ФАРИШТА...🌺 🌱📖🌱 Тибқи ривоят, кӯдаке, ки ба таваллуд омодагӣ мебинад, аз Худованди мутаъол мепурсад: – Худоё, гуфтанд, ки маро ба дунё овардаӣ. Аммо ман дар он ҷо чӣ гуна зиндагӣ мекунам, дар ҳоле ки ман ҳанӯз ин қадар хурд ва нотавон ҳастам? — Натарс, — ҷавоб дод Парвардигор, — яке аз фариштаҳои ман ҳамеша бо ту хоҳад буд, туро дуст медорад ва ҳифз мекунад. Ту ҳамеша муҳаббати пурқуввати ӯро эҳсос хоҳӣ кард ва ин туро хушбахт мекунад. — Аммо одамонро, ки бо ман гап мезананд, чӣ тавр фаҳмам, чунки забони онҳоро намедонам? – Фариштаи ту дар паҳлӯят бо сабру муҳаббат зеботарин ва гуворотарин суханҳои дунёро таълим медиҳад. — Агар бо ту суҳбат карданӣ бошам, чӣ кор кунам? – Фариштаат ба ту ёд медиҳад, ки дастҳоятро кушо ва ба ман дуо гӯй. – Аммо шунидам, ки дар дунё одамони бад ҳастанд, кӣ маро аз шарри онҳо наҷот медиҳад? – То он даме, ки фариштаат бо ту аст, ӯ ҳамеша кӯшиш мекунад, ки аз онҳо муҳофизат кунад. — Ҳамааш хуб... Фақат ғамгинам, ки туро дида наметавонам... – Парво накун, фариштаи ту дар бораи ман нақл мекунад ва чӣ тавр ба ман расиданро ёд медиҳад. Вакте ки тифл барои ворид шудан ба дунё омода буд, дар дилаш ба саволи охирин посух мечуст: – Худоё, номи фариштаи ман чист? – Номи фариштаатро донистан шарт нест, танҳо ӯро “модар” мегӯӣ... ФАРИШТАҲОИ РӮИ ЗАМИН, ХУДО НИГАҲБОНИ ШУМО!...🤲🌺
    0 комментариев
    27 классов
    ✍🏻 Даҳ Нишонаи "Дили Мурда":👇 ۞ 1 - Дили мурда он дилест, ки Худоро шинохт, аммо ҳаққашро ба ҷо наовард 🍂 ۞ 2 - Дили мурда он дилест, ки Даьво мекунад Худову Расулашро дӯст дорад, аммо пайравӣ аз Паёомбар ﷺ намекунад. 🍂 ۞ 3 - Дили мурда он дилест, ки Қуръонро мехонад, аммо ба он амал намекунад. 🍂 ۞ 4 - Дили мурда он дилест, ки неъматҳои Худоро мехӯрад, аммо ШУКРГУЗОРӢ намекунад. 🍂 ۞ 5 - Дили мурда он дилест, ки медонад шайтон душмани ӯст, аммо аз он ПАЙРАВӢ мекунад. 🍂 ۞ 6 - Дили мурда он дилест, ки мегӯяд ки Биҳишт ҲАҚ аст, аммо барои ба даст оварданаш ТАЛОШ намекунад. 🍂 ۞ 7 - Дили мурда он дилест, ки мегӯяд Дӯзах ҲАҚ аст, аммо аз он ФИРОР намекунад. 🍂 ۞ 8 - Дили мурда он ди
    0 комментариев
    22 класса
    ПАНДИ НИЁГОН....📖 _____🌱📖🌱_____ Чаро, эй бандаи ғофил пайи озор мегардӣ? Ба ҷони ину он доим мисоли мор мегардӣ. Гаҳе бо зиштгӯиву гаҳе бо туҳмати Ноҳақ, Чаро бар гардани мазлум ту тори дор мегардӣ? Туӣ он ашрафу-ул-махлуқу зебоиву дилороӣ, Ба ҷои он, ки гул бошӣ, чаро ту хор мегардӣ?
    0 комментариев
    47 классов
    ПАНДУ ҲИКМАТ....📖 ______🌸🍃🌸______ Он кас, ки ба хубон лаби хандон додаст, Хуни ҷигаре ба дардмандон додаст. Гар қисмати мо надод, шодӣ ғам нест, Шодем, ки ғам ҳазорчандон додаст.
    1 комментарий
    54 класса
    ПАНДНОМА...📖 🌿📖🌿 Андеша, зи гуфтори забон бояд кард, Танҳо сухани рост баён бояд кард. Аз ҳарфи дурӯғ суди ту танҳо гунаҳ аст, Он чи, зи ҳақиқат аст, баён бояд кард.
    0 комментариев
    91 класс
    ПАНДИ БУЗУРГОН....📖 ***** Дар илми муҳаққиқон ҷадал нест, Аз илм мурод ҷуз амал нест. Кафши Хизиру асои Мӯсо, Шоистаи дасту пои шал нест. Гар фикр кунӣ, дар ин чӣ бошад, 3-ин фикр димоғро халал нест. Аз Оби Хуҷанд бигзару кӯҳ, Дар Сири ту ин ба ҷуз масал нест. Дар кӯҳ чӣ мекунӣ? Ба ман бош, К-имрӯз маъоз дар ҷабал нест! Ин дур(р) на дар он ҳақир дарёст, Ин лаъл ба кӯҳи Мевағал нест. Инҳо на мақолати Камол аст, Асрори Худост, ин ғазал нест. Камоли_Хуҷандӣ.✍️
    0 комментариев
    36 классов
    РӮЗИ НАВМЕДӢ.... **** Рӯзи навмедӣ, чу ояд, ошно душман шавад, Ғам ҷудо, шодӣ ҷудо, давлат ҷудо душман шавад. Ҳаркӣ пеш аз вақт дармонхоҳи дарди дил шуд, Гар ҳакимаш Бӯалӣ бошад, даво душман шавад. Чун, зи булбул бахт баргардад, ба заъми боғбон, Ҳусни гулро ҷунбиши боди сабо душман шавад. Рӯ ба сӯйи ҳаркӣ орам, рӯ бигардонад, зи ман, Бахт, чун гардад, забун бар ман қабо душман шавад. Бар муроди мо вазад, ҳардам, агар боди мурод, Дар муҳити офият ҳам нохудо душман шавад. Нест, Махфӣ дар дили мо бо касе чун душманӣ, Ҳаркӣ бо ман душман аст, Ӯ бо Худо душман шавад. ✍️Зебуннисо
    0 комментариев
    70 классов
    ПАНДНОМА...📖 **** МАГӮ, ФАРДО, КИ ФАРДО НОАЁН АСТ, ҲАВОИ РӮЗИ ФАРДО ДАР ГУМОН АСТ. ГУЗОР, ЭЙ БАНДА ҲОЛО САР БА САЧДА, КИ ФАРДО ХОКИ САРД МОРО МАКОН АСТ.
    0 комментариев
    99 классов
    ПАНДИ РӮЗ....📖 ОРОМӢ... Савдогаре ба шаҳре омад ва аз он ҷо маҳсулоти кишоварзӣ харид кард. Хост онҳоро бо мошин ба вокзали роҳи оҳан барад. Дар роҳ аз писаре пурсид: --- То вокзали роҳи оҳан чӣ қадар роҳ? --- Агар оҳиста равед, тахминан дар бист дақиқа мерасед. Аммо агар босуръат равед, дар ним соат ва ё аз он бештар, - ҷавоб дод писар. Савдогар аз ин ҷавоби писар, ки ба назараш кинояомез намуд, оташин шуд ва ба ӯ чанд сухани қабеҳ гуфту худравро босуръат ронд. Аммо панҷоҳ метр нарафта, чархи мошин ба санге бархӯрду, бо такон хӯрдани худрав ҳамаи маҳсулоти багаҷ ба замин рехт. Савдогар барои ҷамъоварии онҳо вақти зиёд сарф кард. Вақте, ки хаставу кӯфта ба мошин нишаст, гуфтаҳои писар ба хотираш омад. Мақсади писаракро фаҳмида, қисми боқимондаи роҳро оҳиставу боэҳтиёт тай кард. Шояд гоҳе бояд оромтар қадам бардорем, то ба мақсад бирасем. ХУДО НИГАҲБОНАТОН.🤲
    0 комментариев
    61 класс
    ПАНДИ БУЗУРГОН....📖 ***** Макун, ҳамнишин бо ҳар бадсиришт, Ки дуздад, аз ӯ табъи ту хӯи зишт. Шавӣ, аз бадӣ пур, зи некӣ тиҳӣ, В-аз набвадат заррае огаҳӣ. Чӣ хуш гуфт, деҳқони софӣ, зи ранг, "Ки ангур гирад, зи ангур ранг"! ✍️АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ.
    0 комментариев
    44 класса
Фильтр

