Предыдущая публикация
Ғами ҳиҷрон ту беҳад азобам дод, меойӣ?
Дар ин якчанд рӯзу ҳафтаҳову моҳи танҳоӣ,
Вуҷудам гашт чун оғӯши сӯзу дод, меойӣ?
Ба ёди обёрӣ кардани лабҳот, ай Ширин,
Бихушкид хуни дил дар синаи Фарҳод, меойӣ?
Хумори рафта аз деҳоту монда дар дили Лоиқ,
Нарафт ишқи накуят аз дилу аз ёд, меойӣ?
Аз ин овози дил гӯши фалак кар шуд, ту нашнидӣ?
Дилам хомӯш-хомӯш мезанад фарёд: "Меойӣ?"
Пас аз ту ин дилам бечора гардиду худам ночор,
Ба ин бечораву ночор бар имдод, меойӣ?
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев