Истиқлолияти давлатӣ 32 сола шуд. Дар 32 соли соҳибистиқлолии худ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун як давлати ру ба рушд, бо бурдборию муваффақиятҳои назаррас ноил гашт. Роҳҳо ҳамвор, муассисаҳои нави фарҳангию тандурустӣ бунёд, кӯчаҳо чароғон, гулгашту хиёбонҳо гулпуш шуд. Дар маҷмуъ дар тамоми шаҳру ноҳияҳои кишвар, корҳои созандагию ободкорӣ суръат гирифт. Маҳз ин бунёдкориҳо сабаб шуд, ки дар пешоруи ҳар ҷашну маросимҳои барои мардуми тоҷик арзишманд, ба истифода додани иншооти гуногуни бунёдгашта, ба ҳукми анъана даромад. Ҳамин аст, ки дар пешорӯи ҷашни Истиқлол дар шаҳри Левакант чанде аз иншооти барои мардум лозима ифтитоҳ ёфт.