Чаро ин қадар бераҳмӣ?? Инсонҳро то чанд метавонӣ аз ҳам ҷудо менамоӣ??
- Зеро одамон тамоми хушиҳои рӯзгорро аз ман мебинанд. Ва чи мушкилоте, ки дар зиндагияшон рӯй медиҳад, ба воситаи ман роҳи ҳалашро меёбанд!
Ҳаҳаҳҳа магар бе ту ягон илоҷи дигар нест?? Оё одамон дигар роҳу василаро намедонанд?? Гуё, ки побандӣ ту бошанд?
-На! намедонанд ва надоранд. Зеро бе ман қадами худро то ҷойе гузошта наметавонанд. Мисоли оддӣ агар телефонат суратҳисоб надошта бошад, ба касе занг зада наметавонӣ??! Таметавонӣ! Ана инро бидон, ки боз ҳам дар ин ҷо хизмати ман намоён аст!
Ин қадар ҳавобаландӣ кардӣ!!? Ҳеҷ ҳастӣ! Ҳеҷ! Танҳо як коғаз? Бо андак борон ва ё андак намнокӣ фарсуда мешавӣ ва аз байн меравӣ!
-Ҳммм.. ҳеҷ будаам боз!! Ҳеҷ! Ку худат гап зан дар донишгоҳи миллӣ мехонӣ ба фикрам?? Оё туро дар ҳолати насупоридани шартмома аз курс ба курс роҳ медиҳанд?? Оё бе ҳаққи роҳкиро ба нақлиёт савор шуда метавони? Аз ҷойе ба ҷойе рафта метавонӣ??Агар шикамат гурусна бошад, чизе хӯрда метавонӣ?
.......ҳммммммм...
-Чи ҳммм мекунӣ? Мард бошӣ ку ҷавоб деҳ?! !! Магар гуфтаҳоям ғалатанд?
Не-не гуфтаҳоят дурустанду........
-Пас чӣ?
Охир чаро бо ҳама як хел ошноӣ надорӣ?? Бо яке дӯсти наздикиву бо дигаре душмани қатол?? Ҳамаро бо як чашм наменигарӣ?! Яке бо туро аз ҳад зиёд доштанаш мағруру таккабурӣ менамояд ва дигаре бошад, чуноне, ки худат гуфти тамоми шароитҳои зиндагиаш муҳайё аст?? Чаро ин хел??
-Ба Худододагон ситеза макун мегӯяд.. шоири бузург!!! Лекин роҳҳои зиёде ҳастанд, ки ту метавонӣ бо ман ошнои хуб шавӣ??
Чихел?
-Аввалан барои интихоби касб хуб фикр менамоӣ, ки ояндадор бошад ва соҳиби ман гардӣ!! Баъдан вақти хешро беҳуда сарф наменамоиву ба мутолиаи илмҳои замон мепардозӣ. Сипас чи азобу машаққате, ки мекашӣ аз ҷониби Аллоҳи Бузург беподош нахоҳад монд. Ва ман туро худам меҷуяму пайдо хоҳам кард. Ҳеҷ гоҳ аз паси ман надав! Дар зуддтарин вақт меафтиву зарбаи сахт мехурӣ!!???
Дуруст мегуӣ! Аммо бе ту ҷойе рафта наметавонам ку! Мушкилиам роҳи ҳал намеёбад! Пас чи кор кунам??
-- Пас Ёди Аллоҳ кун! Талаб аз зоти Ҳақ намо! Иншааллоҳ мушкилотҳоят ҳал хоҳанд шуд!
Бале рост мегуӣ. Ташаккур! Иншаллоҳ. Аммо боз бе ту намешавад охир!?
Чаро баъзе ҷавонони ҳамсинну соли ман алакай соҳиби мошин, соҳиби зан, соҳиби хонаву даранд? Пас чаро ман нестам??
- Зеро онҳо тағову падари пулдор доранд.
Ту саратро ба сари онҳо намон! Худат кӯшиш намо! Ба ҳаракати худат соҳиби гуфтаҳоят шав ! Баъд ба қадри гуфтаҳоят мерасӣ! Набошад, дар зиндагӣ сахт азоб хоҳи кашид! Ба фикрат онҳо то охири ҳаёт аз ҳисоби тағову падарашон зиндагияшонро пеш мебаранд?? Не ҳеҷ вақт! Рӯзе не рӯзе онҳо пир мешаванд ва ё ин, ки фаъолияти корияшон суст мегардад ва дигар қобилияти маблағӣ калонро ба даст оварданро намекунад. Ва дар он вақт ҷавонон сахт азоб мекашанд. Ҳамеша кушиш намо аз худ ва ҳаракату заҳматҳои хеш намонӣ! Ин ҳамааш ба хотири худат буд! Ҳамааш маслиҳат буданд, боз насиҳат фикр накунӣ??
Не-не! Ташаккури зиёд! Сипоси бепоён баҳри маслиҳатҳои беғараззу муфид! Лекин то он зиннаи даркори расидан туро каму- беш доштанам даркорку?
-Росту инаш аз пешонаат вобастагӣ дорад! Чаро, ки меҳр миёни падару фарзанд гум шудааст? Чаро ин тавр кардӣ?? Чаро?? Ба ҳамааш ту гунаҳкорӣ!!??
- Ин айби ман нест! Онҳо худашон ба ман сахт дил мебанданду дар зудтарин вақт мағруру ҳавобаланд мегарданд. Ва хусумат миёнашон ба вуҷуд меояд! Онҳо фикр намекунанд, ки дунё абадӣ нест! Рӯзе аз ман ҷудо хоҳанд шуд! Ҳамааш айби худашон аст!
Магар туро бо худ намебаранд???? Ин қадар заҳмат мекашанду мубориза мебаранд то туро ҷамъ намояндку?? То дами марг фақат туро ҷамъу гир мекунандку?? Ба хотири ту шуда борҳо дили одаморо меранҷонанд? То ҳатто ба хотири ту шуда, яке дигареро ба қатл мерасонад!?
-Не! МАРО мегузоранду худ танҳо мераванд! Ин ҳамааш нафси инсонист! Вақте нафсашон боло мегирад, баъдан ҳама чизро фаромуш мекунанд........
Дӯстони азиз! Дунё абадӣ нест. Дар ин дунё фақат меҳру муҳаббат, одаму одамгарӣ мемонад. Пас биёед ба қадри азизони хеш бирасем!
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев