#МЕДАЛИ БИРИНҶӢ МУБОРАК БОШАД ҶАҲОНГИР МАҶИДОВ. 🇹🇯 Маҷидов барои нишони биринҷӣ мубориза бурд 🥉 Ҷудокори тоҷик Ҷаҳонгир Маҷидов (-100 кг) дар Baku Grand Slam 2025 барои медали биринҷӣ бо ҷудокори бетараф Муҳаммадалӣ Матаев сабқат намуда, дастболо гардид ! Ба @jah_majidov ва тамоми ҳамватанони азизам ин дастовардро табрик мегӯем 🇹🇯
    0 комментариев
    4 класса
    АБУБАКР ШЕРОВ-барандаи нишони биринҷии Baku Grand Slam-2025, медали нуқраи Abu Dhabi Grand slam-2024 ва нишони нуқраи Baku Grand slam-2024. 🇹🇯 Тайи ним соли ахир Абубакр Шеров (-73 кг) тавонист ин се паҳлавони радаи аввали ҷудо аз кишвари Ҷопонро мағлуб намояд: — Татсуки Ишихара — Соичи Ҳашимото — Рюга Танака
    0 комментариев
    4 класса
    Ҳамос: Қудс танҳо ҷойест, ки мардуми Фаластин ба он муҳоҷират хоҳанд кард Ҷунбиши муқовимати исломии Фаластин (Ҳамос) бори дигар дар мухолифат бо нақшаи ошкорои Трамп ва пайравони ӯ бар зидди Фаластин барои кӯчонидани маҷбурии аҳолии Ғазза таъкид кард: Қудс танҳо ҷоест, ки миллати Фаластин ба он муҳоҷират хоҳанд кард. Ҷунбиши муқовимати исломии Фаластин (Ҳамос) дар изҳороти худ эълон кард, ки ҳузури мардум, тасвирҳои Қудс ва Масҷиди Ақсо дар амалиёти таҳвили асирони душман, паёми такрорӣ ба ишғолгарон ва ҳомиёни онҳост, ки инҳо хати қирмизи мо ҳастанд. Дар ин баёния омадааст, ки давраи шашум (дар марҳилаи аввали мубодилаи асирон) озодии асирони душман таъкид мекунад, ки танҳо роҳи озод кардани онҳо ғайр аз роҳи гуфтушунид ва риояи шартҳои созишномаи оташбас вуҷуд надорад. Ҳамос таъкид кард, ки мардуми мо ва уммати ислом манзараҳои қудрати муқовиматро бо иҷрои созишномаи мубодила мушоҳида карданд, созишномае, ки ҳосили ҳамбастагии миллат ва муқовимат аст. Ҷунбиши муқовимати исломии Фаластин (Ҳамос) дар мухолифати бо нақшаи Трамп барои кӯчонидани маҷбурии мардуми Ғазза ва ҷойгир кардани онҳо дар Урдун ва Миср таъкид кард: Ба ҷаҳониён эълон мекунем, ки фақат як муҳоҷират вуҷуд дорад ва он ба Қудс аст (бозгашти фаластиниҳои оварa ба Қудси ишғолшуда) ва ин ҷавоби мо ба дархостҳо барои кӯчонидан ва ҳазфи масъалаи Фаластин аст, ки Трамп ва ҳомиёни ӯ пешниҳод кардаанд. https://tajikpress.com/2025/02/15/%d1%84%d0%b0%d0%bb%d0%b0%d1%81%d1%82%d0%b8%d0%bd-%d2%9b%d1%83%d0%b4%d1%81-%d2%b3%d0%b0%d0%bc%d0%be%d1%81/
    0 комментариев
    0 классов
    Намоиши ҳамбастагии мардуми Эрон дар солгарди пирӯзии инқилоби исломӣ Ба гузориши ТоҷикПресс, субҳи имрӯз, душанбе, мардуми Эрон роҳпаймоии таҷлил аз 46-умин солгарди пирӯзии инқилоби исломии Эронро оғоз карданд. Маросими роҳпаймоии ҷашни пирӯзии инқилоби шукӯҳманди исломӣ аз соатҳои пеш бо ҳузури густурдаи мардум аз ақшори мухталиф дар Теҳрон, 1400 бахш ва шаҳру навоҳӣ ва ҳамчунин беш аз 35 000 рустои ин кишвар оғоз шуд ва ҳамчунон идома дорад. Роҳпаймоии 22 баҳман (10 феврал) ҳамасола ҳамчун яке аз муҳимтарин нишонаҳои ҳамбастагӣ ва ваҳдати мардуми Эрон баргузор мешавад. Ин маросим, ки бо ҳузури пуршӯри мардум баргузор мегардад, на танҳо нишонаи арҷгузорӣ ба муборизоти инқилобӣ, балки таъкиде бар идомаи роҳи истиқлол ва муқовимати ин миллат аст. Бар асоси гузоришҳои расонаҳои байналмилалӣ, аз ҷумла хабаргузории русии «Риановостӣ», ин роҳпаймоӣ дар шаҳрҳои бузург, аз ҷумла Теҳрон, Машҳад, Исфаҳон, Табрез ва Шероз бо иштироки даҳҳо ҳазор нафар ҷараён дорад. Теъдоди зиёди мардум бо дар даст доштани парчами Эрон ва акси раҳбарони инқилоби Эрон, ҳамзамон бо шиорҳои зидди истибдоду истеъмор, иродаи худро барои ҳифзи истиқлоли кишвар ва муқобила бо ҳар гуна фишорҳои хориҷӣ ба намоиш гузоштанд. Ширкаткунандагон дар роҳпаймоӣ бо сар додани шиорҳое монанди «Истиқлол, озодӣ, Ҷумҳурии Исломӣ» ва «Марг бар Амрико» бор дигар пойбандии худро ба арзишҳои инқилоб баён карданд. Ин ҳамоиши густурда нишон медиҳад, ки мардуми Эрон сарфи назар аз таҳримҳо ва фишорҳои хориҷӣ, ҳамоно дар роҳи ҳимоят аз истиқлолияти худ устувор ҳастанд.
    0 комментариев
    0 классов
    Марги 70 нафар пас аз ҳамла ба бемористоне дар Судон Мудири умумии Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ мегӯяд, ки дар ҷараёни ҳамла ба бемористоне дар Судон, тақрибан 70 нафар кушта шуданд. Ба гузориши ТоҷикПресс, Тедрос Адҳаном, мудири умумии Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ дар паёме дар шабакаи «X» навишт, ки дар ҳамла ба ягона бемористони фаъол дар шаҳри муҳосирашудаи «Ал-Фашир» дар Судон тақрибан 70 нафар кушта шуданд. Мақомот ва дигар ғайринизомиён дар вилояти Дарфури шимолӣ низ рақами монанд эълон кардаанд, аммо Адҳаном аввалин манбаи байналмилалӣ аст, ки шумораи қурбониёнро эълон мекунад. Ӯ навишт: Ҳамлаи даҳшатнок ба бемористони Саудӣ дар Ал-Фашир, Судон, ба марги 70 тан аз ҷумла беморон ва ҳамроҳони онҳо овард. Дар вақти ҳамла, бемористон пур аз беморони зери табобат буд. Адҳаном омили ин ҳамларо мушаххас накард, аммо мақомоти маҳаллӣ нерӯҳои Пуштибонии Суръатӣ (RSF)-ро масъули ин ҳамла эълон кардаанд. RSF ҳанӯз масъулияти ин ҳамларо бар уҳда нагирифтааст, аммо дар рӯзҳои охир шаҳри Ал-Фаширро ба ҳамла таҳдид карда буд. https://tajikpress.com/2025/01/26/%d0%bc%d0%b0%d1%80%d0%b3%d0%b8-70-%d0%bd%d0%b0%d1%84%d0%b0%d1%80-%d0%bf%d0%b0%d1%81-%d0%b0%d0%b7-%d2%b3%d0%b0%d0%bc%d0%bb%d0%b0-%d0%b1%d0%b0-%d0%b1%d0%b5%d0%bc%d0%be%d1%80%d0%b8%d1%81%d1%82%d0%be/
    0 комментариев
    0 классов
    Тӯфонул-Аҳрор пас аз Тӯфонул-Ақсо; оғози шикастҳои пайдарпайи Исроил 200 асири фаластинӣ, ки ба ҳабси абад ва ҳукмҳои вазнин маҳкум шуда буданд, пас аз озодшавӣ бо суханон ва рафторашон саҳнаҳои ҷадиде офариданд. Ин саҳнаҳо боиси он шуд, ки режими саҳюнистӣ пас аз шикаст дар Тӯфонул-Ақсо, зарбаи сахттари дигареро дар Тӯфонул-Аҳрор эҳсос кунад. Чанд моҳ пеш (16 октябри 2024), режими палид ва ҷинояткори саҳюнистӣ бо террори “Яҳё Синвор”, раиси дафтари сиёсӣ дар ҷунбиши Ҳамос дар Навори Ғазза, талош кард бо намоиши пирӯзмандона достони муваффақияти худро таҳия кунад. Ҳарчанд пас аз нашри видео аз тарзи шаҳодати “Абу Иброҳим” ва ошкор шудани ҷанги сахти ӯ бо ишғолгарон то нафаси охир, ин иддао зери шубҳа рафт. Аз сӯи дигар, дурӯғҳои режими ҷинояткор ва кӯдаккуши саҳюнистӣ дар як соли қатли омми мардуми мазлум дар Навори Ғазза, ки мегуфтанд фармондеҳони Ҳамос аз тарс дар зери нақбҳо пинҳон шудаанд ва мардумро қурбонӣ мекунанд, барои ҷаҳониён ошкор шуд. Дирӯз ин режим маҷбур шуд даҳҳо асиреро озод кунад, ки ҳар кадоме имкони табдил шудан ба афсонаҳои ҷадиди муқовиматро доранд. 470 рӯз, Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири режими кӯдаккуш ва ҷинояткори саҳюнистӣ, аз қабул кардани созиши оташбас ва мубодилаи асирон худдорӣ мекард. Ӯ умедвор буд, ки бо бомбборони мардуми мазлуми Ғазза асирони исроилӣ низ кушта шаванд, то маҷбур нашавад мардон, занон ва кӯдакони далери фаластиниро дар чорчӯби мубодилаи асирон озод кунад. https://tajikpress.com/2025/01/26/%d1%82%d3%af%d1%84%d0%be%d0%bd%d1%83%d0%bb-%d0%b0%d2%9b%d1%81%d0%be-%d0%bd%d0%b0%d0%b2%d0%be%d1%80%d0%b8-%d2%93%d0%b0%d0%b7%d0%b7%d0%b0-%d0%b8%d1%81%d1%80%d0%be%d0%b8%d0%bb/
    0 комментариев
    0 классов
    Нуриддин Саид барканор шуд ва ба нафақа рафт Бо қарори ҳукумати кишвар Нуриддин Саид аз вазифаи раиси Кумитаи телевизион ва радио озод гардидааст. Бо қарори ҳукумати кишвар Нуриддин Саид аз вазифаи раиси Кумитаи телевизион ва радио озод ва ба ҷои ӯ Носир Саид, ки то ин дам роҳбари телевизиони “Сафина” буд, ба ин мансаб таъйин гардидааст. Раисҷумҳури Тоҷикистон ғайр аз раиси Кумитаи телевизион ва радио, раисони чанд телевизион ва раиси Кумитаи забон ва ислоҳотро низ иваз кард. Тавре Хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон хабар додааст, Нуриддин Саид, ки то ин дам дар ҳукумат дар вазифаҳои баланд кор кардааст, ба нафақа рафт. Ёдовар мешавем, ки Нуриддин Саид аз ҷумла соли 2008 ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ва солҳои 2008-2012 ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буд. Баъдан беш аз 8 сол дар курсии вазири маориф ва илм (2012-2020) кор кард. Ба иттилои манобеи мо, ба ҷои Носир Саид, Садриддин Шамсиддинзода раиси нави телевизиони “Сафина” таъин шудааст. Садриддин Шамсиддинзода то ин дам раиси телевизиони “Ҷаҳоннамо” буд. Олимҷон Муҳаммадҷонзода низ аз вазифаи раиси кумитаи забон ва истилоҳт низ аз вазифа барканор ва ба ҷои ӯ Сахидод Раҳматуллозода раиси Кумитаи забон ва ислоҳоти таъин шуд. Раҳматуллозорда то ин дам муовини раиси ин кумаита кор мекард. Ҳамчунин, бо қарори дигар, Лутфия Шарифзода сардори Саридораи бойгонии Тоҷикистон таъин шудааст. Ӯ дар ин мансаб Ҷамила Лангарӣ, ки аз соли 2017 дар ин вазифа буд, иваз кард. https://tajikpress.com/2025/01/21/%d0%bd%d1%83%d1%80%d0%b8%d0%b4%d0%b4%d0%b8%d0%bd-%d1%81%d0%b0%d0%b8%d0%b4-%d0%b1%d0%b0%d1%80%d0%ba%d0%b0%d0%bd%d0%be%d1%80-%d1%88%d1%83%d0%b4-%d0%b2%d0%b0-%d0%b1%d0%b0-%d0%bd%d0%b0%d1%84%d0%b0%d2%9b/
    0 комментариев
    0 классов
    Мулоқоти сафири Тоҷикистон бо муовини Раиси Девони Вазирони Туркманистон 15 январ Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон Вафо Ниятбекзода бо муовини Раиси Девони вазирони Туркманистон оид ба масъалаҳои савдо ва саноати нассоҷӣ Нокергулӣ Атагулиев мулоқот намуд. 15 январ Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон Вафо Ниятбекзода бо муовини Раиси Девони вазирони Туркманистон оид ба масъалаҳои савдо ва саноати нассоҷӣ Нокергулӣ Атагулиев мулоқот намуд. Дар ин хусус «Ховар» бо истинод ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон хабар медиҳад. Зимни мулоқот вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои Тоҷикистону Туркманистон дар соҳаҳои иқтисоду тиҷоратӣ баррасӣ гардида, оид ба имконияти ифтитоҳи иншооти саноатии муштарак табодули афкор анҷом дода шуд. Ҳамзамон зарурати андешидани чораҳои зарурӣ ҷиҳати афзоиши минбаъдаи ҳаҷми савдо байни ду давлат таъкид гардида, иштироки фаъоли доираҳои тиҷоратӣ ва соҳибкорон дар намоиш ва ҳамоишҳои тиҷоратии ҳамдигар ба мақсад мувофиқ дониста шуд. https://tajikpress.com/2025/01/19/%d0%bc%d1%83%d0%bb%d0%be%d2%9b%d0%be%d1%82%d0%b8-%d1%81%d0%b0%d1%84%d0%b8%d1%80%d0%b8-%d1%82%d0%be%d2%b7%d0%b8%d0%ba%d0%b8%d1%81%d1%82%d0%be%d0%bd-%d0%b1%d0%be-%d0%bc%d1%83%d0%be%d0%b2%d0%b8%d0%bd-2/
    0 комментариев
    0 классов
    Сенатор Сандерс: Амрико шарики наслкушӣ дар Ғазза аст Яке аз сенаторҳои Амрико ин кишварро шарики ҷиноятҳои режими Исроил дар Навори Ғазза алайҳи фаластиниён донист. Ба гузориши манобеи хабарӣ, Бернӣ Сандерс, сенатори амрикоӣ аз Ҳизби демократ, субҳи рӯзи шанбе дар изҳороти шадиде гуфт, ки Амрико бо ирсоли силоҳ ба Нетаняҳу дар анҷоми наслкушӣ ва ҷиноятҳо дар Ғазза шарикӣ кардааст. Вай изҳор дошт: «Номусаззиб аст, ки ин созишнома ҳамон тарҳе мебошад, ки Нетаняҳу ва ҳукумати ифротии ӯ дар моҳи майи гузашта рад карда буданд». Сандерс афзуд: «Аз замони пешниҳод шудани тарҳи мазкур дар моҳи майи гузашта, беш аз 10 ҳазор нафар кушта шудаанд ва ранҷи асирон ва ғайринизомиён дар Ғазза шиддат ёфтааст». https://tajikpress.com/2025/01/18/%d0%b0%d0%bc%d1%80%d0%b8%d0%ba%d0%be-%d1%81%d0%b0%d0%bd%d0%b4%d0%b5%d1%80%d1%81-%d2%93%d0%b0%d0%b7%d0%b7%d0%b0/
    0 комментариев
    0 классов
    Сенатор Сандерс: Амрико шарики наслкушӣ дар Ғазза аст Яке аз сенаторҳои Амрико ин кишварро шарики ҷиноятҳои режими Исроил дар Навори Ғазза алайҳи фаластиниён донист. Ба гузориши манобеи хабарӣ, Бернӣ Сандерс, сенатори амрикоӣ аз Ҳизби демократ, субҳи рӯзи шанбе дар изҳороти шадиде гуфт, ки Амрико бо ирсоли силоҳ ба Нетаняҳу дар анҷоми наслкушӣ ва ҷиноятҳо дар Ғазза шарикӣ кардааст. Вай изҳор дошт: «Номусаззиб аст, ки ин созишнома ҳамон тарҳе мебошад, ки Нетаняҳу ва ҳукумати ифротии ӯ дар моҳи майи гузашта рад карда буданд». Сандерс афзуд: «Аз замони пешниҳод шудани тарҳи мазкур дар моҳи майи гузашта, беш аз 10 ҳазор нафар кушта шудаанд ва ранҷи асирон ва ғайринизомиён дар Ғазза шиддат ёфтааст». https://tajikpress.com/2025/01/18/%d0%b0%d0%bc%d1%80%d0%b8%d0%ba%d0%be-%d1%81%d0%b0%d0%bd%d0%b4%d0%b5%d1%80%d1%81-%d2%93%d0%b0%d0%b7%d0%b7%d0%b0/
    0 комментариев
    1 класс
Фильтр
  • Класс
  • Класс
  • Класс
  • Класс
  • Класс
  • Класс
  • Класс
Показать ещё