КАЛИМАИ ТАВҲИД
Бидон! Аллоҳ туро раҳмат намояд, ки Маънои لا اله الا الله ( ҳеҷ маъбуди бар "ҳақ" ба ҷуз Аллоҳ нест)- ин
1)-"Нафй" (рад ва инкор кардан) ва
2)-"Исбот"( Собит кардан) аст.
لا اله\ Нафй аст.
إلا الله\Исбот аст.
Чаҳор намудро " Нафй" мекунад.
Ва чаҳор намудро "Исбот" мекунад.
А)- Нафй мекунад-( рад ва инкор ва куфр меварзад)
1)-Олиҳа- Тамоми илоҳони ботилро.
"Олиҳа" ҷамъи Илоҳ мебошад.
Ва "Илоҳ" ончие, ки (ҳар он чи, ки ибодат карда мешавад) ба хотири ҷалби манфиъат ва дафъи мазаррат (зарар) қасд мекуни, пас ту уро Илоҳи худ гирифтаи
2)-Тоғутҳо-ро.
"Тавоғит" -ҷамъи Тоғут аст.Ва "тоғут" Ҳар чизе, ки ба ҷуз Аллоҳ ибодат карда мешавад дар ҳолате, ки у рози аст ва ё таршеҳ ба ибодат мешавад.
Ибни Қайим Ҷавзи رحمه الله мегуянд:
Тоғут- Ҳамаи ончиеки банда аз ҳаддаш ( Сарҳад, доираи муаян шуда) таҷовуз мекунад аз Ибодат, ё Пайрави ва мутобиъат, ва ё Итоъат.
3)-Андод-ро
"Андод"- ҷамъи калимаи "нид" аст.
(Нид: монанд, мисл, ҳамто, назир)
Ончиеки туро аз "Дини Ислом" ба худаш ҷалб мекунад.
Аз Аҳл, бут, пешвоён ва ё хонаву дар ва ё хешутабор ва ё молу сарват пас у "нид" аст.
Аллоҳ Субҳанаҳ мефармояд:
(وَمِنَ النَّاسِ مَن يَتَّخِذُ مِن دُونِ اللَّهِ أَندَادًا يُحِبُّونَهُمْ كَحُبِّ اللَّهِ )
【Бақара: 165】
Ва баъзе аз мардум касоне ҳастанд, ки ба ҷуз Аллоҳ ба худашон "Андод" гирифтаанд ва дуст медоранд ( андоди гирифтаашон ро) чигунаеки Аллоҳ-ро дуст медоранд.
4)- Арбоб-ро
Ҳаркасе, ки бар мухолифи ҳақ фатвоят бидиҳад ва итоъаташ кардиву тасдиқаш намуди.
Аллоҳ Субҳанаҳу ва таъала мефармояд:
اتَّخَذُوا أَحْبَارَهُمْ وَرُهْبَانَهُمْ أَرْبَابًا مِّن دُونِ اللَّهِ وَالْمَسِيحَ ابْنَ مَرْيَمَ وَمَا أُمِرُوا إِلَّا لِيَعْبُدُوا إِلَٰهًا وَاحِدًا ۖ لَّا إِلَٰهَ إِلَّا هُوَ ۚ سُبْحَانَهُ عَمَّا يُشْرِكُونَ
【Ат-Тавба : 31】
Аҳбор ва Руҳбонҳояшонро ба ҷуз Аллоҳ ба худ арбоб гирифтаанд ......
Фоида:
Аҳбор: уламо ва пешвоёни яҳудиён буданд, ки замоне ҳалолеро ҳаром ва ё ҳаромеро ҳалол мешумориданд яҳудиён итоат ва пайравиашон мекарданд.
Руҳбон: обидони насоро
В)- "Собит" менамояд чаҳор намудро.
1)- Қасд-ро
Инки ҳеҷчизеро қасд накуни ба ҷуз Аллоҳ.
2)-"Таъзим"
Ва ягона Аллоҳ-ро бузург шумори.
3)-"Муҳаббат"
Аз ҳама зиёдтар Аллоҳ-ро дуст бидори.
Аллоҳ Субҳанаҳу ва таъала мефармояд:
(و الذين امنوا اشد حبا لله)
【Бақара : 165】
Ва ононеки имон овардаанд Аллоҳ-ро бештар дӯст медоранд.
