Маҳофили режими саҳюнистӣ бо эъломи ин ки Исроил аз ҳадафи худ дар бозгардондани оворагон ба ҷабҳаи шимолӣ дур шудааст, таъкид карданд: Мо ҳамчунон дар ботлоқи Лубнон фурӯ меравем ва қудрати низомии Ҳизбуллоҳ ҳеҷ осебе надидааст ва Исроил қодир ба таҳмили шурути худ дар оташбаси бо Лубнон нест.
Дар идомаи интиқодоти маҳофили режими саҳюнистӣ аз амалкарди кобина ва артиши ин режими ҷинояткор ва кӯддаккуш дар ҷабҳаи шимолии Фаластини ишғолӣ ва вазъияти ошуфтаи шаҳракҳои шимолӣ дар натиҷаи ҳамалоти мудовими Ҳизбуллоҳ, рӯзномаи ибрии “Маарив” дар гузорише, аз муъзали бузурге, ки пеши рӯи артиши ин режим қарор дорад сухан гуфта ва таъкид кард, ки камбуди нирӯҳои захира, ба Исроил дар баробари Ҳизбуллоҳ осеб мезанад.
Баъд аз коҳиши чашмгири теъдоди нирӯҳое, ки ба артиш мепайванданд, муъзал ва буҳрони амиқе гиребони артиши Исроилро гирифта ва бар иқдомоти он барои фишор бар Ҳизбуллоҳ таъсири манфӣ мегузорад.
Артиши Исроил мутаваҷҷеҳ шуда, ки дар ғиёби нирӯҳои захира, иқдомоти Исроил дар фишори низомӣ бар Ҳизбуллоҳ ва имкони расидан ба тавофуқ осеб мебинад.
Вазъияти нирӯҳои захира дар типи Голании артиши режими ҷинояткор ва кӯдаккуши саҳюнистӣ ва шикоёти аъзои ин тип аз кобина ва артиш ишора карда ва гуфт: Онҳо аз мушкилоти иқтисодӣ ва хонаводагии шадиде дар тӯли як солу ними гузашта ранҷ мебаранд ва бархе аз онҳо амалан 250 рӯз ё бештар маҷбӯр ба ширкат дар ҷанг будаанд. https://tajikpress.com/2024/11/19/%d2%b3%d0%b8%d0%b7%d0%b1%d1%83%d0%bb%d0%bb%d0%be%d2%b3-%d0%bb%d1%83%d0%b1%d0%bd%d0%be%d0%bd-%d0%b8%d1%81%d1%80%d0%be%d0%b8%d0%bb-%d1%81%d0%b0%d2%b3%d1%8e%d0%bd%d0%b8%d1%81%d1%82%d3%a3/
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев