Иттиҳоди Аврупо ба нақша гирифтааст, ки барои фарогирии Осиёи Марказӣ бо алоқаи моҳвораии Аврупо 20 миллион евро ҷудо кунад, гуфт намояндаи Иттиҳоди Аврупо дар Қазоқистон Йоханнес Баур. Ба гуфтаи ин мансабдор, лоиҳаи аврупоӣ аз Starlink беҳтар аст, зеро моҳвораҳои Илон Маск дар атрофи Замин дар мадори паст ва моҳвораҳои аврупоӣ дар мадори миёна давр мезананд.