4)- "Хавф"-(Тарси Аллоҳ )
Ва "Раҷо"-( Умед ба Аллоҳ)
Ҳаркасеки ин масоилро фаҳмид алоқааш аз ғайри Аллоҳ қатъ мегардад, ва Воҳима ва бузургии ботил дар наздаш кучаку нотавон хоҳад шуд.
Чигунае ки Аллоҳ аз Иброҳим علی نبينا و عليه افضل الصلاة و السلام
Дар "Сураи Мумтаҳинаҳ" ояти 4 хабар медиҳад:
(قد كانت لكم اسوة حسنة في ابراهيم و الذين معه اذ قالوا لقومهم إنا برءاء منكم و مما تعبدون من دون الله كفرنا بكم و بدا بيننا و بينكم العداوة و البغضاء ابدا حتي تؤموا بالله وحده)
Ҳароина барои шумо улгуи некуст дар Иброҳим ва ононеки ҳамроҳи у будан, замонеки ба қавмашон гуфтанд ҳароина мо аз шумо ва аз ончики ба ҷуз Аллоҳ мепарастед бароат менамоем, ба шумо куфр варзидем ва байни мову шумо душмани адовату буғз зоҳир шуд то замонеки танҳо ба Аллоҳи ягона имон биоваред.
و الله اعلم
Гуфтаҳои Абдурраҳмон бин Ҳасан набераи Муҳаммад ибни Абдул Ваҳҳоб.
Ва لا اله الا الله ба худ шартҳо дорад, ки 7 то ҳастанд.
1) Ъилм зидаш Ҷаҳл аст.
Далил :
"فَاعْلَمْ أَنَّهُ لَا إِلَٰهَ إِلَّا اللَّهُ"
Пас, бидон, ки ҳеҷ маъбуди бар ҳақ ба ҷуз Аллоҳ нест.(Муҳаммад 19)
وَلَا يَمْلِكُ الَّذِينَ يَدْعُونَ مِن دُونِهِ الشَّفَاعَةَ إِلَّا مَن شَهِدَ بِالْحَقِّ وَهُمْ يَعْلَمُونَ
Касонеро, ки ба ҷой У нидо мекунанд, молики шафоъат нестанд, магар касоне, ки ба ҳақ гувоҳи додаанд ва дар ҳоле, ки онҳо медонанд.
(Сураи Зухруф 86)
43 — ( 26 ) عَنْ عُثْمَانَ قَالَ قَالَ رَسُولُ اللَّهِ -صلى الله عليه وسلم-
« مَنْ مَاتَ وَهُوَ يَعْلَمُ أَنَّهُ لاَ إِلَهَ إِلاَّ اللَّهُ دَخَلَ الْجَنَّةَ ».
Паёмбар саллаллоҳи алайҳи ва саллам фармудаанд;
Ҳар касе вафот кунад дар ҳоле, ки у донад ҳеч маъбуде ҳақ ба ғайр аз Аллоҳ вуҷуд надорад дохили ҷаннат мешавад.
(ривояти Муслим, 26)
Шарти дуввум
Яқин: яъне, ба калимаи "ла илаҳа иллаллоҳ" боварии комил доштан ва дур кардани шакку шубҳа аз дил.
Аллоҳ таъоло мефармояд;
"Муъминони вокеъи он касонанд, ки ба Аллоҳу паёмбари У имон оврадаанд ва сипас ҳеҷ шакку шубҳа ба дил роҳ надодаанд" ва бо амволу ҷони худ дар роҳи Аллоҳ ҷиҳод намуданд – он ҷамоъат ростгӯёнанд.
(сураи Хучурот-15)
إِنَّمَا الْمُؤْمِنُونَ الَّذِينَ آمَنُوا بِاللَّهِ وَرَسُولِهِ ثُمَّ لَمْ يَرْتَابُوا وَجَاهَدُوا بِأَمْوَالِهِمْ وَأَنفُسِهِمْ فِي سَبِيلِ اللَّهِ ۚ أُولَٰئِكَ هُمُ الصَّادِقُونَ
Ҳуҷурот 15
فَمَنْ لَقِيتَ مِنْ وَرَاءِ هَذَا الْحَائِطِ يَشْهَدُ أَنْ لاَ إِلَهَ إِلاَّ اللَّهُ مُسْتَيْقِنًا بِهَا قَلْبُهُ فَبَشِّرْهُ بِالْجَنَّةِ » .
