УМРИ РАФТА БОЗ Н-ОЯД ДИГАР...
Эй, рафиқон як ҳикоят мекунам,
Ман, зи пириям шикоят мекунам.
Роҳ гардам, мекалобад гоҳ сарам,
Нест, пурра қуввае дар пайкарам.
Эй, куҷо рафтӣ, ҷавонмардии ман?
Давраҳои шоду бедардии ман.
Нури зебоӣ бирафт, аз рӯи ман,
Зуд гирифт, қувваю бозуи ман.
Ки тавонад ин ҷавониро дигар?
Боз дарёбад, ба молу симу зар.
Эй, ҷавонмарди бо илму бо ҳунар,
Умри рафта боз н-ояд дигар.
Нет комментариев