БИСМИЛЛОХИР
РАХМОНИР РАХИМ
Бигуям хамди аввал бар худоям,
Ба номи холики арзу самоям.
Ба номи холики кавму маконам,
Ки номи уст доим бар забонам.
Ки у гайб асту хозираш бидонем,
Ба мо бахшанда такдираш бидонем,
Агар мо карда кори гайру пинхон
Ба назди уст чун оина рахшон.
Вуболу хам савоби мо бидонад,
Саволу хам чавоби мо бидонад.
Ба номи он расули акрами у,
Ба номи роздору хамдами у.
Дуруди бандагони мо расида,
Аз ин айём то субхи дамида
Ки мехраш дар дили хар банда чо
кард
Хамин мохи муборакро ато кард.
Ки мохи рахмате бар бандагон аст.
Барои бандагонаш имтихон аст.
Махи рахмат, махи махфират ин мох,
Хама бояд аз он бошанди огох.
Чи бояд кард хар фарди мусулмон,
Дар ин мохи шарифи рузадорон.
Дар ин мах хоса Куръон гашт нозил,
Муроди хар мусулмон гашт хосил.
Ки харфи у мукаддас бандагонро,
Каси дар кайду хам ояндагонро.
Ба номи поки у шукрона бехад,
Ки меояд аз он буи Мухаммад.
Кунад хар кас дар ин мохаш тиловат,
Худо бахшад варо хар он чи хочат.
Муборак бод гуям Мустафоро,
Дар ин мохи табарруку мубарро.
Ки мавлудаш дар ин мохи мунир аст,
Аз ин ру мохи рахмат беназир аст.
Ба даргохаш гиребон чок кардан,
Тану дилро зи хар бад пок кардан.
Барои хар мусулмон руза карз аст,
Барои карздорон руза фарз аст.
Зи субхи бармахал то домани шом,
Дихад кас рузаи худро саранчом.
Набояд бурд чизе бар дахонаш,
Каломи нек бошад дар забонаш.
Гизо рузона хурдан норавояст,
Зи нушидан чунин коре хатояст.
Дар ин мах хар, ки менушад шаробе,
Набошад рузаи уро савобе.
Чу хайвоне дахони баста бошад.
Харобу логару дилхаста бошад.
Танашро пок бояд дошт хар кас,
Забону дил нигах дорад аз он пас.
Харомеро наошомад, набуяд,
Ки аз он тухми некуи наруяд.
Чимоъ рузона мардонро раво нест,
Ахири кори эшон бе чазо нест.
Занонро низ коре носавоб аст,
Зиёни ин амал садхо китоб аст.
Зи гуфтори бузургон бохабар бош,
Зи тарёку тамоку дар хазар бош.
Бирав бо рохи рахмон, эй мусулмон
Хазар аз макри шайтон, эй мусулмон.
Писарро гар дувоздах, сол бошад,
Нагуемаш дигар атфол бошад.
Ба синни нух агар духтар дарояд,
Зи кайди кудаки берун барояд.
Бибояд хам чуноне руза дорад,
Катори одамон сируза дорад.
Гунохи у аз он пас дар хисоб аст,
Бихурад рузаашро носавоб аст.
Дар ин як мохи поки рузадорон,
Худо бахшад гунохи хар мусулмон.
Бидех таъфид, хар касро, худоё,
Чавону пиру наврасро, худоё.
Шаби меъроч то субхаш нахуфтем,
Ба даргохи худо мо роз гуфтем.
Чунин гуфтем,гираш дуст дар ёд,
Зи дарду гам хамегарди ту озод.
Ки ин амри худованду расул аст,
Ба назди хар мусулмонаш кабул аст.
Касе бинвиштаи моро бихонад,
Ба номи мо дуои хайр хонад.
Бигуям шукр, ё алхамдуллилох,
Агар донад маро хамчун пари кох.
Ба хар пурсандае инчо чавобе,
Ба Сайкал хам расад аз он савобе.
Бахар як рузадоре сабру тамкин
Дар ин мохи худофармуда, Омин!
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 6