Абу Ҳурайра (РазиАллоҳу анҳу) гуфт, ки Расули Аллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва саллам ба ӯ фармуд: «Биравед ва ҳар касе, ки дар паси ин девор вохӯред, шаҳодат диҳад, ки ҳеҷ маъбуде барҳақ ҷуз Аллоҳ нест. дар ҳоле,ки қалбаш ба ин яқин дошта бошад, ӯро ба ҷанат хушнуд созед! " ва ӯ (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) мӯътақидиро шарти шоҳидӣ гардониданд.
(Муслим 31)
Шарти Саввум: Қабул зидаш рад аст.
وَكَذَٰلِكَ مَا أَرْسَلْنَا مِن قَبْلِكَ فِي قَرْيَةٍ مِّن نَّذِيرٍ إِلَّا قَالَ مُتْرَفُوهَا إِنَّا وَجَدْنَا آبَاءَنَا عَلَىٰ أُمَّةٍ وَإِنَّا عَلَىٰ آثَارِهِم مُّقْتَدُونَ
Ва ҳамчунин, пеш аз ту дар ҳеҷ деҳе тарсонандаеро (паёмбар) нафиристодем, магар он ки мунъимони (сарватмандони) он деҳ гуфтанд: «Ба ростӣ ки мо падарони худро бар дине ёфтаем ва ҳамоно мо бар паи онҳо иқтидокунандагонем».
(Зухруф 23)
إِنَّا كَذَٰلِكَ نَفْعَلُ بِالْمُجْرِمِينَ
إِنَّهُمْ كَانُوا إِذَا قِيلَ لَهُمْ لَا إِلَٰهَ إِلَّا اللَّهُ يَسْتَكْبِرُونَ
وَيَقُولُونَ أَئِنَّا لَتَارِكُو آلِهَتِنَا لِشَاعِرٍ مَّجْنُونٍ
Ба ростӣ ки Мо бо гуноҳкорон ҳамчунин мекунем.
Чун ба онҳо гуфта мешуд: «Ба ҷуз Аллоҳ ҳеҷ маъбуде бар ҳақ нест» – ҳамоно саркашӣ мекарданд.
Ва мегуфтанд: «Оё мо барои (гуфтаи) шоири девонае тарккунандаи маъбудони худ бошем?»
(Соффот 34-35-36)
79 – عَنْ أَبِى مُوسَى عَنِ النَّبِىِّ — صلى الله عليه وسلم – قَالَ:
« مَثَلُ مَا بَعَثَنِى اللَّهُ بِهِ مِنَ الْهُدَى وَالْعِلْمِ كَمَثَلِ الْغَيْثِ الْكَثِيرِ أَصَابَ أَرْضًا ، فَكَانَ مِنْهَا نَقِيَّةٌ قَبِلَتِ الْمَاءَ ، فَأَنْبَتَتِ الْكَلأَ وَالْعُشْبَ الْكَثِيرَ ، وَكَانَتْ مِنْهَا أَجَادِبُ أَمْسَكَتِ الْمَاءَ ، فَنَفَعَ اللَّهُ بِهَا النَّاسَ ، فَشَرِبُوا وَسَقَوْا وَزَرَعُوا ، وَأَصَابَتْ مِنْهَا طَائِفَةً أُخْرَى ، إِنَّمَا هِىَ قِيعَانٌ لاَ تُمْسِكُ مَاءً ، وَلاَ تُنْبِتُ كَلأً ، فَذَلِكَ مَثَلُ مَنْ فَقِهَ فِى دِينِ اللَّهِ وَنَفَعَهُ مَا بَعَثَنِى اللَّهُ بِهِ ، فَعَلِمَ وَعَلَّمَ ، وَمَثَلُ مَنْ لَمْ يَرْفَعْ بِذَلِكَ رَأْسًا ، وَلَمْ يَقْبَلْ هُدَى اللَّهِ الَّذِى أُرْسِلْتُ بِهِ » .
رواه أحمد (4/399) ، والبخاري (79) ، ومسلم (2282) ، والنسائي في « سنن الكبرى » (9044) ، وابن حبان (4) .
Расулуллох салаллоху алайхи ва саллам фармуданд : мисли аз он чи ки Аллох манро аз илм ва хидоят фиристод мисли бороне аст, ки ба замин мерасад пас баъне аз кисмати он хуб аст ки обро кабул карда алафу гиёхи зиёд меруёонад, ва баъне аз он сахт аст обро дар худаш нигох медорад ва Аллох ба сабаби он ба мардум нафъ мерасонад, ки аз он менушанд ва заминро обёри мекунанд ва зироат мекоранд, ва ба кисми дигари аз замин мерасад, ки он хамвор аст на обро дар худаш нигох медорад на на гиёх меруёнад, ва ин мисли касест ки дар Динни Аллох факих (донишманд) мешавад ва он чи ки Аллох манро ба он фристода буд нафъ мерасонад, пас таълим худаш мегирад ва ба дигаррон таъл медихад, ва мисли он кист ки сари худро бадон набардошта ва хидоятро кабул намекунад.
