#ozodivideo #tajikistannews #uzbekistan #новости #kunuz #qalampiruz
Мушовири вазири экологияи Ӯзбекистон Расул Кушербоев пешниҳод кардааст, ки намояндаи расмии Вазорати корҳои хориҷии Русия Мария Захарова ба рӯйхати шаҳрвандони хориҷӣ дохил карда шавад, ки будубошашон дар Ӯзбекистон номатлуб аст. Ба гуфтаи ӯ, сабаби пешниҳоди мазкур бо изҳороти марбут ба лату кӯби кӯдаки русзабон аз ҷониби як муаллима дар яке аз мактабҳои кишвар мебошад. "Мо ҳеҷ гоҳ ба корҳои дохилии Русия дахолат накардаем, аз ҷумла ба он чи дар мактабҳои Русия рух медиҳад. Ин кори дохилии Русия аст. Бинобар ин дахолати намояндаи ВКХ Русия Мария Захарова ба корҳои дохилии Ӯзбекистон, ки бо ҳодисаи мактаби Тошканд вобаста аст, танҳо як изҳороти тасодуфӣ нест", - гуфт Кушербоев. "Замони он расидааст, ки Захарова ба "Рӯйхати шаҳрвандони хориҷӣ, ки вурудашон ба Ӯзбекистон манъ аст", дохил карда шавад. Ин рӯйхат бояд аз ӯ оғоз карда шавад", - пешниҳод кард мансабдор.
📌Ба шабакаи мо обуна шавед -
https://www.youtube.com/channel/UCyVKvQcbrYCgCGjMXS5nC4w?sub_confirmation=1
Манба:
https://tj.habarho.com
https://instagram.com/Habarho/
https://youtube.com/c/Habarho
https://facebook.com/Habarho
https://twitter.com/Habarho
#tv_tojikiston #ozodlikradiosi #ozodlik #хабарлар #ахборот