https://youtu.be/MqluwTCg2uQ
Дили маро бурдаӣ ба чашму абру, ҷоно. Лабат шаҳди ғазал нӯшида, хотун, Фирӯзабону, ҷоно, Нигоҳат рахти шаб пӯшида, хотун, Фирӯзабону, ҷоно. Даруни соғари доғи лабонат, Фирӯзабону, ҷоно, Шароби бӯсаат ҷӯшида, хотун, Фирӯзабону, ҷоно, Фирӯзабону, ҷоно. У бону, бону, ҷоно, у Шаҳрбону ҷоно, Дили маро бастаӣ ба тори гесу, ҷоно. Парӣ гуфта садоят мекунам ман, Фирӯзабону, ҷоно, Сарамро хоки роҳат мекунам ман, Фирӯзабону, ҷоно. Кунӣ, гар як нигоҳ бар сӯям, ай ҷон, Фирӯзабону, ҷоно, Дили худро фидоят мекунам ман, Фирӯзабону, ҷоно, Фирӯзабону, ҷоно. У бону, бону, ҷоно, у Шаҳрбону ҷоно, Дили маро бастаӣ ба тори гесу, ҷоно. Дили маро бурдаӣ ба чашму абру, ҷоно.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев