#Бозор_Собир Аз хоки ватан гӯри падар дар дили ман монд, Модар чу мазори лаби ҷар дар дили ман монд. Дар оташи ғам коғази рӯи ман агар сӯхт, Аз хоҳари ман коғази сар дар дили ман монд. Дар баставу фарзанди падар дар паси дар рост, Фарзанди падар дар паси дар дар дили ман монд. Ман рафтаму сад хешу табор аз сари ман рафт, Аз рафтанашон хуни ҷигар дар дили ман монд. Дар сӯзани девори ман аст риштаи умрам, Кофист, ҳамон сӯзан агар дар дили ман монд. Аз ҳамватану ҳамрагу ҳамгавҳару ҳамхун Чашмони тару оҳи саҳар дар дили ман монд.
#Зебуннисо Бас ки тифли орзӯям нӯги ханҷар мемакад, Дар гумон афтам, ки шояд шири модар мемакад. Ҳарфи ишқат бар забони фикри ҳар кас бигзарад, Аз забони шуъла лаззат чун самандар мемакад. Аз лаби ширини ҷонон ҳар ки ширин лаб кунад, То қиёмат аз лаби худ ширу шаккар мемакад. Дар раҳи кӯи муҳаббат аз маломат хорҳост, Раҳнаварди ишқ нӯш аз нешу наштар мемакад. Махфиё, гардад ба давлат шаҳсаворе ҳамрикоб, К-оби теғ аз дидаи ман хуни ҷавҳар мемакад.
#Иқболи_Лоҳурӣ Фақри Қуръон эҳтисоби ҳасту буд, Не рубобу мастиву рақсу суруд. Факри мўъмин чист? Тасхири ҷиҳот, Банда аз таъсири ў мавлосифот. Фақри кофир хилвати дашту дар аст, Фақри мўъмин ларзаи баҳру бар аст. Зиндагӣ онро сукуни ғору кўҳ Зиндагӣ инро зи марги бошукўҳ. Он Худоро ҷустан аз тарки бадан, Ин худиро бар фасони Ҳақ задан. Он худиро куштану восўхтан, Ин худиро чун чароғ афрўхтан.
#Хоҷа_Ҳофизи_Шерозӣ Чу гул ҳар дам ба бӯят ҷома бар тан Кунам чок аз гиребон то ба доман. Танатро дид гул, гӯй, ки дар боғ, Чу мастон ҷомаро бидрид бар тан. Ман аз дасти ғамат мушкил барам ҷон, Вале дилро ту осон бурдӣ аз ман. Ба қавли душманон баргаштӣ аз дӯст, Нагардад ҳеч кас бо дӯст душман. Танат дар ҷома, чун дар ҷом бода, Дилат дар сина, чун дар сим оҳан. Бибор, эй шамъ, ашк аз чашми хунин, Ки шуд сӯзи дилат бар халқ равшан. Макун, к-аз синаам оҳи ҷигарсӯз Барояд ҳамчу дуд аз роҳи равзан. Диламро машкану дар по маяндоз, Ки дорад дар сари зулфи ту маскан. Чу дил дар зулфи ту бастаст Ҳофиз, Бад-ин сон кори ӯ дар по маяфган.
#Туғрали_Аҳрорӣ Маро аз оламу одам ғами ишқи ту бас бошад, Ба пеши оташи ишқат дилам монанди хас бошад. Аз он рӯзе, ки афтодам ба доми чун ту сайёде, Аз он рӯ пераҳан дар тан маро ҳамчун қафас бошад. Яке боз о ба сӯи ман, ки аз бетоқатӣ то кай Фиғону нолаву фарёдам аз дил чун ҷарас бошад?! Нигаҳро рухсати наззора фармо дар шаби зулфаш, Куҷо ушшоқро андешаи тарси асас бошад?! Набуррам аз ту пайванди муҳаббатро ба сад меҳнат, Агарчи фурсати умрам ба олам як нафас бошад! Нигоҳи чашми саффокаш1 ба сӯи ошиқон ҳар дам Бад-он монад, ки турки Рум бар рӯи фарас бошад. Ба як парвоз сайди сад маонӣ мекунад Туғрал, Ба пеши чангули ӯ сайди анқо чун магас бошад.
#Мавлавии_Ҷунунӣ Сина бар тири ғами дуст сипар мебинам, Як қадаҳ, нуш дусад хуни ҷигар мебинам. Борҳо cap бидиҳам дар раҳи ишқаш чу қалам, Боз зери хами шамшери Ту cap мебинам. Куштаи ханҷари ишқи Ту намирад ба аҷал, Дили худ зинда ба Исои дигар мебинам. Бисмили теғи Ту роҳат зи тапидан ёбад, Завқи сузи дилам аз шарфаи пар мебинам. Ғута дар кулзуми ваҳдат задаам чандоне, Ҷазбаи мавҷфишон дурри гуҳар мебинам. Зоҳидон сабҳи худ ҳадя ба зардор баранд, Кимиёест ба дил маъдани зар мебинам. Пай намебурд касе зуд зи доғи дили мо, Оҳи пурдард аз ин дидаи тар мебинам. Чашм во кардану пушист дами фурсати умр, Эй Ҷунун, гунбади ин чарх ду дар мебинам.
Показать ещё