Марзу сарҳад ҳамеша масъалаи баҳсӣ боқӣ мемонад. Дар шаҳраки Сароби ноҳияи Спитамен ҳоло шаҳрвандони ду кишвар умр ба сар мебаранд. Ҳатто дар даврони сард будани муносибатҳои ду давлат онҳо бародарвор зиндагӣ мекарданд ва муаммое надоштанд. Чаро шаҳрвандони Ӯзбекистон то ҳол дар ин минтақа зиндагӣ мекунанд? Қиссаҳои ҷолибро дар ин филм ҷамъ овардем. Тамошо кунед. Бароятон тамошои хуб таманно дорем.
-----------------------------------------------------------
Филми мазкур бо кӯмаки мардуми Амрико, ки аз тариқи Оҷонсии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ расонида мешавад ва дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи MediaCAMP, ки аз ҷониби Internews бо дастгирии молиявии USAID амалӣ мегардад, омода шудааст. Телевизиони "Танин" барои муҳтавои ин филм масъул буда, шарт нест, ки он мавқеи USAID, Ҳукумати ИМА ё Internews-ро инъикос намояд.