ки фаромӯшаш кардаанд
ИНЪОМҶОН ҚУРБОНОВА
(1924 – 2010)
Ин духтари диловар, ки баъдан бо номи “Инъомҷони нотарс” машҳур шуд, дар ноҳияи Балҷувони вилояти Хатлон ба дунё омадааст. Баъдан оилааш ба шаҳри Хуҷанд кӯчидааст.
Инъомҷон дар синни 17-солагӣ барои ҷанг бо фашистон ба комиссариати ҳарбӣ ариза пешниҳод кард. Ӯро ба клуби ҳавопаймоӣ қабул карданд. Чанд моҳ ҳунари ҷанг дар ҳаворо омӯхта, сипас ба ҷабҳа рафт. Набард бо душманро дар ҷабҳаи Қафқози Шимолӣ аз шаҳри Моздок сар кард. Вай дар ҷангҳо маҳорати хуб нишон дод, эҳтироми хоса пайдо кард. Аҷибаш он буд, ки Инъомҷон ва ҳавопаймояш аз тамоми набардҳо беосеб бармегашт ва амалиётро низ пурра ба анҷом мерасонд. Одаташ ин буд, ки баъди баргаштан аз амалиёт бегоҳӣ барои ҳамяроқонаш суруд хонда, каме ҳам бошад, ғамашонро сабук мегардонд.
Азбаски фашистон барои гирифтани Қафқоз лашкару техникаи ҳарбии зиёдеро ба майдон андохта буданд, ҳавонавардон маҷбур буданд дар як рӯз се-чор маротиба ба ҷанг бархезанд. Инъомҷон ба ин ҳама азобҳо мардонавор тоб оварда тавонист ва барои парвозҳои муваффақонаи ҷангиаш аз худи Сарфармондеҳи Олии Иттиҳоди Шӯравӣ номаи миннатдорӣ гирифт.
Пас аз пирӯзӣ дар ҷабҳаи Қафқоз дастаи Инъомҷонро ба мудофиаи шаҳри Сталинград фиристоданд. Агар дар Қафқоз тайёраҳо рӯзона ба ҷанг мебаромаданд, дар ин ҷо аксар набардҳо шабона сурат мегирифтанд. Муҳорибаи Сталинград ниҳоят шадид буд. Ҳангоми як ҷанги шабона ба тайёраи Инъомҷон тир расид. Фармондеҳ ҳалок шуд, Инъомҷон худро ба замин ҳаво дод. Сутунмуҳрааш шикаст, аммо зинда монд. Пас аз табобат боз роҳи ҷангиашро давом дода, то ғалабаи пурра бар фашизм дар муҳорибаҳо иштирок кард.
Пас аз ҷанг ба вилояти Кӯлоб баргашта, дар идораҳои ҳифзи ҳуқуқ фаъолият кард. Охири умрашро дар шаҳри Ваҳдат гузарондааст. Кору пайкори Инъомҷони нотарс барои ҳар як тоҷики ватандӯст намунаи ибрат мебошад.
Ato Mirkodja
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев