#умедирахмат
Балое чун расад бар ту, махур ғам ҳикмате дорад,
Чу дардеро Худо бахшад, яқинан қисмате дорад.
Яке розӣ зи тақдиру яке ҳам норозӣ аз он,
Ки ҳар одам ба ҳарчизе насибу қисмате дорад.
Яке афтода аз ғамҳо, ки нолидан бувад кораш,
Яке фориғ зи заҳматҳо, ки бахту роҳате дорад.
Марав бар кӯи сармастӣ, ки охир оварад пастӣ,
Ба некӣ кӯш эй ҷонам, ки дунё фурсате дорад.
Даво кун хастаҳолеро чу мебини ки ранҷур аст,
ки бадбахтии ӯ ҳатман замону муддате дорад.
Биёбӣ ганҷи беранҷе, чу аз кафт рафт меранҷӣ,
Бидон ҳаркас дод ноне, ба рӯзе миннате дорад.
Зи нодорӣ чӣ менолӣ, қаноат пеша кун зеро,
Дами ҷонканданаш доро ба молаш лаънате дорад.