Рачабали Фаизуллоев САФАРИ БОБАРОР ( қисса) қисми 5 Муаллиф Раҷабали Файзуллоев Модарам келини ояндаашро дида хурсанд шуд.Янгаам низ духтарро дида, баъди аз меҳмонхона баромада рафтани ӯ ба модарам гуфт: - Хола дар интихоби келини нав хато накардаи, диди чи хел ситорагарм аст- ба модарам рӯ оварда гуфт янгаам. - Парвизҷон хурсанд шавад шуд,- ба ман нигоҳ карда гуфт модар. Очаи духтар, ки чоидамкуни рафта буд, дар дасташ чоиники чои аз дар даромад. - Дугона ҳарчи ташкил карди, оварди, хурдем, биё чоиро дар лаби дастархон гузошта, бишин дар бораи нақшаҳои туи, маҳру мол сӯҳбат кунем,- ба соҳибхона таъкид кард модарам. - Эҳ, дугонаи азиз, ман ҳеҷ чиз ба Шумо намефармоям, ҳар чи овардед, қабул мекунам, муҳимаш дар оянда ҷавонон бахту давлат ёбанд,- табассумкунон гуфт модари духтар.Аз ин пешниҳоди модари духтар модару янгаам хурсанд шуданд. Пас аз нисфирӯзӣ ба хона баргаштем. - Қудо занаки чашмсер менамояд, "ман ҳеҷ чиз ба Шумо намефармоям, ҳарчи овардед, қабул мекунам",- мегӯяд у. - Ба ҳар ҳол маҳри духтарро бурда додан даркор, худашон барои духтарашон ягон чиз мехаранд,- маслиҳат дод модарам. Пас аз як ҳафта ман 30 ҳазор сомони ҳаққи шири духтарро гирифта ба хонаи онҳо рафтам. Вақте дарвозаи хонаи онҳоро кушодам, модари духтар маро дида ба пешвозам омад. - Биё писарам, хуш омади, хонагиҳоятон сиҳату саломат ҳастанд? - Модарам салом фиристоданд, каме пул овардам,- хандида гуфтам ба модари духтар - Биё, хона даромада шин! - Холаҷон, каме саросема мебошам, шитоб дорам!- инро гуфта ба соҳибхона хайрухуш карда аз дарвозаашон баромадам. Пас аз як ҳафта модараму янгаам омада рӯзи тӯйро аниқ карданд.Суҳаил низ якмоҳа ҷавоб гирифта, ҳамроҳи бародарам ба ҳавопаймо парида ба хона омаданд. Ҳамин тавр ман ба орзуям расида, соҳиби ҳамсари зебо шудам. Ҳамааш доди Худованд будааст. Насибро бин сухани як модарро дар замин намонда, ҳуҷҷатҳояшро гирифта ба писараш бурдам, Худованд дар подоши кори хубам ба ман ҳамсари зебо духтари ҳамон занро ҳадя кард.Сафари ман сафари бобарор буд! Раҷабали Файзуллоев
    4 комментария
    8 классов
    Сахттарин имтиҳон дар зиндагӣ ба андешаи Шумо кадом аст? Насими Рахим
    33 комментария
    11 классов
    Пул ва зиндаги кисми 3 Муаллиф Шахлои Начмиддин 👈 Сабо кудаконро дар утоки алохида бурда хобонду худаш намози бомдод хонд.Сипас ба шавхараш паёмак навишт,ки ахволи модари бачахояш чи хел аст? Мурод ба у занг зада гуфт; -Медони,ман дар бораи зан доштанам хеч гох ба ту нагуфта будам.Аммо худат дарк карди,ки ман дигареро дуст медорам самими.Париваш дар детдом(ятимхона)калон шудааст.Ман бо у тасодуфан хангоми имтихон супори дар донишгох шинос шуда будам.Бо як дидан ошикаш шудам. Аммо падару модарам,сагераи бе авлод аст,ки медонад,ки падару модари у ки буданд,шояд хунаш харом аст гуён ичозат надоданд,ки ман уро бигирам ба зани.Ман ноилоч хотири мухаббатам уро пинхони никох кардам.Баьди 7 мохи зиндагиям бо Париваш туро падару модарам ба зури туй карда доданд.Ман аввал хостам,ки шаби туй ба ту хамаашро икрор мешаваму бурда ба хонаатон мемонам.Аммо модарам чунон гирист,ки бачам,духтари хуб аст,илтимос хотири ман бо у зиндаги кун.Аз ту чи меравад?Бо Паривашат хам зиндаги кун.Холо замона хамин.Уро ки дуст дори,инашро то дами маргат напартову эхтиром намо. Хамин тавр ман дузана шудам.Ту зани бехтарини,аммо ман бо такрор мегуям,ки дил банди дигарест.Маро бубахш. Сабо охи сарде кашиду гуфт: -Мардак,ман туро дуст медорам ва ин бароям басанда аст.То дами маргам вафодорат мемонам.Ба такдир тан додаам.Холо ахволи занат чи хел аст ? -Табибон мегуянд,ки ин навбат хам дар батнаш дугоник ,эхтимолан духтар аст ва мебояд бо тарики чаррохи бигиранд тифлаконро. Умед ба Аллохи мехрубон мекунем.Ташаккур ба ту очаи кудако,ки дили маро дарк мекуни.То вакте зиндаам, туро чун гахвараки чашм парастори мекунам. Ин дам дили Сабо дод мегуфт,гиря мекард. ...Таззоди зиндагиро бубин,бо ман чун дуст асту бо Париваш ошик.Кош як зарра он мехру мухаббаташро ба ман хам мебахшид, кош. Худо ба ин зан боз дугоник дода истодааст.Албатта,ба ман алам мекунад,бахт чизи ширин аст,таксим кардани он бисёр мушкил аст барои зан.Аммо замин сахту осмон баланд ,аз сарнавишти навиштаи Худованд касе зур баромада наметавонад. Бе ту ман танхоям,эй мард! Бе ту ман танхоям,эй мард! Дафтари хотирахоямро зи номат пур месозам, Сабо аз паси таер кардани ноништа шуд. Ширбиринчу халвои тарак пухта ба кудакон доду духтараконашро ба мактаб гусел кард.Писарони шавхарашро бошад бо тамошои филмхои тасвири машгул сохт. Ногах Хасан ба Хусайн гуфт; -Очаам гуфт,ки дар хонаи холаи дигари харгиз хурок нахуред.Аммо ин ширбиринч бомазза буд. -Хо манам хурдам,аз ширбиринчи очаам бомаззатар.Охир ин хола зани дадамон аст. Сабо ин гуфтугуйи онхоро фахмида карахт шуд. Хис кард,ки Париваш нихоят ба у рашк дорад ва душмани чонаш медонад. ...Эх зани беакл,наход ман ин тифлакони беозорро азоб дихам. Мехр,мухаббати шавхарам пурра аз худат аст,пас чаро бехуда рашкам мекуни.Ман хамчун зан барои Мурод вучуд надорам.Ман келини очаи рахматиаш будам ва мемонам. Карибихои нисфирузи Мурод занг зада гуфт: -Очаи кудако,дугоник шохдухтархоям таваллуд щуданд.Хазорон бор шукр,камтар тухмбирену гармсуз бипаз,омада мебарам. -Майлаш,мардакчон ,гуфту якбора мисли квдак баланд гиря кард. Сабо хеч пеши рохи рашкашро гирифта наметавонист.Мехост,ки ин лахза Париваш бимирад. Мурод бо чехраи шукуфон осемасар ба хона омаду хуроки гармро гирифта баромада ба назди Париваш рафт. ...Ох дилаки.дардмандаме..худое ба дилам ороми бубахш.“Ло ҳавла ва ло қуввата илло биллоҳ”-, иншоаллоҳ ин хам мегузарад. Баьди таввалуди тифлакон Паривашро ба хона бурд Мурод. Аммо якбора дар даҳон ва коми хамсараш сурхӣ дамида, сўзиш пайдо кард ва мудом аз он об мерафту у токат накарда дод мегуфт. Мурод уро ба назди домулло бурд.Барои дугоникхо як занро киро карда ба хонаи Сабо овард, то ки то сихат шудани Париваш тифлаконро парастори намоянд. Домуллои донишманд гуфт:Бод ба маънои дам аст ва дар урф як навъ бемориро мегўянд, ки одатан дар кому даҳони инсон пайдо мешавад, яъне дар даҳон ва ком сурхӣ дамида, сўзиш пайдо мекунад ва мудом аз он об меравад. Барои муолиҷаи бемории бод сураи «Фотиҳа», аввали сураи «Бақара» (ояти 1-6), «Оятулкурсӣ», охири сураи «Бақара» (ояти 284-286), сураи «Ғошия», «Шарҳ» ва сураҳои «Кофирун», «Ихлос», «Фалақ» ва «Нос» хонда мешавад. Барои муолиҷаи ин беморӣ 21 бор хондани сураи “Ғошия” низ ворид шудааст. Аз тарс,зиккии зиёд пайдо мешавад ин бемори. Мо беморро дуо мехонем,бо амри Худо иншоааллох сихат мешавад. Паривашро домулло се руз дуохони кард. Холаташ камтар хуб шуд.У аз шавхараш хохиш кард,ки дигар кудаконро назди кундошаш набарад. -Паричон,охир у бо кудаконамон хеле мехрубон аст. -Бовар надорам,у душмани чонам аст -Ором бош чонам,дигар намебарам. Париваш аз шиддати рашку газаб худро идора карда наметавонист. Якбора ба дарди васвос гирифтор шуд. Ба назараш менамуд, ки кудакони уро зани шавхараш дуздида бурда куштанист.Дод мегуфту ба худ мепечид.Дардаш чунунвор буд. Мурод уро барои табобат ба шахри Маскав бурд.Кудаконро ба Сабо супурду барояш ду занро хамчун ердамчи кироя намуд. Идома дорад Муаллиф Шахлои Начмиддин 👈
    6 комментариев
    15 классов
    Постхои хушруя хондан баъд «классу» «комментарий» навистан аз хотир набурод! Хама чиза нархаш хаст. Нархи захмат ташаккур шунидан аст! Бахил набошитон😂 Муяссарахон Махмудова
    7 комментариев
    12 классов
    ПРОКУРАТУРАИ ГЕНЕРАЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОГОҲ МЕНАМОЯД! Шаҳрвандони муҳтарам! Бо камоли эҳтиром ба маълумоти Шумо расонида мешавад, ки рӯзҳои охир дар шабакаҳои иҷтимоӣ, бахусус дар “Телеграм” паёмаки “Вам отправили подарок-подписка Телеграм Премиум сроком на 1 год! Активировать подарок через ссылку” бо истифода аз номи наздикон ба шаҳрвандон ирсол шуда истодааст. Дар натиҷаи таҳлил ва коркарди техникӣ муайян гардид, ки паёмаки мазкур ва пайванди (ссылка) ирсолшуда дорои вируси зараровар буда, ҳамлаи хакерӣ дар намуди “Фишинг” мебошад. Дар ҳолати кушодани паёмак ва ворид шудан ба пайванди ирсолшуда, хакерҳо метавонанд аккаунти “Телеграм”-и истифодабарандагонро ғайриқонунӣ аз худ намуда, ба мақсадҳои ғаразнок истифода баранд. Дар натиҷаи гузаштан ба пайванд (ссылка) метавон маълумотҳои шахсӣ ва бонкии худро дар ихтиёри хакерҳо-қаллобони интернетӣ гузошт, ки баъдан онҳо инро барои тасарруф намудани маблағҳои пулӣ аз кортҳои бонкии истифодабарандагон ё талаб намудани маблағ бар ивази баргардонидани аккаунтҳои аз худ шуда истифода намоянд. Аз ин рӯ, аз истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоӣ эҳтиромона хоҳиш карда мешавад, ки дар ҳолати ба онҳо ирсол гардидани паёмак ва пайванди болозикр, новобаста аз номи кӣ, онро накушоянд ва ба дигарон ирсол накарда, онро банданд (заблокировать) ё нест кунанд (удалить). ХУДРО ВА НАЗДИКОНАНТОНРО АЗ ҲАМЛАҲОИ ХАКЕРӢ ЭМИН НИГОҲ ДОРЕД!
    14 комментариев
    19 классов
    Пул ва зиндаги кисми 2 Муаллиф Шахлои Начмиддин 👈 Сабо газабашро нигох дошту гуфт: -Э зани аблах,бас аст таьна,ту эхсоси дуст доштанро аз кучо дарк мекуни?Ту ба хотири пул бечора падари пири шавхари маро ба худат ошик карда гирифтаи,боз забонат дароз харф мезани. Ин лахза хусураш аз хамсараш талаб кард ки рафта якчоя аризаашро бигиранд. Чавонзан ноилоч сукут карду онхо рафтанд.Баьди соате бо шавхари Сабо,Мурод баргаштанд.Мурод асабхояш вайрон хатто хайрухуш накарда баромада ба шахр рафт. Ба паемакхои беохири Сабо тамоман посухе надод.Сабо шаби дароз хобаш набурда сари чойнамоз нишаст ва намози истихора хонд. Аммо рузи дигараш ин чавонзани пулпараст ором нашуда ба шавхараш гуфт ки ё ман аз ин хона баромада меравам ва ё ту келинатро бо наберахояш бурда дар шахр пеши шавхараш мегузори.Гап тамом, вассалом. Хохаршуйхояш харду аз ин мочаро дарак ефта давида омаданд,аммо гапи онхо ба падар нагузашт. Муйсафед ошики шайдои ин шайтонзан касеро на медиду на мешунавид.Окибат Мурод онхоро ба як хонаи се хучрагии пурчихоз бурда дар пойтахт гузошту гуфт:очаи кудако ,ту то хаваси падарам нисбати зани чавонаш паст шудан.ин чо меисти.Боз ин тарафашро мебинем.Чизе даркор аст ,руйхат мекуни, духтаронро ронанда ба мактаби нав мебараду меорад.Худат хам чизе даркор шуд,занг бизан ба ман,ронандаамро мефиристам,меорад. -Шумо чи ? -Ман,нафахмидам? -Охир шумо падари фарзандонам, мехохам ки аккалан дар як хафта ду шаб ин чо истед бо мо.Эх мардак..магар мушкил аст бо зани никохии худ мехрубон будан ? -Ту ба фикрам аз шаби аввали туй фахмида буди,ки рахмати очачонам маро мачбури зан дода буд ва ман ба ту гуфта будам,ки эхтиромат мекунаму халос.Аммо,илтимос,дустдори талаб накун,дилам хеч туро дуст надошт.Бовар кун,бисёр кушиш кардам,наметавонам,намешавад. -Пас,чаро маро рахо намекуни? -Модарам васият карданд, ки туро то вакте зиндаам,хоршави нагузорам.Хотири духтаронам зиндаги мекунем.Аз пулу зару зевар тамоман фикр накун. -Охир ин хама гушворахо,дастпонахо,зиреххои тиллои магар ба мухаббати туйи азиз баробар шуда метавонад?кани бигу? Сабо сахт гиристу пеши пойи шавхар фитод. Аммо Мурод хомуш баромада рафт. Боз зиндагии якхела идома дошт. Сабо ру ба каламу когаз овард.Эчод мекарду гоххо эчоди дигаронро мутолиа.Доимо зери лаб мегуфт:бе ту ман танхоиро эхсос мекунам эх мардак.. Хар бор падару модараш ба хабаргириаш биеянд,насихат мекунанд,ки духтарам ба такдират тан бидех,шавхарат барои туву духтаронат хама шароитро мухайе кардааст,хап карда шин.Мухим пул аст дар зиндаги. Аммо Сабо факат бо гиря дилашро холи мекарду халос. Рузи зодрузаш фикр кард ки шояд хамсараш омада уро табрик мекунад.Аммо Мурод фаромуш карда буд зодрузи хамсарашро.Ноилоч худаш ба хамсараш паёмак навишт,ки мардак имруз хона меоед?Хуроки дустдоштаатонро пухтам,торти асалин хам таер шуд ,хозир Заринаву Мадина хам бо тагоям меоянд.Факат шуморо интизорам. Шавхараш занг зада гуфт,ки чи даркор аст,у гирифта меорад. -Бароят чи тухфа бигирам? -Аввал кавл дихед,ки тухфаи мехостагиамро мегиред? -Чаро не,дилат чизе хохад бигу ? -Мехохам,ки маро бо чашми мухаббат нигох кунед,тамом.Ин тухфаи бехтарин аст бароям. -Ин тухфа фурухта намешавад,очаи кудако.Рузи зодрузат аст,вагарна як гапи хубат мегуфтам.Бас кун чунин гапхоро,мехр,мухаббат.Хозир бо Хасан,Хусайн меоем. Сабо ин лахза гуширо сахт дошта ба худ гуфт:хаста шудаам аз бемехриат мардак. Хусураш худаш танхо омад,гуфт ки хамсари чавонаш хомиладор шудааст,омада натавонист.Хама сарчамь нишастанд.Хасану Хусайн зуд бо Сабо унс гирифтанд.Зарина аз акааш пурсид ; -Акачон,якбора бо чиянхо у янгаи Паривашро гирифта наовардед,? -Не у дар мохи охирини хомиладори карор дорад. Сабо зуд бахонаи чой биёри ба тарафи утоки хурокпази рафт. Ин лахза мехост,ки худро аз тирезаи 5 ум ошёна фиканда чони ширинашро аз ин дунё халос кунад.Аммо боз иродаашро дошту зери лаб Худоё, кувватам дех гуён тирезаро пушид. Аз дил гузаронид:азизи дили шавхарам номаш Париваш будааст,албатта Париваши ростина будагист,ки шавхарам ин кадар уро дуст медорад.Ин кадар мухаббати бузург дорад.Писарони дугоникаш шабехи духтарони ман. Такдир...чунин будааст, бо мухаббати яктарафа зистан ва армони мурдан. Ашк ранги сурмаамро шуста мерезад ба руи болини сардам, Бе ту ман танхоям,эй мард! Бе ту ман танхоям,эй мард! Онхо то нисфишаби нишастанду сипас хайрухуш карда хама ба хонахои худ баргаштанд.Мурод хам уро бо духтаронаш танхо гузошта рафт. Сабо то субх гириста якбора фикри ахримани фарогираш шуд:кош Париваш вакти зоидан мемурд кош... Ногахон аз ин фикраш тарсиду гуфт :на,на,Худо маро бубахш,ин рашки шайтони маро девона кардааст,айби у нест охир,пеш аз ман ин занро дуст медоштааст.Вале чаро хусуру хушдоманам нахостанд,ки писарашон махз дустдоштаашро бигирад.Хам маро бадбахт карданду хам писарашонро. Чаро ва чарохои зиёде.. Соатхои 4 и субх шавхараш бо дугоникхояш дарро бо калиди худаш кушода даромаду бо чашмони сурху варамида гуфт: -Очаи кудако,бачахоро нигох кун хушру,гушна,ташна намонанд.Ман Паривашро ба таваллудхона бурда мондам.Хеле холаш бад аст,дуогу бош дар намозхоят,агар у як чи шавад,ман хам мемирам. Ва баромада рафт. Ашки шавхарашро бори аввал дид Сабо. Идома дорад Муаллиф Шахлои Начмиддин 👈
    3 комментария
    17 классов
    Борис Ганаго ЯТИМ (ҳикоя) Вақти вафоти модар Лиза ҳамагӣ ду сол дошт. Аҳли деҳ дилашон ба тифлак месӯхт. Онҳо бо кӯдак чӣ кор карданашонро намедонистанд, зеро ҳар хонаводае фарзандони худро доштанд. Қариб ятимакро ба хонаи кӯдакон супоридани буданд, ки Мария Петровна — модари панҷ фарзанд, эълом дошт:-Ману шавҳарам қарор додем, то кӯдакро ба фарзандхонӣ гирем. — Мария, шумо чӣ кор карданиед?! — гуфтанд ба зан ҳамсояҳо, — о, шумо кӯдакони худро базӯр сарубар мешаведу боз кӯдаки бегона... — Ҳеҷ гап не, — ҷавоб дод Мария, — ҷое, ки дар атрофи миз ба панҷ кӯдак ҷой ҳаст, барои шашум ҳам ҷой пайдо мешавад. Зан баъди ин суханон духтарчаро бо худ ба хонааш бурд. Лиза қобилу ором ба воя расид. Ӯ модари нави худро ягон бор ҳам безобита намекард. Ҳатто боре ҳам бемор намешуд. Гумоне фариштаҳои ҳимоятгар ҳамеша дар ҳифзаш буданд. Ниҳоят “одамони хайрхоҳе” пайдо шуданд, ки фарзанди худӣ набуданашро дар оила ба Лиза қисса карданд. Лиза бо фаҳмидани хабари духтархонд буданаш ғамгин нашуд. Баракс, меҳру муҳаббаташ ба аҳли хонадон зиёд гардид. — Ту модари ҳақиқии манӣ!-мегуфт ӯ ба Марияву вайро ба оғӯш мекашид. Фарзандони хунӣ ба балоғат расида, ҳар як аз паси зиндагии худ шуда ба дигар ҷойҳо рафтанд. Бо волидайн танҳо Лизаи чордаҳсола монд. Ӯ аз як духтарчаи хурдакак ба духтари қадраси зебое табдил ёфта, рӯз то рӯз боз ҳам зебову ҷаззобтар мешуд. Рӯзе Мария ба лаби дарёча, барои обгардон кардани либосҳои шӯстааш рафт. Ин кор аввалҳои баҳор, ки ҳанӯз яхи соҳил сахт буд, ба вуқӯъ пайваст. Вай тағораи худро ба замин гузошта, корашро сар кардан хост. Вале дар ҳамин вақт яхи болои дарё шикаст. — Яхпора омад, яхпора омад! — фарёд кашиданд бачаҳову тарафи соҳил давиданд. Калонсолон ҳам ба дидани яхпораҳо омаданд. Мария кори худро аз хотир бароварда, чун каси сеҳргаштае ба ин ҳодисаи ваҳшатзо менигарист. Нохост яхпорае, ки болояш қарор дошт, шикасту оҳиста тарафи миёнаҷои дарё ба ҳаракат даромад. Мария алҳол имкон дошт, то худро ба тарафи соҳил занад. Вале ӯ худро гум карда, ба даҳшат афтод. Зани бечора болои яхпора, то рафт дуртар мерафт. Мария аз тарс ба додзанӣ даромад. Бо дидани ин ҳолат, ҷамъомадагон сару калобаи худро гум карданд. Ким-кадоме мавриди заврақ дод мезаду каси дигаре мавриди банд. Яхпора бошад, равон буду равон. Нохост одамон дар соҳил Лизаро диданд, ки давон-давон омада, худро ба тарафи дарё зад. Ӯ аз болои яхпораҳо ҷаҳида-ҷаҳида ба модараш наздик мешуд. Модар бо дидани духтараш фиғон кашид: — Лиза, ба соҳил баргард! Мо ҳарду ҳалок мешавем! Вале духтар гапи ӯро гӯш накарда, баъди чанд сония дар паҳлӯяш қарор гирфт. Духтар дастони модарро дошту қатъӣ гуфт: — Очаҷон, ором шав. Худованд моро наҷот медиҳад! Лиза ба яхпораи наздик буда нигариста, амр дод: - Меҷаҳем, очаҷон! Ҳарду ҷаҳиданд. Ҳамин тавр духтар ба модари худ зӯру мадор гашта, тавонист, то ҳардуро ба соҳил расонад. Баробари пой ба замин гузоштан модар бемадорона ба замин афтод. Ӯро чанд нафар бардошта ба хонааш бурданд. Мардум то дер гоҳ пароканда нагашта, байни худ матонату ирода ва ҷасорати духтарро мадҳу ситоиш мекарданд. Муҳаббати Лиза нисбати модархондаш онҳоро моту мабҳут карда буд. Баъди ин воқеъа дигар касе Лизаро духтархонд ном намебурд. Акнун ӯ барои ҳама духтари хурдии оилаи Петровҳо буд. (Аз русӣ, тарҷумаи Наргиси Муродалӣ)
    3 комментария
    14 классов
    Вокуниш ва таҳқиқи навори латукӯби кӯдакон: модаркалон наберагонашро бераҳмона шиканҷа додааст Шоми 16 уми ноябри соли 2024 дар як қатор шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ наворе паҳн гардид, ки дар он раво дидани муносибати дағалона, мавриди азобу шиканҷа қарор додан ва латукӯби бераҳмонаи кӯдакони хурдсол аз ҷониби як нафар зан инъикос ёфтааст. Вобаста ба ҳолати мазкур ҷиҳати муайян намудани ашхоси дар навор инъикосгардида аз ҷониби кормандони милитсияи Хатлон як қатор чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ роҳандозӣ гардида, зани дар навор инъикосёфта дастгир ва ба Шуъбаи ВКД дар ноҳияи Балхӣ дастрас карда шуд. Муайян гардид, ки ин нафар шаҳрванд Ҷонмирзоева Ойнагул Мусурмонҷуловна соли тавалудаш 1970, сокини ноҳияи Ҷ.Балхӣ, ҷамоати деҳоти Маданият, деҳаи Фрунзе мебошад. Таҳқиқи ҳодиса нишон дод, ки ҷабрдидагон- кӯдакони ноболиғ набераҳояш буда, ҷиҳати муайян намудани сабаби ба ин кирдори ғайриқонунӣ даст задани дастгиршуда санҷиш идома дорад.
    21 комментарий
    11 классов
    Насими Рахим Моҳи августи соли ҷорӣ 5000 рубла 580 сомонӣ иваз мекардам. Ҳозир 5000 равон мекунам 510 сомонӣ менависад курса Душанбе сити. Уфф
    11 комментариев
    8 классов
    Муаллиф Шахлои Начмиддин Пул ва зиндаги .кисми 1 Саборо падару модари камбизоаташ хатто напурсида баьди хатми мактаби миёна зуд ба.як оилаи пулдору сарватманд ба шавхар доданд. Домодро хамаги як бор дид пеш.аз туй Сабо. Сабо мехост шоира шавад,пинхони шеьр эчод мекард.Ду дафтар пур аз мисрахои офаридааш буд.Аммо падару модар дили уро напурсида туй карданд.Сабо кушиш мекард,ки хусуру хушдоманашро.эхтиром кунад.Шавхараш шаби висол дар хона набуд.Карибии нисфирузи ширакайф ба хона омаду ба аруси ороста хатто нимнигохе накарда руйи бистар гелид ва зуд хобаш бурд. Арус ба домод нигариста аз дил гузаронид, ки шавхараш чаро ба у нигох намекунад. ...Шояд ман писандаш наомадам. Домод рузи дигар хам чунин рафтор кард ва танхо рузи саввум бо хамсараш аз наздик шинос шуд.Гуфт : -Ман ду хохар дорам ва боз падару модари азиз.Агар ту якеи онхоро ранчони ,бидон ки агар дах кудак таваллуд куни,ман туро сар медихам.Очаам туро барои худашон духтари камбагали сархам гуён келин карданд.Вагврна ман чанд маьшукахои хеле зебо дорам.Мвн бароят тамоми шароитро муҳайё месозам,аммо ту бояд хонаводаи маро эхтироми зиёд куни.Фахмиди ?Аз ман на мехр,на мухаббат талаб накун ,инро дар харду гушат гир. Сабо чизе нагуфту чашмони зебояшро поин афканд. Умр мисли аспи даванд мегузашт.Аз байн 5 сол гузашт.Сабо сохиби ду духтарчаи зебову солим шуд.Аммо таваллуди фарзанд хам дили шавхарашро хеч гарм намекард.Вале аз чихати иктисоди хамсару духтаронаш аз молу мулки дуняви пур буданд.Хусуру хушдоман хам хеле уро дуст медоштанд.Сабо ба шавхараш зиёд рашк мекард. Аммо кушиш менамуд,ки рашкашро нишон надихад.Дугонахояш хасад мебурданд,ки шавхари Сабо пулдор аст ва зиндагиаш шохона мегузарад.Боре Сабо аз шавхараш пурсид:отаи Ясмина,ту.маро дуст медори? -Худат медони,ки эхтиромат мекунам.Дигар савол нате,фахмиди? -Мехостам,як бор мехрубонона бигуйи ки дустат медорам. -Аз чи ками? -Мухим дар зиндаги байни зану шавхар пул нест,мухим хамдигарфахми ва мухаббати ду тарафа аст. Сабо ашки чашмонашро пок кард.Ин лахза шавхараш руйи кресло нишаста дар телефони мобилиаш ба касе паёмак мефиристод.Ногахон чашми Сабо ба паёмаки шавхараш афтод: -Чонам,пазмонат шудам чени дунё. -Ха,чи.болои сари ман мисли хайкал истодаи?Рав аз паси кори хона шав. Сабо гирён ба ошхона рафт. ...Эх мардак...ту аз кучо медони дили маро.Ин хама боигари,хонахои бохашамат,зару зевар ба мухаббати хакики баробар намешавад. Як сухани хуши ту бароям дору аст.Магар боре эхсос накарди,ки дилам баробари диданат метапад аз хурсанди.Лол мешавам,вакте хар хафта аз шахр ба хона меои.(шавхари Сабо дар пойтахт вазифаи даромадноке дошт). Худро ороста мекунам,аммо тамоман нимнигохе накарда духтаронатро буса мекуни,модару падаратро ба огуш мегири гарм-гари,аммо маро гуё намебини.Нестам,мисли як ашеи нодаркорам бароят.Чашмонатро доим аз ман мегурезони. Зиндагии мачбури дори гуё бо ман ва дарк мекунаму дарун ба дарун месузам.Дустат медорам ,марди хонадонам,падари фарзандонам. Аз Худо дар намозхоям зори мекунам,ки як боракак будани маро дар зиндагиат эхсос намои. Боре Сабо тасодуфан сухбати телефонии хохаршуяшро бо кадом зане шунид. Хохаршуяш ба касе мегуфт : -Янгачон,шумо чаро ба ин рашк мекунед?Охир акаам аз аввал танхо шуморо дуст медошт.Инро бошад барои хона,барои очаам гирифт. Ин бечора хапу хомуш аст.Шумо дугоник писар доред ва акаам барои шумо чонашро дарег намедорад. Ногахон янгаашро диду гуширо кушт. Сабо хам сирро бой надода пурсид : -Зариначон,ош пазам ё оши туппа бароят? -Янгачон,ташаккур, чизе ки дилатон кашад пазед. -Охир ту мехмон имруз. -Бароям фарке надорад,дасти шумо мисли дасти очаам бомазза. Сабо ин дам зери лаб мегуфт :ачаб дунё, ман хохаршуямро аз давраи наврасиаш ин чо келин шуда омада мисли хохари худам парасториаш мекардам,у бошад бо зани пинхонии акааш ин кадар ширин харф мезанад.Шояд ин хонум пеш аз ман буд,боз дугоник писар хам доштааст.Ох,рашк оромам гузор,ки дилам мекафад.Шукри зиндагии серу пур,шукри духтаронам,шукри хусуру хушдоманам,шукри зинда будан. Зери лаб пайи хам :Ло ҳавла ва ло қуввата илло биллоҳ”-ро бисёр такрор мекарду дилаш каме ором мешуд. Вакте хушдоманаш ба сактаи калби гирифтор шуду вафот кард,хусураш зангир шуд.Чавонзани бевамондае ба хотири пул ин муйсафеди 69 соларо ба шавхари кабул карда ба ин хона омад. Ин чавонзан дам ба дам ба Сабо шунавонида мегуфт;ин шавхарат чи хел одам,ки дар як хафта як бор меояду халос.Чаро туро бо духтаронаш ба шахр наздаш намебарад.Шояд он чо зан дорад ? Сабо кутохакак мегуфт, ки зан надорад,кораш зиёд, ман худам намеравам,шавхари ман як писар байни ду духтар,бояд ман ин чо бошам. -Охир хушдоманат мурд,хусурат бошад маро гирифт.Ман зани чавонам,мехохам бо шавхарам танхо бошам.Ту намефахми? -Ман ба хеч кучо намеравам,ин хонаи шавхари ман аст. Ин чавонзани ороставу танноз дар як дам дили шавхарашро ёфту у хам ба писараш занг зада гуфт,ки биё зану духтаронатро аз хавли гирифта бар,ман мехохам бо хамсари чавонам хушбахт зиндаги кунам. Шавхараш омаду бо падар чанчол бардошт.Сари кахру газаб ба тарафи чавонзан давида уро муште фароварда хакораташ кард. Ин чавонзани аейр дар як дам ба кормандони полис занг зад.Онхо давида омада шавхари Саборо бо худ бурданд.Сабо аз гиребони зани хусураш чанг зада гуфт : -Ба хуби рав аризаатро гиру шавхари маро барор,вагарна туро мекушаму ба махбас мешинам,фахмиди ?Ман барои шавхарам чонамро медихам. -Шавхаре,ки болоят зан дораду туро тамоман дуст намедорад, мур ту барин зани бе гурур. Идома дорад. Муаллиф Шахлои Начмиддин 👈
    4 комментария
    18 классов
Закреплено
  • Класс
  • Класс
  • Класс
  • Класс
  • Класс
  • Класс
  • Класс
  • Класс
  • Класс
Показать ещё