Пас аз танаффуси тӯлонӣ ҳаракати автобусҳо дар хатсайри Хуҷанд-Новосибирск-Хуҷанд аз сар гирифта шуд. Ҳамчунин, ҳоло автобусҳои мусофирбар аз маркази Суғд ба ду самти дигар – Тюмен ва Сургут ҳаракат мекунанд.
Бартарии аслии чунин хатсайрҳо дар қиёс бо парвози ҳавопаймоҳо чист, онҳо дар кадом рӯзҳо амалӣ мешаванду сафар чанд соатро ташкил медиҳад - посух дар навори Sputnik Тоҷикистон.