Расонаҳои саҳюнистӣ ба вайрониҳои густурдаи барҷой монда бар асари исобати мушакҳои размандагон ва муҷоҳидони Ҳизбуллоҳи Лубнон ба минтақаи ишғолии Кариёт Шамуна эътироф карданд.
Ба гузориши хабаргузории Ал-Маёдин, расонаҳои ибрӣ забон бо эътироф нисбат ба шиддати ҳамалоти рӯзи гузаштаи размандагон ва муҷоҳидони Ҳизбуллоҳи Лубнон таъкид карданд, ки минтақаи ишғолии Кариёт Шамуна дар асари исобати мушакҳои нирӯҳои Лубнон ба шиддат осеб дидааст ва ба вайронае табдил шудааст.
Ин расонаҳо изофа карданд: Кариёт Шамуна ба як бозсозии тӯлони муддат ниёз дорад ва ба далели тахрибҳои густурдаи ношӣ аз исобати мушакҳои размандагон ва муҷоҳидони Ҳизбуллоҳ бояд аз нав сохта шавад.
Рӯзномаи Едиот Аҳаронот дар ин хусус гузориш дод: Хисоратҳои густурдае ба хонаҳо ва худравҳо дар пайи исобати мушакҳои размандагон ва муҷоҳидони Лубнони ба Кариёт Шамуна барҷой мондааст.
Соате қабл Ҳизбуллоҳи Лубнон бо судури баёнияе аз ҳамлаи мушакии худ ба минтақаи ишғолии Кариёт Шамуна ва ҳамчунин мушак борони мавозеъи низомии ҳассоси Тел-Авив хабар дод. https://tajikpress.com/2024/11/19/%d2%b3%d0%b8%d0%b7%d0%b1%d1%83%d0%bb%d0%bb%d0%be%d2%b3%d0%b8-%d0%bb%d1%83%d0%b1%d0%bd%d0%be%d0%bd-%d0%ba%d0%b0%d1%80%d0%b8%d1%91%d1%82-%d1%88%d0%b0%d0%bc%d1%83%d0%bd%d0%b0/
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев