25 декабр дар Донишгоҳи Фирдавсии Машҳад ҳамоиши «Рӯдакӣ ва пайвандҳои фарҳангии Эрон ва Тоҷикистон» баргузор гардид.
Дар ин хусус ба «Ховар» дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Эрон хабар доданд.
Дар ҳамоиш гурӯҳи донишмандони тоҷик бо сарварии Директори Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Фарангис Шарифзода ва рӯдакишиносони маъруфи эронӣ доир ба масъалаҳои муҳимми рӯзгор ва осори бунёдгузори адабиёти тоҷику форс Одамушшуаро Абӯабдуллоҳ Ҷаъфар ибни Муҳаммади Рӯдакӣ маърузаҳои илмӣ манзур намуданд.
Дар ҳамоиш китоби «Ёди шеъри Рӯдакӣ ояд ҳаме»-и олими маъруфи тоҷик, шодравон Аълохон Афсаҳзод дар бораи зиндагӣ ва осори Одамушшуаро, ки бо хати ниёгон дар Эрон чоп шуд, рӯнамоӣ гардид.
Дар ҳамоиш Вазири улум, таҳқиқот ва фановарии Ҷумҳурии Исломии Эрон Ҳусейн Симоии Сарроф, Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон Низомиддин Зоҳидӣ, Ректори Донишгоҳи Фирдавсии Машҳад Ҷавон Ҷаъфарӣ ва дигарон сухан гуфта, Рӯдакиро яке аз сарҳалқаи пайванди маънавию фарҳангии Тоҷикистон ва Эрон ва намоде аз адабиёт ва тамаддуни муштараки тоҷикон ва эрониён номиданд. https://tajikpress.com/2024/12/27/%d2%b3%d0%b0%d0%bc%d0%be%d0%b8%d1%88%d0%b8-%d1%80%d3%af%d0%b4%d0%b0%d0%ba%d3%a3-%d0%b2%d0%b0-%d0%bf%d0%b0%d0%b9%d0%b2%d0%b0%d0%bd%d0%b4%d2%b3%d0%be%d0%b8-%d1%84%d0%b0%d1%80%d2%b3%d0%b0%d0%bd/
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев