ДИЛАТ МАЙЛИ ВАТАН ДОРАД
Агар андар ғариби аз либоси зар ба тан дори,
Агар сад булбули гуёи хушхон дар чаман дори.
Агар сад нозу неъмат рӯи хон дур аз ватан дори.
Дилат майли ватан дорад ҳавои он чаман дорад.
Агар гирди ҷаҳон гарди замину осмон гарди,
Агар бо васфи номи хеш ҳамеша дар забон гарди.
Агар ғарқи маъишатҳову нозу обу дон гарди,
Дилат майли ватан дорад ҳавои он чаман дорад.
Агар Искандаре боши ҷаҳонро сарваре боши,
Агар аз мушкили фориғ ба сад болу паре боши.
Агар дур мулки бегона чу тоҷе бар саре боши.
Дилат майли ватан дорад ҳавои он чаман дорад.
Показать еще
Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше интересных видео и найти новых друзей.