Бобоназарзода Парвиз, соли таваллудаш 1993 ва Тошокова Зебо соли таваллудаш 1997, ки зану шавҳаранд наздики ҳазор нафар ҷавонро фиреб додаанд. Онҳо дар «Однокласники» саҳифаи занона ба қайд гирифта, барои анҷом додани алоқаи ҷинсӣ эълонҳои диққатҷалбкунанда нашр кардаанд.
Бо ин роҳ, аз ҷавонони шаҳватпараст дар шакли электронӣ ҳамчун пешпардохт аз 100 то 500 сомонӣ гирифта, онҳоро фиреб дода, маблағҳоро дар эҳтиёҷоташон сарф кардаанд.