Предыдущая публикация
Рӯй ба сӯи қиблаи Модар-Падар бояд куни.
Интизор аст модару падар туро бо чашми чор,
Рафта хоки пояшон болои сар бояд куни.
Кардаанд дар баччагӣ баҳрат ҳазорон тӯҳфаҳо,
Лоақал як тӯҳфае аз симу зар бояд куни.
Вақти пирӣ дар расиду беҳаловат гаштаанд,
Ту кунун ҳар лаҳза онҳоро сипар бояд куни.
Чашми эшон хираву хотирпарешон гаштаанд,
Доимо аз субҳу шом ту бохабар бояд куни.
Хестану биншастану роҳгарди мушкил гаштааст,
Ҳар замон эй гулписар оғӯш ба бар бояд куни.
Чун шуниди мисраи дилобу дилреши Анис,
Гар ту ҳам дори диле ду дида тар бояд куни.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев