Берни Сандерс хостори тарҳҳое барои таҳрими таслиҳотии Исроил ироа хоҳам кард.
Ба гузориши хабаргузории Алҷазира, Берни Сандерс, сенатори яҳудӣ – амрикоӣ аз давлати Ҷо Байден ба далели ҳимояти низомӣ аз режими ҷинояткор ва кӯдаккуши саҳюнистӣ интиқод карда ва хостори таҳрими таслиҳотии Тел-Авив шудааст.
Бар ин асос, Берни Сандерс дар сафҳаи шахсии худ дар шабакаи иҷтимоии X (Твитер) дар ин бора навишт: Тарҳи таҳрими бархе силоҳҳои Амрико ба Исроилро барои раъй гирӣ дар Конгресс ироа хоҳам кард.
Вай бо интиқод аз режими ҷинояткор ва кӯдаккуши саҳюнистӣ ва бархилофи иддаои давлати Ҷо Байден, ки муддаӣ беҳбуди иқдомоти Исроил барои беҳбуди кумакҳои башардӯстона ба Ғазза шуда буд, эълом кард: Исроил акнун ба таҳмили маҳдудиятҳо барои вуруди ғизо ва дору ба мардуми бадбахти Ғазза идома медиҳад.
Берни Сандерс моҳи қабл низ эълом карда буд, ки замони бозгушоии дубораи Конгресс, барномаҳои муштараки мухолиф бо фурӯши таслиҳот ба Исроилро ироа хоҳам дод, аммо бо ин ҳол, зарурат дорад, ки Ҷо Байден, раисҷумҳури Амрико ҳам акнун даст ба иқдом бизанад.
Берни Сандерс афзуд: Исроил ошкоро қавонини байналмилалӣ ва қавонин Амрикоро зери по гузоштааст. Тел-Авив акнун аз гуруснагӣ ба унвони як аслиҳа дар ҷанги ҳамаҷониба алайҳи мардуми мазлуми Фаластин баҳра гирифтааст. https://tajikpress.com/2024/11/14/%d0%b0%d0%bc%d1%80%d0%b8%d0%ba%d0%be-%d0%b8%d1%81%d1%80%d0%be%d0%b8%d0%bb-%d1%81%d0%b0%d0%bd%d0%b4%d0%b5%d1%80%d1%81/
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев