи ӯро аз девор метарошиду падари бечорааш бошад, ба тарафдорияш чизе гуфта наметавонист.
Амон азобҳои Зебанда ва сабру тоқаташро дида қарор дод, ки ба Русия мардикорӣ мераваду барои занаш хона месозад. Харчанд Зебанда ба ин сафари Амон розӣ набуд, аммо ӯ ба нею нестони ҳамсараш нигоҳ накарда ба сафар баромад, зеро дигар ӯро дар чунин ҳолат дидан намехост.
- Зеб, барои ту дар лаби Хингоб хона месозам, ана баъд рози дил мегӯи-е, охир ту ошиқи ин паланги кӯҳистонӣ-ку! Бо ҳаяҷон изҳор дошт Амон ҳангоми хайрухуш.
Рӯзи сиёҳи Зебанда баъди рафтани шавҳар сиёҳтар шуд.
- Ҳа – сағерадухтари нодида, бачама пулкоркунӣ фиристодӣ?! - неш мезад хушдоман. Барои ин шабушкин дар лаби Хингоб қаср месохтаанд, заҳрханда мекард хоҳаршӯи чилсолааш, ки аз дасти бадхӯияш пирдухтар шуда буд.
Зебанда ҷуз гиря мутаккое надошт. Аз рафтани Амон ду моҳ гузашта бошад ҳам, онҳо имкон намедоданд, ки ӯ бо шавҳараш ҳамгап шавад. Ӯ ҳомила шуда буду бемадор гашта, дилаш ғаш мекард. Хушдоман инро фаҳмида назди ҳама аҳли оила як гапҳое мегуфт, ки ...
- Ё тавба, ҳаромии қадат аз Амон ё…? Ха, боғ кор меравам гуфта ягонтои дигарашро зери чашм накарда бошӣ? Ту омӯхта...
Зебанда заҳри суханҳои хушдоманро бо азоб фурӯ бурда, аз сари дастархон хест ва досашро гирифта сӯи боғ равон шуд. Алафдаравӣ баҳона, мехост лаҳзае сарашро ба домани Хингоби азизаш гузошта, ашки алам резад. Заҳри дили ӯро Хингоб мегирифт...
Тифли батнаш шашмоҳа шуду ӯ ҳамагӣ ду бор бо Амон гап зад. Амон аз он тараф садқаю бандааш мешуд, ӯ бошад, ҳамин қадар гуфта тавонист:
- Амонҷон, мо се нафар мешавем...
- Эй шарманда, сухани ӯро бурид хушдоман аввал ҳаромиатро зой, баъд даҳон то баногӯш ҳадя гир!
Зебанда аввалин бор дар ҳаёташ ба хушдоман гап гардонд:
- Амаҷон фарзанди маро ҳаромӣ нагӯед, баъдан сагу хар мезояд, одам бошад таваллуд мекунад...Хоҳаршӯяш Давлатбӣ, ки дар деҳа «терорист» лақаб дорад, ту аз сагу хар чӣ камӣ дорӣ? - гӯён ба келинашон часпид.
То ҳамсояҳо омада онҳоро халос карданд, ки сару рӯи Зебанда хуншор шуданд. Ӯ хам шуда сарбандашро аз зери пои таҳқиргаронаш гирифта ба сар басту досу ҷуволашро гирифта сӯи боғ рафт.
Тобистони кӯҳистон он қадар гарм нест, аммо боди серуни аз Хингоб вазанда онро боз ҳам салқинтар мекард. Зебанда дар соҳили Хингоб дасту рӯ шӯст, то холӣ шудани дилаш гирист ва дар дилаш хоҳиш пайдо шуд, ки ба мавҷҳои дарёи азизаш омезад, то дигар касе нишонашро наёбад. Ӯ оҳиста – оҳиста ба об даромад, ҳамин вақт чизе ӯро сахт такон доду ба соҳил баромад. Зебанда сахт тарсид ва тифли батнаш берабт дасту по мезад.
- Ту ҳам аз ман безорӣ? Намехоҳӣ ҷисми ранҷуру дили ғамгинамро ба оғӯш гирӣ? - зан зери лаб ба дарё гап мезад, аниқтараш аз ӯ гила мекард. Ӯ ноилоҷ ҷуволи алафи даравидаашро пуштора намуда ба хонааш рафт.
- Ҳа саги дайду баргаштӣ? – неш зад додаршӯяш. Ин дигар куҷо меравад, бесоҳиб, кушед ҳам аз санҷаи даратон берун намеравад – илова намуд хушдоманаш......
Давом дорад.......
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 3