ФАРИШТА...🌺

🌱📖🌱
Тибқи ривоят, кӯдаке, ки ба таваллуд омодагӣ мебинад, аз Худованди мутаъол мепурсад:
– Худоё, гуфтанд, ки маро ба дунё овардаӣ. Аммо ман дар он ҷо чӣ гуна зиндагӣ мекунам, дар ҳоле ки ман ҳанӯз ин қадар хурд ва нотавон ҳастам?
— Натарс, — ҷавоб дод Парвардигор, — яке аз фариштаҳои ман ҳамеша бо ту хоҳад буд, туро дуст медорад ва ҳифз мекунад. Ту ҳамеша муҳаббати пурқуввати ӯро эҳсос хоҳӣ кард ва ин туро хушбахт мекунад.
— Аммо одамонро, ки бо ман гап мезананд, чӣ тавр фаҳмам, чунки забони онҳоро намедонам?
– Фариштаи ту дар паҳлӯят бо сабру муҳаббат зеботарин ва гуворотарин суханҳои дунёро таълим медиҳад.
— Агар бо ту суҳбат карданӣ бошам, чӣ кор кунам?
ФАРИШТА...🌺 - 964493192032
ФАРИШТА...🌺 - 964493192032
  • Класс
  • Класс

ПАНДИ НИЁГОН....📖

_____🌱📖🌱_____
Чаро, эй бандаи ғофил пайи озор мегардӣ?
Ба ҷони ину он доим мисоли мор мегардӣ.
Гаҳе бо зиштгӯиву гаҳе бо туҳмати Ноҳақ,
Чаро бар гардани мазлум ту тори дор мегардӣ?
Туӣ он ашрафу-ул-махлуқу зебоиву дилороӣ,
Ба ҷои он, ки гул бошӣ, чаро ту хор мегардӣ?
ПАНДИ НИЁГОН....📖 - 964470852192
ПАНДИ НИЁГОН....📖 - 964470852192
  • Класс

ПАНДУ ҲИКМАТ....📖

______🌸🍃🌸______
Он кас, ки ба хубон лаби хандон додаст,
Хуни ҷигаре ба дардмандон додаст.
Гар қисмати мо надод, шодӣ ғам нест,
Шодем, ки ғам ҳазорчандон додаст.
ПАНДУ ҲИКМАТ....📖 - 964432082528
ПАНДУ ҲИКМАТ....📖 - 964432082528
  • Класс

ПАНДНОМА...📖

🌿📖🌿
Андеша, зи гуфтори забон бояд кард,
Танҳо сухани рост баён бояд кард.
Аз ҳарфи дурӯғ суди ту танҳо гунаҳ аст,
Он чи, зи ҳақиқат аст, баён бояд кард.
ПАНДНОМА...📖 - 964409067104
ПАНДНОМА...📖 - 964409067104
  • Класс

ПАНДИ БУЗУРГОН....📖

*****
Дар илми муҳаққиқон ҷадал нест,
Аз илм мурод ҷуз амал нест.
Кафши Хизиру асои Мӯсо,
Шоистаи дасту пои шал нест.
Гар фикр кунӣ, дар ин чӣ бошад,
3-ин фикр димоғро халал нест.
Аз Оби Хуҷанд бигзару кӯҳ,
Дар Сири ту ин ба ҷуз масал нест.
Дар кӯҳ чӣ мекунӣ? Ба ман бош,
К-имрӯз маъоз дар ҷабал нест!
Ин дур(р) на дар он ҳақир дарёст,
Ин лаъл ба кӯҳи Мевағал нест.
Инҳо на мақолати Камол аст,
Асрори Худост, ин ғазал нест.
Камоли_Хуҷандӣ.✍️
ПАНДИ БУЗУРГОН....📖 - 964399139168
ПАНДИ БУЗУРГОН....📖 - 964399139168
  • Класс

РӮЗИ НАВМЕДӢ....

