Предыдущая публикация
Следующая публикация
Закрыть
Свернуть поиск
Сервисы VK
Mail
Почта
Облако
Календарь
Заметки
VK Звонки
VK Почта
ТВ программа
Погода
Гороскопы
Спорт
Ответы
Авто
Леди
ВКонтакте
Ещё
Войти
Мы используем cookie-файлы, чтобы улучшить сервисы для вас. Если ваш возраст менее 13 лет, настроить cookie-файлы должен ваш законный представитель.
Больше информации
Разрешить все
Настроить
ДЗЮДО В ТАДЖИКИСТАНЕ! JUDO IN TAJIKISTAN!
Вступить
Написать
Пожаловаться
Лента
Темы
2 195
Фото
749
Видео
152
Участники
2 917
Рассылки сообщений
Тесты (новые)
Новые темы
Марги 70 нафар пас аз ҳамла ба бемористоне дар Судон Мудири умумии Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ мегӯяд, ки дар ҷараёни ҳамла ба бемористоне дар Судон, тақрибан 70 нафар кушта шуданд. Ба гузориши ТоҷикПресс, Тедрос Адҳаном, мудири умумии Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ дар паёме дар шабакаи «X» навишт, ки дар ҳамла ба ягона бемористони фаъол дар шаҳри муҳосирашудаи «Ал-Фашир» дар Судон тақрибан 70 нафар кушта шуданд. Мақомот ва дигар ғайринизомиён дар вилояти Дарфури шимолӣ низ рақами монанд эълон кардаанд, аммо Адҳаном аввалин манбаи байналмилалӣ аст, ки шумораи қурбониёнро эълон мекунад. Ӯ навишт: Ҳамлаи даҳшатнок ба бемористони Саудӣ дар Ал-Фашир, Судон, ба марги 70 тан аз ҷумла беморон ва ҳамроҳони онҳо овард. Дар вақти ҳамла, бемористон пур аз беморони зери табобат буд. Адҳаном омили ин ҳамларо мушаххас накард, аммо мақомоти маҳаллӣ нерӯҳои Пуштибонии Суръатӣ (RSF)-ро масъули ин ҳамла эълон кардаанд. RSF ҳанӯз масъулияти ин ҳамларо бар уҳда нагирифтааст, аммо дар рӯзҳои охир шаҳри Ал-Фаширро ба ҳамла таҳдид карда буд. https://tajikpress.com/2025/01/26/%d0%bc%d0%b0%d1%80%d0%b3%d0%b8-70-%d0%bd%d0%b0%d1%84%d0%b0%d1%80-%d0%bf%d0%b0%d1%81-%d0%b0%d0%b7-%d2%b3%d0%b0%d0%bc%d0%bb%d0%b0-%d0%b1%d0%b0-%d0%b1%d0%b5%d0%bc%d0%be%d1%80%d0%b8%d1%81%d1%82%d0%be/
0 комментариев
0 классов
Тӯфонул-Аҳрор пас аз Тӯфонул-Ақсо; оғози шикастҳои пайдарпайи Исроил 200 асири фаластинӣ, ки ба ҳабси абад ва ҳукмҳои вазнин маҳкум шуда буданд, пас аз озодшавӣ бо суханон ва рафторашон саҳнаҳои ҷадиде офариданд. Ин саҳнаҳо боиси он шуд, ки режими саҳюнистӣ пас аз шикаст дар Тӯфонул-Ақсо, зарбаи сахттари дигареро дар Тӯфонул-Аҳрор эҳсос кунад. Чанд моҳ пеш (16 октябри 2024), режими палид ва ҷинояткори саҳюнистӣ бо террори “Яҳё Синвор”, раиси дафтари сиёсӣ дар ҷунбиши Ҳамос дар Навори Ғазза, талош кард бо намоиши пирӯзмандона достони муваффақияти худро таҳия кунад. Ҳарчанд пас аз нашри видео аз тарзи шаҳодати “Абу Иброҳим” ва ошкор шудани ҷанги сахти ӯ бо ишғолгарон то нафаси охир, ин иддао зери шубҳа рафт. Аз сӯи дигар, дурӯғҳои режими ҷинояткор ва кӯдаккуши саҳюнистӣ дар як соли қатли омми мардуми мазлум дар Навори Ғазза, ки мегуфтанд фармондеҳони Ҳамос аз тарс дар зери нақбҳо пинҳон шудаанд ва мардумро қурбонӣ мекунанд, барои ҷаҳониён ошкор шуд. Дирӯз ин режим маҷбур шуд даҳҳо асиреро озод кунад, ки ҳар кадоме имкони табдил шудан ба афсонаҳои ҷадиди муқовиматро доранд. 470 рӯз, Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири режими кӯдаккуш ва ҷинояткори саҳюнистӣ, аз қабул кардани созиши оташбас ва мубодилаи асирон худдорӣ мекард. Ӯ умедвор буд, ки бо бомбборони мардуми мазлуми Ғазза асирони исроилӣ низ кушта шаванд, то маҷбур нашавад мардон, занон ва кӯдакони далери фаластиниро дар чорчӯби мубодилаи асирон озод кунад. https://tajikpress.com/2025/01/26/%d1%82%d3%af%d1%84%d0%be%d0%bd%d1%83%d0%bb-%d0%b0%d2%9b%d1%81%d0%be-%d0%bd%d0%b0%d0%b2%d0%be%d1%80%d0%b8-%d2%93%d0%b0%d0%b7%d0%b7%d0%b0-%d0%b8%d1%81%d1%80%d0%be%d0%b8%d0%bb/
0 комментариев
0 классов
Нуриддин Саид барканор шуд ва ба нафақа рафт Бо қарори ҳукумати кишвар Нуриддин Саид аз вазифаи раиси Кумитаи телевизион ва радио озод гардидааст. Бо қарори ҳукумати кишвар Нуриддин Саид аз вазифаи раиси Кумитаи телевизион ва радио озод ва ба ҷои ӯ Носир Саид, ки то ин дам роҳбари телевизиони “Сафина” буд, ба ин мансаб таъйин гардидааст. Раисҷумҳури Тоҷикистон ғайр аз раиси Кумитаи телевизион ва радио, раисони чанд телевизион ва раиси Кумитаи забон ва ислоҳотро низ иваз кард. Тавре Хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон хабар додааст, Нуриддин Саид, ки то ин дам дар ҳукумат дар вазифаҳои баланд кор кардааст, ба нафақа рафт. Ёдовар мешавем, ки Нуриддин Саид аз ҷумла соли 2008 ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ва солҳои 2008-2012 ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буд. Баъдан беш аз 8 сол дар курсии вазири маориф ва илм (2012-2020) кор кард. Ба иттилои манобеи мо, ба ҷои Носир Саид, Садриддин Шамсиддинзода раиси нави телевизиони “Сафина” таъин шудааст. Садриддин Шамсиддинзода то ин дам раиси телевизиони “Ҷаҳоннамо” буд. Олимҷон Муҳаммадҷонзода низ аз вазифаи раиси кумитаи забон ва истилоҳт низ аз вазифа барканор ва ба ҷои ӯ Сахидод Раҳматуллозода раиси Кумитаи забон ва ислоҳоти таъин шуд. Раҳматуллозорда то ин дам муовини раиси ин кумаита кор мекард. Ҳамчунин, бо қарори дигар, Лутфия Шарифзода сардори Саридораи бойгонии Тоҷикистон таъин шудааст. Ӯ дар ин мансаб Ҷамила Лангарӣ, ки аз соли 2017 дар ин вазифа буд, иваз кард. https://tajikpress.com/2025/01/21/%d0%bd%d1%83%d1%80%d0%b8%d0%b4%d0%b4%d0%b8%d0%bd-%d1%81%d0%b0%d0%b8%d0%b4-%d0%b1%d0%b0%d1%80%d0%ba%d0%b0%d0%bd%d0%be%d1%80-%d1%88%d1%83%d0%b4-%d0%b2%d0%b0-%d0%b1%d0%b0-%d0%bd%d0%b0%d1%84%d0%b0%d2%9b/
0 комментариев
0 классов
