Гоҳо истифодаи ангишт дар оташдонҳо бо марги занону кӯдакон меанҷомад.
Дар Маркази назорати давлатии санитарӣ ва эпидемиологии Суғд роҳи пешгирӣ аз чунин фоҷиаҳоро ба Sputnik Тоҷикистон фаҳмонданд.
"Печҳо дар ҷойҳои махсус ва дур аз назди кӯдакон ҷойгир шуда, дудбурояки онҳо ҳар сол бояд тоза ва ё иваз карда шаванд. Ангишт бояд дар ҳавои кушод сӯзонда (сурх) шуда сипас ба печҳо андохтан дуруст аст. Атрофи печҳои бухорӣ бояд тозаю озода нигоҳ дошта шаванд", – гуфт Султон Раҳмонзода, сардори ин марказ.