****
Рӯзи навмедӣ, чу ояд, ошно душман шавад,
Ғам ҷудо, шодӣ ҷудо, давлат ҷудо душман шавад.
Ҳаркӣ пеш аз вақт дармонхоҳи дарди дил шуд,
Гар ҳакимаш Бӯалӣ бошад, даво душман шавад.
Чун, зи булбул бахт баргардад, ба заъми боғбон,
Ҳусни гулро ҷунбиши боди сабо душман шавад.
Рӯ ба сӯйи ҳаркӣ орам, рӯ бигардонад, зи ман,
Бахт, чун гардад, забун бар ман қабо душман шавад.
Бар муроди мо вазад, ҳардам, агар боди мурод,
Дар муҳити офият ҳам нохудо душман шавад.
Нест, Махфӣ дар дили мо бо касе чун душманӣ,
Ҳаркӣ бо ман душман аст, Ӯ бо Худо душман шавад.
✍️Зебуннисо
РӮЗИ НАВМЕДӢ.... - 964366634336
РӮЗИ НАВМЕДӢ.... - 964366634336
  • Класс

ПАНДНОМА...📖

****
МАГӮ, ФАРДО, КИ ФАРДО НОАЁН АСТ,
ҲАВОИ РӮЗИ ФАРДО ДАР ГУМОН АСТ.
ГУЗОР, ЭЙ БАНДА ҲОЛО САР БА САЧДА,
КИ ФАРДО ХОКИ САРД МОРО МАКОН АСТ.
ПАНДНОМА...📖 - 964350348384
ПАНДНОМА...📖 - 964350348384
  • Класс

ПАНДИ РӮЗ....📖

ОРОМӢ...

Савдогаре ба шаҳре омад ва аз он ҷо маҳсулоти кишоварзӣ харид кард. Хост онҳоро бо мошин ба вокзали роҳи оҳан барад. Дар роҳ аз писаре пурсид:
--- То вокзали роҳи оҳан чӣ қадар роҳ?
--- Агар оҳиста равед, тахминан дар бист дақиқа мерасед. Аммо агар босуръат равед, дар ним соат ва ё аз он бештар, - ҷавоб дод писар.
Савдогар аз ин ҷавоби писар, ки ба назараш кинояомез намуд, оташин шуд ва ба ӯ чанд сухани қабеҳ гуфту худравро босуръат ронд.
Аммо панҷоҳ метр нарафта, чархи мошин ба санге бархӯрду, бо такон хӯрдани худрав ҳамаи маҳсулоти багаҷ ба замин рехт. Савдогар барои ҷамъоварии онҳо вақти зиёд сарф кард. Вақте, ки хаставу кӯфта ба мошин нишаст, гуфтаҳои п
ПАНДИ РӮЗ....📖 - 964331977824
ПАНДИ РӮЗ....📖 - 964331977824
  • Класс

ПАНДИ БУЗУРГОН....📖

*****
Макун, ҳамнишин бо ҳар бадсиришт,
Ки дуздад, аз ӯ табъи ту хӯи зишт.
Шавӣ, аз бадӣ пур, зи некӣ тиҳӣ,
В-аз набвадат заррае огаҳӣ.
Чӣ хуш гуфт, деҳқони софӣ, зи ранг,
"Ки ангур гирад, зи ангур ранг"!
✍️АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ.
ПАНДИ БУЗУРГОН....📖 - 964298272608
ПАНДИ БУЗУРГОН....📖 - 964298272608
  • Класс
Показать ещё