Мулоқоти сафири Тоҷикистон бо муовини Раиси Девони Вазирони Туркманистон 15 январ Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон Вафо Ниятбекзода бо муовини Раиси Девони вазирони Туркманистон оид ба масъалаҳои савдо ва саноати нассоҷӣ Нокергулӣ Атагулиев мулоқот намуд. 15 январ Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон Вафо Ниятбекзода бо муовини Раиси Девони вазирони Туркманистон оид ба масъалаҳои савдо ва саноати нассоҷӣ Нокергулӣ Атагулиев мулоқот намуд. Дар ин хусус «Ховар» бо истинод ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон хабар медиҳад. Зимни мулоқот вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои Тоҷикистону Туркманистон дар соҳаҳои иқтисоду тиҷоратӣ баррасӣ гардида, оид ба имконияти ифтитоҳи иншооти саноатии муштарак табодули афкор анҷом дода шуд. Ҳамзамон зарурати андешидани чораҳои зарурӣ ҷиҳати афзоиши минбаъдаи ҳаҷми савдо байни ду давлат таъкид гардида, иштироки фаъоли доираҳои тиҷоратӣ ва соҳибкорон дар намоиш ва ҳамоишҳои тиҷоратии ҳамдигар ба мақсад мувофиқ дониста шуд. https://tajikpress.com/2025/01/19/%d0%bc%d1%83%d0%bb%d0%be%d2%9b%d0%be%d1%82%d0%b8-%d1%81%d0%b0%d1%84%d0%b8%d1%80%d0%b8-%d1%82%d0%be%d2%b7%d0%b8%d0%ba%d0%b8%d1%81%d1%82%d0%be%d0%bd-%d0%b1%d0%be-%d0%bc%d1%83%d0%be%d0%b2%d0%b8%d0%bd-2/
0 комментариев
0 классов
Сенатор Сандерс: Амрико шарики наслкушӣ дар Ғазза аст Яке аз сенаторҳои Амрико ин кишварро шарики ҷиноятҳои режими Исроил дар Навори Ғазза алайҳи фаластиниён донист. Ба гузориши манобеи хабарӣ, Бернӣ Сандерс, сенатори амрикоӣ аз Ҳизби демократ, субҳи рӯзи шанбе дар изҳороти шадиде гуфт, ки Амрико бо ирсоли силоҳ ба Нетаняҳу дар анҷоми наслкушӣ ва ҷиноятҳо дар Ғазза шарикӣ кардааст. Вай изҳор дошт: «Номусаззиб аст, ки ин созишнома ҳамон тарҳе мебошад, ки Нетаняҳу ва ҳукумати ифротии ӯ дар моҳи майи гузашта рад карда буданд». Сандерс афзуд: «Аз замони пешниҳод шудани тарҳи мазкур дар моҳи майи гузашта, беш аз 10 ҳазор нафар кушта шудаанд ва ранҷи асирон ва ғайринизомиён дар Ғазза шиддат ёфтааст». https://tajikpress.com/2025/01/18/%d0%b0%d0%bc%d1%80%d0%b8%d0%ba%d0%be-%d1%81%d0%b0%d0%bd%d0%b4%d0%b5%d1%80%d1%81-%d2%93%d0%b0%d0%b7%d0%b7%d0%b0/
0 комментариев
0 классов
Сенатор Сандерс: Амрико шарики наслкушӣ дар Ғазза аст Яке аз сенаторҳои Амрико ин кишварро шарики ҷиноятҳои режими Исроил дар Навори Ғазза алайҳи фаластиниён донист. Ба гузориши манобеи хабарӣ, Бернӣ Сандерс, сенатори амрикоӣ аз Ҳизби демократ, субҳи рӯзи шанбе дар изҳороти шадиде гуфт, ки Амрико бо ирсоли силоҳ ба Нетаняҳу дар анҷоми наслкушӣ ва ҷиноятҳо дар Ғазза шарикӣ кардааст. Вай изҳор дошт: «Номусаззиб аст, ки ин созишнома ҳамон тарҳе мебошад, ки Нетаняҳу ва ҳукумати ифротии ӯ дар моҳи майи гузашта рад карда буданд». Сандерс афзуд: «Аз замони пешниҳод шудани тарҳи мазкур дар моҳи майи гузашта, беш аз 10 ҳазор нафар кушта шудаанд ва ранҷи асирон ва ғайринизомиён дар Ғазза шиддат ёфтааст». https://tajikpress.com/2025/01/18/%d0%b0%d0%bc%d1%80%d0%b8%d0%ba%d0%be-%d1%81%d0%b0%d0%bd%d0%b4%d0%b5%d1%80%d1%81-%d2%93%d0%b0%d0%b7%d0%b7%d0%b0/
0 комментариев
1 класс
Шаҳодат 101 фаластинӣ пас аз эъломи оташбас дар Ғазза Артиши режими саҳюнистӣ дар арафаи иҷрои тавофуқи оташбаси Ғазза ҳамлаҳояшро ба ин минтақаро шадидтар кардааст ва даҳҳо фаластиниро ба шаҳодат расондааст. Ба гузориши ТоҷикПресс, манобеи маҳаллӣ дар Фаластин, субҳи имрӯз (ҷумъа), гузориш доданд, ки артиши режими саҳюнистӣ бо ҳамла ба 3 хона ва як чодари оворагон дар Ғазза 13 фаластиниро ба шаҳодат расондааст. Гурӯҳи тиббӣ дар ин бора ба агентии хабарии “Анатолий” иттилоъ доданд, ки артиши Исроил субҳи имрӯз пас аз ҳамла ба 2 хона дар минтақаи “Хан Юнус” дар ҷануби Ғазза аввал 7 фаластиниро ва сипас бо ҳамлаи ҳавоӣ ба як хонаи дигар дар шимоли Ғазза 5 нафарро ба шаҳодат расондааст. Тибқи гузоришҳо, ҳамлаи режими саҳюнистӣ ба як чодари оворагон дар Ғазза низ ба шаҳодат расидани як фаластинии дигар сабаб шудааст. Ба таври расмии, пас аз эъломи оташбас дар Ғазза (шомгоҳи чоршанбе), 101 фаластинӣ дар Ғазза ба шаҳодат расидаанд. https://tajikpress.com/2025/01/17/%d1%88%d0%b0%d2%b3%d0%be%d0%b4%d0%b0%d1%82-101-%d1%84%d0%b0%d0%bb%d0%b0%d1%81%d1%82%d0%b8%d0%bd%d3%a3-%d0%bf%d0%b0%d1%81-%d0%b0%d0%b7-%d1%8d%d1%8a%d0%bb%d0%be%d0%bc%d0%b8-%d2%93%d0%b0%d0%b7%d0%b7/
0 комментариев
0 классов
Шоми шеъри Тоҷикистону Эрон дар Китобхонаи миллӣ Дар ҳошияи сафари президенти Эрон ба Тоҷикистон дар Китобхонаи миллӣ таҳти унвони "Шоми шеъри Тоҷикистону Эрон" баргузор мегардад. Дар ҳошияи сафари президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон ба Тоҷикистон дар Китобхонаи миллӣ таҳти унвони “Шоми шеъри Тоҷикистону Эрон” баргузор мегардад. Дар ҳошияи сафари давлатии Масъуд Пизишкиён, президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон ба Тоҷикистон дар Китобхонаи миллӣ таҳти унвони “Шоми шеъри Тоҷикистону Эрон” чорабинии фарҳангӣ баргузор мегардад. Тибқи иттилои Вазорати фарҳанг, дар ин чорабинии фарҳангӣ шоирону нависандагон ва дигар намояндагони аҳли фарҳанги ду давлат-Тоҷикистону Эрон иштирок хоҳанд кард. Меҳмонони барномаи фарҳангӣ ба тамошои Осорхонаи миллии Тоҷикистон ва Кохи Наврӯз рафта, бо осори таърихию фарҳангии миллати тоҷик аз наздик шинос мешаванд. Ҳамчунин, руӯзҳои15-16 январ дар шаҳри Душанбе баргузории Форуми олимон ва пажуҳишгарони Тоҷикистон ва Эрон дар назар дошта шудааст. Дар ҳошияи форум иштирокчиён бо фаъолияти якчанд муассисаи илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон шинос мешаванд. Меҳмонони форум мавзеъҳои таърихию фарҳангии шаҳри Ҳисорро низ тамошо мекунанд. https://tajikpress.com/2025/01/15/%d1%88%d0%be%d0%bc%d0%b8-%d1%88%d0%b5%d1%8a%d1%80%d0%b8-%d1%82%d0%be%d2%b7%d0%b8%d0%ba%d0%b8%d1%81%d1%82%d0%be%d0%bd%d1%83-%d1%8d%d1%80%d0%be%d0%bd-%d0%b4%d0%b0%d1%80-%d0%ba%d0%b8%d1%82%d0%be%d0%b1/
0 комментариев
0 классов
Маскав: барномае барои ҳамла ба кишварҳои НАТО надорем! Як дипломати аршади Русия таъкид кард, ки ин кишвар қасд ё барномае барои ҳамла ба кишварҳои НАТО надорад. Як дипломати аршади Русия таъкид кард, ки ин кишвар қасд ё барномае барои ҳамла ба кишварҳои НАТО надорад. Ба нақл аз ТАСС, Владислов Мослиников, мудири муовинати умури аврупоии Вазорати хориҷаи Русия мегӯяд, ки ба рағми поин будани сатҳи равобити Маскав ва НАТО, Русия қасди ҳамла ба кишварҳои узви ин иътилофи низомии таҳти раҳбарии Амрикоро надорад. Мослиников дар гуфтугӯ бо рӯзномаҳои гуфт: равобит байни Русия ва НАТО натанҳо шоҳиди поинтарин нуқтаи худ аз замони поёни даврони ҷанги сард аст, балки ин иътилоф ошкоро масири тақобул бо кишвари моро дар пеш гирифта ва муддаии «таҳдиде» аз ҷониби мо шудааст! Вай бо ишора ба инки ин як равияи куллӣ дар НАТО аст, изофа кард: бо ин ҳол, Русия ҳаргиз ба думболи ташдиди равобит бо НАТО набуда, балки ин иътилоф ба таври комил масъули заъиф шудани равобит аст. Мо на қасди ҳамла ба кишварҳои НАТО-ро дорем ва на чунин нақшаҳои хасмонаеро дар сар мепарваронем. https://tajikpress.com/2025/01/13/%d0%bc%d0%b0%d1%81%d0%ba%d0%b0%d0%b2-%d0%b1%d0%b0%d1%80%d0%bd%d0%be%d0%bc%d0%b0%d0%b5-%d0%b1%d0%b0%d1%80%d0%be%d0%b8-%d2%b3%d0%b0%d0%bc%d0%bb%d0%b0-%d0%b1%d0%b0-%d0%ba%d0%b8%d1%88%d0%b2%d0%b0%d1%80/
0 комментариев
0 классов
Ҳамос ва Ҷиҳоди исломӣ интихоби Ҷузеф Авнро табрик гуфтанд Ҷунбишҳои фаластинии Ҳамос ва Ҷиҳоди исломӣ бо содир кардани баёнияҳои ҷудогона интихоби раисҷумҳури ҷадиди Лубнонро табрик гуфтанд. Ба гузориши “Ал-Ҷазира”, Ҷунбиши муқовимати исломии Фаластин (Ҳамос) ва Ҷунбиши Ҷиҳоди Исломии Фаластин бо содир кардани баёнияҳои мустақил интихоби Ҷузеф Авнро ба унвони раисҷумҳури ҷадиди Лубнон табрик гуфтанд. Дар баёнияи Ҳамос омадааст: “Умедворем давраи ҷадиди раёсати ҷумҳури Авн дар Лубнон замони муваффақият дар роҳнамоии ин кишвар ба сӯи пешрафт ва шукуфоӣ бошад ва ҳадафҳои миллати Лубнонро дар заминаи озод кардани сарзаминашон аз ишғоли душмани саҳюнистӣ, ҳифзи якпорчагӣ, амният ва суботи ин кишвар таъмин кунад.” Ин ҷунбиш ҳамчунин таъкид кард, ки ба сулҳи дохилӣ дар Лубнон, барқарории равобити беҳтар миёни мардумони Лубнон ва Фаластин, мухолифат бо тарҳҳои интихоби ватани ҷойгузин ва талош барои таъмини зиндагии шоиста барои оворагони фаластинӣ дар Лубнон тавассути эҷоди ҳуқуқи иҷтимоӣ ва инсонии онҳо то замони фароҳам шудани шароит барои бозгашт ба ватани худ дар Фаластин, содиқ мемонад. Ҷунбиши Ҷиҳоди исломӣ низ дар баёнияи худ эълон кард: “Мо интихоб шудани Ҷузеф Авнро ба раёсати ҷумҳури Лубнон ба ӯ ва мардуми Лубнон табрик мегӯем.” Дар идомаи баёния омадааст: “Умедворем ин интихоб дарвозае ба сӯи давраи ҷадид аз субот ва шукуфоӣ бошад, ки боиси таҳкими ваҳдат ва соҳибихтиёрии Лубнон, ҳифзи амнияти шаҳрвандон ва рафъи осори таҷовузҳои ахири режими саҳюнистӣ ба Лубнон ва мардуми он гардад.” https://tajikpress.com/2025/01/11/%d0%bb%d1%83%d0%b1%d0%bd%d0%be%d0%bd-%d2%b3%d0%b0%d0%bc%d0%be%d1%81-%d2%b7%d1%83%d0%b7%d0%b5%d1%84-%d0%b0%d0%b2%d0%bd%d1%80%d0%be-%d1%84%d0%b0%d0%bb%d0%b0%d1%81%d1%82%d0%b8%d0%bd/
0 комментариев
0 классов
Фильтр
Всё
Увлечения
Сумая Сайидова
26 янв
tajikpress
Марги 70 нафар пас аз ҳамла ба бемористоне дар Судон
...
0 комментариев
3 раза поделились
0 классов
Комментировать
0
Класс
Сумая Сайидова
26 янв
tajikpress
Тӯфонул-Аҳрор пас аз Тӯфонул-Ақсо;
...
0 комментариев
5 раз поделились
0 классов
Комментировать
0
Класс
Сумая Сайидова
22 янв
tajikpress
Нуриддин Саид барканор шуд ва ба нафақа рафт
...
0 комментариев
6 раз поделились
0 классов
Комментировать
0
Класс
Сумая Сайидова
19 янв
tajikpress
Мулоқоти сафири Тоҷикистон бо муовини Раиси Девони Вазирони Туркманистон
...
0 комментариев
6 раз поделились
0 классов
Комментировать
0
Класс
Сумая Сайидова
18 янв
tajikpress
Сенатор Сандерс: Амрико шарики наслкушӣ дар Ғазза аст
...
0 комментариев
6 раз поделились
1 класс
Комментировать
0
Класс
Сумая Сайидова
18 янв
tajikpress
Сенатор Сандерс: Амрико шарики наслкушӣ дар Ғазза аст
...
0 комментариев
6 раз поделились
1 класс
1 класс
Комментировать
0
Класс
Сумая Сайидова
17 янв
tajikpress
Шаҳодат 101 фаластинӣ пас аз эъломи оташбас дар Ғазза
...
0 комментариев
6 раз поделились
0 классов
Комментировать
0
Класс
Сумая Сайидова
15 янв
tajikpress
Шоми шеъри Тоҷикистону Эрон дар Китобхонаи миллӣ
...
0 комментариев
6 раз поделились
0 классов
Комментировать
0
Класс
Сумая Сайидова
13 янв
tajikpress
Маскав: барномае барои ҳамла ба кишварҳои НАТО надорем!
...
0 комментариев
6 раз поделились
0 классов
Комментировать
0
Класс
загрузка
Показать ещё
Поиск по темам в группе
Напишите, что Вы ищете, и мы постараемся это найти!
Левая колонка
О группе
ДЗЮДОИСТЫ ВСЕХ СТРАН ПРИСОЕДИНЯЕТЕСЬ!
Душанбе
Показать еще
Скрыть информацию
Участники
2 917
Все участники
Е
Карл☆♥★♡♧
ШИЛОВ
Бэлла
Евгений
Мурад
<<<<<>>>>>
Денис
Cурен Людвикович
ДИОНИС
Олим
Сергей
Фото из альбомов
Все
Ссылки на группу
Все
Ptencoff
28 204 участника
Тоҷиконем
20 345 участников
Оружие и Военная Техника
849 511 участников
Вступить в группу
Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Войти
Зарегистрироваться