Марди 51 солаи сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бар асари муноқишаи оилавӣ хоҳари 48 солаи худро бо зарби табар ба ҳалокат расонид. Ин куштори ваҳшиёна санаи 6-ум май дар пайи баҳси соҳиби намудани хонаи падарӣ рух дод. Мақомоти милитсияи вилояти Суғд хабар медиҳад, ки аз рӯи ин ҳодиса нисбати ҷинояткор бо моддаи 104-и Кодекси ҶТ яъне «одамкушӣ» парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Таваҷҷӯҳ намоед ба гузориши масъули дафтари матбуотӣ РВКД дар вилояти Суғд Акбар Шарифов.