Предыдущая публикация
Ороиши маҷлис туй, маҷлис биёро ҳар замон,
Нақду шаробе з-он ду лаб пеш ор моро ҳар замон.
З-ин сон ки бар ҳар муй ту, аз нафси худ дар ғайратам,
Он чо чӣ густоҳист ин боди саборо ҳар замон?!
Чун ошиқонатро намонд аз нақди ҳастӣ мояе,
Тороҷи султонӣ макун мушти гадоро ҳар замон.
Эй cap, ба зудӣ хок шав пеши дари он нозанин,
Бу, к-аз туфайли нозанин бусем поро ҳар замон.
Гарчи наярзад аз рахаш гарде, ту эй боди сабо,
Мегу саломи чашми ман он хоки поро ҳар замон.
Гар нест борони карам, санге бибор, эй осмон,
То чанд боз орам тиҳӣ дасти дуоро ҳар замон?
Хусрав, агар ошиқ шудӣ, аз теғ узраш хоҳ бас,
То чанд орӣ бар забон он як хаторо ҳар замон?!
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев