Предыдущая публикация
кардам?
Худамро бо ҷамоли акси рӯят рӯ ба рӯ
кардам..
Нишастам пушт гардон то набинӣ
ашкҳоямро,,
Ҳадиси рӯзҳои бетуамро мӯ ба мӯ кардам..
Ба даври худ парешон карда авроқи
китобамро,,
Туро аз байт-байти шеърҳоям ҷустуҷӯ
кардам..
Гирифтам гардани худро гиристам дар азои худ,,
Ба оби дида дасту суратамро шустушӯ
кардам..
Қазо кардам агарчӣ беирода воҷиби хуфтан,,
Ба номи ту намози бомдодиро вузӯ кардам..
Ту ай ёро ба нармӣ хуфтаӣ дар бистари
роҳат,,
Намедонӣ, ки имшаб марги худро орзу
кардам...
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев