Вазири умури хориҷаи кишвар бо намояндаи вижаи Иттиҳоди Аврупо дар Осиёи Марказӣ дидор ва гуфтугӯ кард.
Вазири умури хориҷаи кишвар бо намояндаи вижаи Иттиҳоди Аврупо дар Осиёи Марказӣ дидор ва гуфтугӯ кард.
Сироҷуддин Муҳруддин, вазири умури хориҷаи кишвар бо Тарҳи Ҳоколо, намояндаи вижаи Иттиҳоди Аврупо дар Осиёи Марказӣ дидор ва гуфтугӯ кард. Дар ҷараёни ин дидор, ки ба муносибати поёни маъмурияти Ҳоколо ба унвони намояндаи вижаи Иттиҳоди Аврупо дар Осиёи Марказӣ анҷом гирифт, мавзуъҳои калидии дастури кори ҳамкориҳои чандҷонибаи Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо баррасӣ шуд.
Ду тараф ҳамчунин дар хусуси чашмандози густариш ва тақвияти бештари мушорикати дуҷониба ва чандҷониба бо ниҳодҳои Иттиҳоди Аврупо гуфтугӯ ва табодули назар карданд.
Вазири умури хориҷаи Тоҷикистон зимни қадрдонӣ аз Ҳоколо ба далели мушорикат дар густариши ҳамкориҳои мутақобили судманд байни Душанбе ва Иттиҳоди Аврупо барои вай дар маъмурияти баъдӣ орзуи муваффақият кард. https://tajikpress.com/2024/11/24/%d0%b4%d0%b8%d0%b4%d0%be%d1%80%d0%b8-%d0%b2%d0%b0%d0%b7%d0%b8%d1%80%d0%b8-%d1%85%d0%be%d1%80%d0%b8%d2%b7%d0%b0-%d0%b1%d0%be-%d0%bd%d0%b0%d0%bc%d0%be%d1%8f%d0%bd%d0%b4%d0%b0%d0%b8-%d0%b2%d0%b8%d0%b6/
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев