Аҷалро чун харидору бақоро* кардӣ муштоқат.
Фаноро тарк бинмудӣ зи майли олами уқбо,
Ба роҳи тоату қалби пур аз имону идрокат.
Вуҷудат ташнаи Зам-зам, ҳамоно бехабар аз марг,
Ба қасди Ҳаҷҷи асғар буд дили болидаву чоқат.
Ҳақиқатро пазируфтӣ, гузаштӣ аз маҷоз охир,
Қаламкаш* то бизад мӯҳре ба рӯи барги авроқат*.
Шумори соли некӯят таги ҳаштоду панҷ омад,
Ва рӯзи Ҷумъа боло шуд равон* аз пайкари покат.
Муродӣ гарчӣ месӯзад зи ранҷи рафтанат, аммо,
Тасаллӣ медиҳад худро, ки Ҷаннат гашта муштоқат.
Намедонам бигирям ё муборакбодиат гӯям,
Чи ояд ҷуз дуойи нек зи дасти ин ҷигарчокат.
МУРОДИИ ХАТЛОНӢ 12.02.2023
Бақо*- олами боқӣ, охират.
Равон*- ҷон, рӯҳ.
Қаламкаш*- қаламкаши азал (сифати Худо)
авроқ*- инҷо ба маънои китоби зиндагист, хати қисмат.
------------------
(Умедворам, ки дар ҳаққи Модар дуогӯ бошед)
Расо як моҳ мешавад, ки модарам дар синни 85 солагӣ рӯзи 13 ҳуми январ (Ҷумъа) тарки дунёи фонӣ карданд.
Чанд рӯзе пеш аз ин қасди сафари Ҳаҷҷи Умра доштанд, афсӯс ки дар насибашон набудааст.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 72
Аҷалро чун харидору бақоро кардӣ муштоқат.
Ба шумо ва наздиконатон Худованд сабри ҷамил ато фармояд.
Он ки пояндаву бокист Худо хохад буд
Рухашон шод хона охиратон обод бошад
Хуш бахолашон ки фарзанди чун Муродиро зода калон карда аз худ едгор гузаштан
Хар як паи як дигар якояк беравем
Аз ин хотир рахмати Модаратонро. Парвардигор. Чояшонро дар чаннатул Фирдавс карор дода бошаду ба шумо ва ахлу байитатон сабри чамил атто фармояду хамдардии Моро Кабул фармоед ва мо дар хакики рахматии модаратон дуогуем иншоллох. Каримии Хатлони.
Майдахак будум Басе умедам Доди,
Боз гуфта буди,Ки бо ту бошам дойим.
Лек Азми Сафар карди фиребам Доди,
Ба хотири Модарони махрум...бахшидам ин мисраххоро. Карими.
такрор ёбанд аз дигар, Лек умри одами дар зиндаги такрор нест.
Худованд модаратонро раҳмату мағфират кунад ва ба шумо ва наздиконатон сабри ҷамил ато намояд