Кам бувад то умр бӯсад дасту домони падар.
Хонааш равшан шавад аз рӯи тобони падар,
Мекунам ҷону дилам як бор қурбони падар.
Хулқу одобе ба фарзанд аз падар мерос бувад,
З ин сабаб фарзанд мудом аст шавкату шони падар.
Хонаи торик шавад равшан зи ҳасти кӯдакон,
Рӯи фарзанд аст чароғи давру даврони падар.
Лаҳзае дар хонааш гар дер биёяд бе сабаб,
Дар сари роҳ интизораст чашми ҳайрони падар.
Ногаҳон дар пои фарзанд гар халад як хору хас,
Хун чакад бе ихтиёр аз чашми гирёни падар.
Гар падар теғи забоне хӯрда аз фарзанди худ,
То тамоми умри худ дард мекунад ҷони падар.
Гар падар аз хулқи фарзанд лаънате фаҳмад зи халқ,
Инчунин фарзанд бувад сад доғи ҳиҷрони падар.
Гуфтаме, Илёс, ки мардум ин сухан бе ҷиз нагуфт,
“Доимо фарзанди нек аст боғу бӯстони падар.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев