Аз Абӯҳурайра (р), аз Расули Худо (с) ривоят аст, ки фармуданд:
"Ба дурусти, ки Худованд, дорандаи 99 ном, яъне якто кам аз сад аст ва ҳар нафаре, ки онҳоро номбар кунад, ба биҳишт медарояд".
Олимон, ин ҳадисро шарҳ дода гуфтаанд, ки ин маънои онро надорад, ки Худованд танҳо 99-то исм дораду халос, балки боз номҳои дигар низ буда метавонанд.
Ин 99 номҳое, ки мо дида мебароем, ҳамагӣ дар Қуръон зикр шудаанд.
Рӯйхати номҳои Худованд аксаран бо навбати омадани онҳо дар Қуръон ва аз рӯи ҷойгир шудани ҳарфҳо дар алифбои арабӣ, навишта шудаанд.
Ин шаа Аллоҳ аз ин баъд хамаруза шумо метавонед, дар гурухи мо "Sirat-Ul-Yaqin" соати 10 бо вақти Душанбе аз номҳои Худованд ва кӯтоҳона аз мафҳуми онҳо ошнои пайдо кунед.
Обуна шавед ва ёру дӯстони худро низ даъват намоед то моро ҳамроҳӣ кунанд.
Худованд нигаҳбони ҳар яки шумо!
Ассаламу алайкум ва раҳматуллоҳ.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев