Хусураш аз рӯи ҷойнамоз пайвандонашро сари инсоф хонданӣ шуда дар бало монд.
- Эҳа – шуморо низ аз ширинияш чашондааст, ки пуштибон шудед – мад кашид хушдоман.
Аз ин тӯҳмати нанговар гӯшҳои Зебанда қулф заданд ва аз дарвоза берун шуд, ӯ аҳд кард, ки худро ба дарё мепартояд, вале дар роҳ кампири Тутиро дид, ки бузашро мекофт. Ин кампири бадбахт дар як гӯшаи деҳа бо набераи 7-8 солааш Ҷӯра зиндагӣ мекард. Духтари ягонааш Садбарг баъди 15 – соли хонадорӣ писараки деринтизорашро ба дунё оварда, сари фарзанд рафта буд. Баъди марги духтараш ӯ каме парешонавзоъ гашта буд, аммо Ҷӯра бибии бадбахташро ба зиндагӣ баргардонд.
- Зебоҷон, наход ба ҳамин ҳол (ӯ ҳомиладориашро дар назар дошт) намози шом дар лаби дарё гардӣ?
Ҳамин суол кофӣ буд, ки Зебанда фиғон кашад.
Кампир сари ӯро ба бағал гирифта, ба ёди модараш Суман, ки дугонаи ҷамолакии Садбарги ӯ буд, ашк рехт ва Зебандаро бо худ ба кулбаи вайронааш бурд.Ҷӯра аз бибияш муждагонӣ талаб намуда гуфт, ки бузашон дугоник зоидаасту амаки Табар онро аз зери Фарке ёфта овардааст.
Кампир об гарм карда ба саршӯякаш бурд ва аз Зебанда хоҳиш намуд, ки сару танашро шӯяд. Хангоми шона задан ба кокулони марғуладораш ӯ сӯзиши ҷонкоҳеро ҳис намуд. Баъд маълум шуд, ки ними кокули ӯ ҳангоми кашокаши Давлатбӣ канда шудааст. Зебанда дар хонаи кампири Тутӣ монд. На падару моиндар ва на хешони шавҳар суроғаш накарданд. Зан танҳо як умед дошт, Амон меояду барои ӯ дар лаби Хингоб хона месозад...
Кулбаи кампири Тутӣ ва замину ҳотаи ӯ аз файзи дасти Зебанда зеби дигар гирифта буданд. Ҳамроҳи Ҷӯра хонаю пешайвонро таъмир намуда, чормағзу зираҳои захиранамудаи ӯро бо савдогарон фурӯхта, телевизору қолин гирифтанд. Ҷӯра ба апаи Зебандааш меҳр монд. Моҳи зодани Зебанда фаро расиду ӯ рӯи дастони кампири Тутӣ духтарчаи нозанине таваллуд кард, ки чун себи ду кафон ба Амон монандӣ дошт. Духтарак яксола шуду падараш баргашт, аммо ба иғвои пайвандон бовар намуда суроғи Зебандаю Арзандаи хурдакак наомад.
Зебанда духтаракашро бардошат лаби Хингоб ашк рехту аз бевафоии ёр нола кард, ҳамин вақт кампири Тутӣ ҳаш – ҳашкунон расида омаду ба Зебанда гуфт:
- Агар барои писари Заррагули ҷакок худро куштанӣ бошӣ, куш, аммо ин кӯдаки бегуноҳро ба ман деҳ, беиродаи ахмақ!Вақте ки шавҳарам зери тарма монд, Садбарги раҳматӣ дар қадам буд, дар ин миёни кӯҳҳо ғариб будам, чунки ҳамроҳи шавҳари муаллимам аз Самарқанд омада будам...
Худамро накуштам, Садбарги нозанинам сиёҳпича шуд ва домодам бист рӯз пас аз ҳамин қишлоқ зан гирифт, худамро накуштам... Ту бошӣ...
Кампиру Арзанда аз назар дур шудаанду Зебанда низ аз ҷояш хест...
Амон боре онҳоро суроғ накард ва ду моҳ пас аз қишлоқи ҳамсоя зан гирифт. Чӯраи бехабар назди кампиру Зебанда шукӯҳи сартарошонро нақл карду гуфт, ки ду соат пас арӯсро меоранд, як автобус лентадор барои овардан рафт...
Зебанда духтарашро хобонду соҳили Хингоб рафт, гуфту гирист, ҳасрат карду сабук шуд, аммо Хинги саркаши ӯ мисли бабри маст меғурид. Рӯз бегоҳ шуда буд, Арзанда бо кампири Тутӣ ғут – ғут дошт. Зебанда мантуи кадугин мебаст, ҳамин вақт Ҷӯра бо табъи гирифта баргашту гуфт:
Апаҷон, домоду арӯс ба дарё рафтаанд...
Баъд маълум шуд, ки автобусе, ки дар он домоду арӯс ва 15 – одами дигар будаанд, аз ҷарие ғеҷида ба қаъри Хингоб рафтаанд. Зебанда намедонист шодӣ кунад ё бигиряд. Хонаи пури Амонино холӣ шуд дар он фақат хушдоманашу Давлатбӣ монданд. Боқимондаҳоро Хингоб фурӯ бурд...
Пас аз як соли ин воқеа олими гиёҳшиносе дар кӯҳистон меҳмон шуда ду моҳ дар хонаи кампири Тутӣ иҷора нишаст. Аз рӯи гуфтаҳои ӯ бо занаш 15 – сол зиста фарзанддор нашудаанд, ҳангоми рафтан аз кампир Зебандаро хостгорӣ кард...Ҳоло панҷ сол мешавад, ки Зебанда бо Ҷалол Зарифӣ ҳамхона аст. Онҳо зимистону тирамоҳ дар шаҳр тобистону баҳор бошад, дар лаби Хинги пурасрор зиндагӣ мекунанд. Дар ҷои хонаҳои кампири Тутӣ ва дуртар аз он хонаҳои баланди айвондор қомат рост карданд. Ин марди накӯсиришт аз байни кӯҳсори сар ба фалак кашида ганҷи бебаҳое ёфт, ки дар доманаш ҷигарбандонаш Арзанда ва Шамсу Қамар парвариш меёбанд.
Зебанда аз рӯи одат соатҳо ба Хингоб дида медӯзад, Худоро шукр мегӯяду барои кӯшишҳои ноҷояш узр мепурсад.
Хинги сармаст бошад, гоҳ масту хурӯшон, гоҳ орому ботамкин равон аст..
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 1