Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 🇹🇯 Самандаров Фаридун сФс
    0 комментариев
    0 классов
    Afina / Persian music
    0 комментариев
    0 классов
    Паёми Табрикоти ба Муносибати Иҷлосияи XVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамзамон Рӯзи Президент... Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити барои миллати тоҷик ва тоҷикистониён ниҳоят ҳассосу мушкил ба вуҷуд омада буд, дар чунин шароити ҳассоси таърихӣ баргузории Иҷлосияи тақдирсози XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоби шаҳри бостонии Хуҷанд оғоз гардид ва хушбахтона дар ҳамин санаи таърихи ки 16-уми ноябри соли 1992 Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби вакилон ба ҳайси раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардиданд ва яке аз корҳои аввалине, ки баҳри таҳкими пояҳои давлати соҳибистиқлол анҷом додани он зарур шуморида шуд, ворид намудани тағйиру илова ба Конститутсияи кишвар буд, ки дар ҷараёни он иҷлосия қабул карда шуд. Маврид ба зикр аст, ки иҷлосияи мазкур аз 16 ноябр то 2 декабри соли 1992 идома ёфта дар рӯзномаи он 23 масъала мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Дар иҷлосия 74 санади ҳуқуқӣ, аз ҷумла 15 қонун, 52 қарор, 6 фармон ва як изҳорот қабул шуданд, ки минбаъд онҳо дар ба низом даровардани вазъи сиёсиву ҳуқуқии кишвар, рушди муносибатҳои ҷамъиятӣ ва ташаккули давлатдории миллӣ саҳми арзишманд гузоштанд. Ин иҷлосия заминаҳои мусоиди ҳуқуқиву сиёсиро барои расидан ба сулҳу субот ва ба вуқӯъ пайвастани дигаргунӣ ва пешравиҳои азимро дар ҷомеаи Тоҷикистон фароҳам овард. Санадҳои меъёрии қабулшуда минбаъд барои мустаҳкам намудани асосҳои сохтори конститутсионии кишвар, таъмини волоияти қонун ва таҳкими қонуният, гирифтани пеши роҳи ҷанги шаҳрвандӣ, таҳкими муносибатҳои хориҷӣ, фаъолияти мунназами мақомоти давлат, аз он ҷумла мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, заминаи боэътимод гузоштанд ва соли 1994 бо қабули аввалин Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол, тариқи раъйдиҳии умумихалқӣ ва муқаррар гардидани шакли Президентии идораи давлат, Эмомалӣ Раҳмон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб карда шуданд. Мо халқи Тоҷик ва Тоҷикистониёнро зарур аст, ки бо дарназардошти вазъи мураккаби сиёсии ҷомеаи ҷаҳонӣ, авзои кунунии минтақа, таъсири паёмадҳои ногувори раванди ҷаҳонишавӣ ва таҳаввулотҳои босуръат тағйирёбандаи замони муосир беш аз ҳар вақти дигар атрофи сиёсати созандаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид гашта, ҷиҳати ҳифз ва нигаҳдошти арзишҳои истиқлоли давлатӣ, дастовардҳои Иҷлосияи тақдирсози XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таҷлили сазовори бузургтарин ҷашни миллӣ - 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самаранок фаъолият намоем. Ёдовар мешавем 16 ноябр Рӯзи Президент низ номида мешавад, барои он ки миллат ва давлатро аз нобуди наҷот доданд, ҳамин аст, ки ИҶЛОИҶЛОСИЯИ XVI Иҷлосияи Тақдирсоз низ номида мешавад. Ҳамватанони азиз ҳамаи шумоёнро бо фарорасии ин санаи таърихи табрику муборакбод мегӯям. Бо эҳтиром Самандаров Фаридун сФс ✍
    0 комментариев
    1 класс
    Мутаваҷҷеҳи ВАҚТ⏳ бошем... Бо эҳтиром Самандаров Фаридун сФс ✍
    0 комментариев
    0 классов
    Афина - Ишқ ( official music ) " concert version " 2024 Истаравшан | Afina - Ishq
    0 комментариев
    0 классов
    Persian Guitar music / Я барам бачаи форсро футбол - BisTTin & Shun Guitar
    0 комментариев
    0 классов
    Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 🇹🇯 Боби ҳаштум СУД Моддаи 84 Ҳокимияти судӣ мустақил буда, аз номи давлат ва аз тарафи судяҳо амалӣ мегардад. Ҳокимияти судӣ ҳуқуқ, озодии инсону шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муассисаҳо, қонунияту адолатро ҳифз менамояд. Адолати судиро Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ, Суди ҳарбӣ, Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия, Суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои иқтисодии вилоят ва шаҳри Душанбе амалӣ мекунанд. Тартиби таъсис, ташкил ва фаъолияти судро қонуни конститутсионӣ муайян мекунад. Муҳлати ваколати судяҳо 10 сол аст. Таъсиси суди фавқулода манъ аст. Моддаи 85 Ба вазифаи судяҳои Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ, судҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят ва шаҳри Душанбе шахсе интихоб ё таъин мешавад, ки танҳо шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дошта бошад, дорои таҳсилоти олии ҳуқуқшиносӣ буда, синни ӯ аз 30 кам набошад ва ҳадди ақал 5 сол собиқаи кории судягӣ дошта бошад. Ба вазифаи судяҳои судҳои шаҳр ва ноҳия, суди ҳарбӣ, судҳои иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят ва шаҳри Душанбе шахсе таъин мешавад, ки танҳо шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дошта бошад, дорои таҳсилоти олии ҳуқуқшиносӣ буда, синни ӯ аз 25 кам набошад ва ҳадди ақал 3 сол собиқаи кории касбӣ дошта бошад. Синни ниҳоии дар вазифаи судя фаъолият намуданро қонуни конститутсионӣ муайян менамояд. Шахсе, ки бори аввал ба вазифаи судя таъин шудааст, дар вазъияти тантанавӣ савганд ёд мекунад. Моддаи 86 Судяҳои Суди ҳарбӣ, судяҳои Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия, судяҳои Суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят ва шаҳри Душанберо бо тартиби муқарраркардаи қонуни конститутсионӣ Президент таъин ва озод мекунад.  Моддаи 87 Судяҳо дар фаъолияти худ мустақил буда, танҳо ба Конститутсия ва қонун итоат мекунанд. Дахолат ба фаъолияти онҳо манъ аст. Моддаи 88 Судяҳо парвандаҳоро ба таври дастҷамъӣ ва ё танҳо баррасӣ мекунанд. Мурофиа ба тарзи мубоҳиса ва дар асоси баробарии тарафҳо сурат мегирад. Мурофиа дар ҳамаи судҳо ба тарзи ошкоро мегузарад, ба истиснои мавридҳое, ки қонун муайян кардааст. Мурофиа ба забони давлатӣ ва ё забони аксарияти аҳолии маҳал баргузор мегардад. Шахсоне, ки забони мурофиаро намедонанд, бо тарҷумон таъмин карда мешаванд. Моддаи 89 Суди конститутсионӣ аз 7 нафар иборат буда, яке аз онҳо намояндаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мебошад. Ба вазифаи судяи Суди конститутсионӣ шахсе интихоб мешавад, ки танҳо шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дошта бошад, дорои таҳсилоти олии ҳуқуқшиносӣ буда, синни ӯ аз 30 кам набошад ва ҳадди ақал 7 сол собиқаи кории касбӣ дошта бошад. Синни ниҳоии дар вазифаи судяи Суди конститутсионӣ фаъолият намуданро қонуни конститутсионӣ муайян менамояд. Шахсе, ки бори аввал ба вазифаи судяи Суди конститутсионӣ интихоб шудааст, дар иҷлосияи Маҷлиси миллӣ савганд ёд мекунад. Салоҳияти Суди конститутсионӣ: 1) муайян намудани мувофиқати қонунҳо, санадҳои меъёрии ҳуқуқии якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон, Маҷлиси миллӣ, Маҷлиси намояндагон, Президент, Ҳукумат, Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ ва дигар мақомоти давлатию ҷамъиятӣ, шартномаҳои ба қувваи қонун надаромадаи Тоҷикистон ба Конститутсия; 2) ҳалли баҳсҳои байни мақомоти давлатӣ доир ба салоҳияти онҳо; 3) иҷрои ваколатҳои дигаре, ки Конститутсия ва қонунҳо муайян кардаанд. Санадҳои Суди конститутсионӣ қатъист. Моддаи 90 Судя наметавонад вазифаи дигареро иҷро намояд, вакили мақомоти намояндагӣ, узви ҳизб ва созмонҳои сиёсӣ бошад, ба соҳибкорӣ машғул гардад, ба истиснои фаъолияти илмиву эҷодӣ ва омӯзгорӣ.  Моддаи 91 Судя ҳуқуқи дахлнопазирӣ дорад. Ӯро бе ризоияти мақомоте, ки интихоб ё таъин кардааст, ҳабс кардан ва ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидан мумкин нест. Судяро дастгир кардан мумкин нест, ба истиснои дастгир кардани ӯ ҳангоми содири ҷиноят. Моддаи 92 Ёрии ҳуқуқӣ дар тамоми марҳилаҳои тафтишот ва мурофиаи судӣ кафолат дода мешавад. Тарзи ташкил ва тартиби фаъолияти адвокатура ва дигар шаклҳои ёрии ҳуқуқиро қонун муайян мекунад.  Гирдоварандаи мавод : Самандаров Фаридун сФс
    0 комментариев
    1 класс
    Persian deep house music / BisTTin & Gr.+20TIN
    0 комментариев
    1 класс
    Паёми Табрикоти ба Муносибати Рӯзи Кормандони Мақомоти Судӣ... Муҳтарам кормандони мақомоти судӣ, ҳамаи шумоёнро бо фарорасии иди касбиатон табрику муборакбод намуда ба кор ва фаъолияти ҳар яки Шумоён муваффақиятҳои беназири соҳавиву ҳаётиро таманно дорам бигзор ҳамеша муваффақу сарбаланд бошед, кормандони мақомоти судӣ. Рӯзи кормандони мақомоти судӣ муборакбод! Бо эҳтиром Самандаров Фаридун сФс ✍
    0 комментариев
    0 классов
    Persian Deep House Music / Dushanbe - Canada
    0 комментариев
    1 класс
567489235711
  • Класс
  • Класс
567489235711
  • Класс
  • Класс
567489235711
  • Класс
  • Класс
567489235711
  • Класс
  • Класс
Показать ещё