(Бухори 79)
Шарти Чаҳорум Инқиед (Итоаткорӣ, ки нофармониро пешгирӣ мекунад)
وَمَن يُسْلِمْ وَجْهَهُ إِلَى اللَّهِ وَهُوَ مُحْسِنٌ فَقَدِ اسْتَمْسَكَ بِالْعُرْوَةِ الْوُثْقَىٰ ۗ وَإِلَى اللَّهِ عَاقِبَةُ الْأُمُورِ
Ва ҳар касе, ки ъибодат ва қасдашро холис барои Аллоҳ анҷом бидиҳад ва у некукор аст, пас, ҳамоно ба дастовезе муҳкам даст задааст. Ва бозгашти корҳо ба сӯи Аллоҳ аст. (Луқмон 22)
فَلَا وَرَبِّكَ لَا يُؤْمِنُونَ حَتَّىٰ يُحَكِّمُوكَ فِيمَا شَجَرَ بَيْنَهُمْ ثُمَّ لَا يَجِدُوا فِي أَنفُسِهِمْ حَرَجًا مِّمَّا قَضَيْتَ وَيُسَلِّمُوا تَسْلِيمًا
Чунин нест, ба Парвардигорат қасам, ки онҳо имон намеоранд, то он ки туро дар ихтилофе, ки дар миёнашон воқеъ шуд, ҳакам кунанд; ва аз он чи ҳукм фармудӣ, дар дили худ тангӣ бознаёбанд ва ба гардан ниҳодан қабул кунанд. (Нисо 65)
Абдуллоҳ ибни Амр нақл мекунад, ки Расули Аллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва саллам фармуданд: "Ҳеҷ кадоме аз шумо имон намеоварад, то он даме ки ҳавасаш ба он чизе ки бо ман омадааст, пайравӣ накунад!" Ибни Аби Осим дар Ас-Сунна 15, Байҳақӣ дар Мадҳал 209, Ал-Хатиб дар Ат-Тарих 4/469.
Дар мавриди дуруст будани ин ҳадис байни донишмандон ихтилофи назаррас вуҷуд дорад. Аммо, Имом Абу Нуъайм, Имом Нававӣ, Шайх Ибни Қойим, Имом Ибни Муфлиҳ, Ҳофизи Суюта, Шайх Муҳаммад ибни Абдулваҳҳоб, Шайх Сиддик Ҳасанхон, Ҳофизи Ҳакамӣ ӯро мӯътамад номидаанд. . Нигоҳ кунед "Ал-Арбаъин" No41, "Ал-Адабу-шариъат" 3/69, "Усули-имон" 1/264, "Маъориҷи ал-қабул" 2/78.
Ва ҳатто агар ин ҳадис аз ҷиҳати иснод заиф бошад ҳам, маънои он дуруст аст, зеро онро Қуръон тасдиқ кардааст! Аллоҳи мутаъол фармуд:
وَمَا كَانَ لِمُؤْمِنٍ وَلَا مُؤْمِنَةٍ إِذَا قَضَى اللَّهُ وَرَسُولُهُ أَمْرًا أَن يَكُونَ لَهُمُ الْخِيَرَةُ مِنْ أَمْرِهِمْ ۗ وَمَن يَعْصِ اللَّهَ وَرَسُولَهُ فَقَدْ ضَلَّ ضَلَالًا مُّبِينًا
Ва барои ҳеҷ мард ва зани муъмин шоиста нест ҳангоме, ки Аллоҳ ва расули У кореро амр кунанд, онҳоро дар корашон ихтиёр бошад.
Ва ҳар ки Аллоҳу пайғамбари Ӯро нофармонӣ кунад, пас, ҳамоно, ба гумроҳии зоҳир гумроҳ шудааст. (Аҳзаб 36)
Аллоҳи мутаъол инчунин фармудааст:
فَإِن لَّمْ يَسْتَجِيبُوا لَكَ فَاعْلَمْ أَنَّمَا يَتَّبِعُونَ أَهْوَاءَهُمْ ۚ وَمَنْ أَضَلُّ مِمَّنِ اتَّبَعَ هَوَاهُ بِغَيْرِ هُدًى مِّنَ اللَّهِ ۚ إِنَّ اللَّهَ لَا يَهْدِي الْقَوْمَ الظَّالِمِينَ
Пас агар сухани туро қабул накунанд, пас, бидон: ҷуз ин нест, ки ба хоҳиши нафси худ пайравӣ мекунанд. Ва кист гумроҳтар аз касе, ки бидуни роҳнамоӣ аз Аллоҳ ба хоҳишу нафси худ пайравӣ кунад? Ба дурустӣ, ки Аллоҳ ба гурӯҳи ситамкорон роҳ наменамояд.(Қасас 50)
Шарти панҷум:
Сидқ (рост гуфтан ) зидаш Кизб (дуруғ) аст.
وَمِنَ النَّاسِ مَن يَقُولُ آمَنَّا بِاللَّهِ وَبِالْيَوْمِ الْآخِرِ وَمَا هُم بِمُؤْمِنِينَ
يُخَادِعُونَ اللَّهَ وَالَّذِينَ آمَنُوا وَمَا يَخْدَعُونَ إِلَّا أَنفُسَهُمْ وَمَا يَشْعُرُونَ
Ва баъзе аз мардумон касоне ҳастанд, ки мегӯянд: «Ба Аллоҳ ва рӯзи қиёмат имон овардем», вале онҳо мӯъмин нестанд.
Аллоҳ ва касонеро, ки имон овардаанд, фиреб медиҳанд; ҷуз худашон (касеро) фиреб намекунанд ва дарк намекунанд. (Бақара 8-9)
قَالَ: « مَا مِنْ أَحَدٍ يَشْهَدُ أَنْ لاَ إِلَهَ إِلاَّ اللَّهُ وَأَنَّ مُحَمَّدًا رَسُولُ اللَّهِ صِدْقًا مِنْ قَلْبِهِ إِلاَّ حَرَّمَهُ اللَّهُ عَلَى النَّارِ » . قَالَ: يَا رَسُولَ اللَّهِ ، أَفَلاَ أُخْبِرُ بِهِ النَّاسَ فَيَسْتَبْشِرُوا قَالَ: « إِذًا يَتَّكِلُوا » . وَأَخْبَرَ بِهَا مُعَاذٌ عِنْدَ مَوْتِهِ تَأَثُّمًا .
Муоз ибни Ҷабал нақл мекунад, ки паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) ба ӯ гуфтаанд: "Ҳар кас шаҳодат диҳад, ки маъбуди барҳақ ҷуз Аллоҳ нест ва Муҳаммад расули Аллоҳ аст, дар ҳоле ки сидқан аз қалбаш бошад, ҷуз ин, ки Аллоҳ ӯро бар ҷаҳаннам ҳаром кардааст! " Бухорӣ 128, Муслим 32.
Шарти шашум
Ихлос зидаш ширк аст.
إِنَّا أَنزَلْنَا إِلَيْكَ الْكِتَابَ بِالْحَقِّ فَاعْبُدِ اللَّهَ مُخْلِصًا لَّهُ الدِّينَ
Ҳамоно Мо Китобро ба Ҳақ ба сӯи ту нозил кардем, пас, Аллоҳро ибодат бикун ва динро барои Аллоҳ холис гардон.
Сураи: Зумар ояти 2
وَمَا أُمِرُوا إِلَّا لِيَعْبُدُوا اللَّهَ مُخْلِصِينَ لَهُ الدِّينَ حُنَفَاءَ وَيُقِيمُوا الصَّلَاةَ وَيُؤْتُوا الزَّكَاةَ ۚ وَذَٰلِكَ دِينُ الْقَيِّمَةِ
онҳо амр наёфтанд, магар он ки Аллоҳро ибодат бикунанд, дар ҳоле, ки дини худро барои Аллоҳ холис гардонанд (аз куфр ва ширк ва ба тавҳид рӯй биёваранд),
Намозро барпо доранд, закотро адо кунанд ва ин дини мустақим (ростин) аст. Байинат ояти 5
99 – عَنْ أَبِى هُرَيْرَةَ أَنَّهُ قَالَ:
قِيلَ يَا رَسُولَ اللَّهِ ، مَنْ أَسْعَدُ النَّاسِ بِشَفَاعَتِكَ يَوْمَ الْقِيَامَةِ قَالَ رَسُولُ اللَّهِ — صلى الله عليه وسلم: « لَقَدْ ظَنَنْتُ يَا أَبَا هُرَيْرَةَ أَنْ لاَ يَسْأَلَنِى عَنْ هَذَا الْحَدِيثِ أَحَدٌ أَوَّلُ مِنْكَ ، "لِمَا رَأَيْتُ مِنْ حِرْصِكَ عَلَى الْحَدِيثِ ، أَسْعَدُ النَّاسِ بِشَفَاعَتِى يَوْمَ الْقِيَامَةِ مَنْ قَالَ لاَ إِلَهَ إِلاَّ اللَّهُ ، خَالِصًا مِنْ قَلْبِهِ أَوْ نَفْسِهِ . «
طرفه 6570 — تحفة 13001 — 36/1
رواه البخاري 99 و احمد 2/733 و النساء في الكبري 5842
Хушбахттарини инсонҳо дар рӯзи қиёмат ба шафоъати ман касест, ки бигӯяд ҳеҷ маъбуди ҳақ ба ҷуз Аллоҳ вуҷуд надорад бо дили холис. (ё: дар қалб). (Бухори 99)
Шарти 7. Муҳаббат, ки зидаш нафрат аст
يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا مَن يَرْتَدَّ مِنكُمْ عَن دِينِهِ فَسَوْفَ يَأْتِي اللَّهُ بِقَوْمٍ يُحِبُّهُمْ وَيُحِبُّونَهُ أَذِلَّةٍ عَلَى الْمُؤْمِنِينَ أَعِزَّةٍ عَلَى الْكَافِرِينَ يُجَاهِدُونَ فِي سَبِيلِ اللَّهِ وَلَا يَخَافُونَ لَوْمَةَ لَائِمٍ ۚ ذَٰلِكَ فَضْلُ اللَّهِ يُؤْتِيهِ مَن يَشَاءُ ۚ وَاللَّهُ وَاسِعٌ عَلِيمٌ
Эй мӯъминон, ҳар ки аз шумо аз дини худ баргардад, пас, Аллоҳ ба зуди гурӯҳеро хоҳад овард, ки онҳоро дӯст медорад ва онҳо Ӯро дӯст медоранд; барои мӯъминон нармдиланд, бар кофирон дурушттабъанд; дар роҳи Аллоҳ ҷиҳод мекунанд ва аз маломати маломаткунандагон наметарсанд. Ин фазли Аллоҳ аст; онро ба ҳар ки хоҳад, медиҳад; ва Аллоҳ Кушоишгару Доно аст. (Моида 54)
16 – عَنْ أَنَسٍ عَنِ النَّبِىِّ — صلى الله عليه وسلم – قَالَ:
"ثَلاَثٌ مَنْ كُنَّ فِيهِ وَجَدَ حَلاَوَةَ الإِيمَانِ أَنْ يَكُونَ اللَّهُ وَرَسُولُهُ أَحَبَّ إِلَيْهِ مِمَّا سِوَاهُمَا ، وَأَنْ يُحِبَّ الْمَرْءَ لاَ يُحِبُّهُ إِلاَّ لِلَّهِ ، وَأَنْ يَكْرَهَ أَنْ يَعُودَ فِى الْكُفْرِ كَمَا يَكْرَهُ أَنْ يُقْذَفَ فِى النَّارِ" .
Аз Анас разиаллоҳу анҳу ривоят аст, ки Расули Аллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва саллам фармуданд: «Ҳар касе, ки дар он ин се сифат бошад, вай ширини имонро эҳсос хоҳад кард! Касе, ки Аллоҳу паёмбарашро аз ҳама бештар дӯст дорад; касеро танҳо ба хотири Аллоҳ дӯст дорад; ва ӯ ба сӯи куфр баргаштанро нописанд шуморад баъд аз оне, ки Аллоҳ ӯро аз он наҷот дод, ҳамчуноне, ки нописанд медонад, ки ба ҷаҳаннам андохта шавад." Бухорӣ 16, Муслим 43.
1) Ъилм зидаш ҷаҳл
2) Яқин зидаш Шак
3) Қабул зидаш рад
4) Инқиед (Итоаткорӣ, ки нофармониро пешгирӣ мекунад)
5 Сидқ зидаш кизб (дурӯғ)
6) Ихлос зидаш Ширк
7) Муҳаббат, ки зидаш нафрат аст
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев