ДАЙРИ БУДОӢ (БУДДИЙСКИЙ МОНАСТЫРЬ). 3000 СОЛ ПЕШ. ШАҲРИ ҲИСОР:
https://www.youtube.com/watch?v=YEmzZXmCHvM&t=3s
Видеогузориши сафари мо ба деҳаи Хучилдиёри Ҷамоати деҳоти ба номи "Мирзо Ризо"-и шаҳри Хисор манзури бинандагони азиз ва мухлисону дӯстдорони мавзеъҳои сайёҳӣ ва фарҳангӣ мегардад. Дар ин сафар моро Азалшоҳи Баҳром (таърихнигор), Бобомуродов Кенҷабой (муаллим), Бобоев Абдухалил (мутаваллии мазор) ва Неъматов Ҷурақул (сокини деҳаи Хучилдиёр) ҳамроҳӣ ва роҳбаладӣ намуданд. Инчунин, дар навор оиди таърихи деҳаи Хучилдиёр, маънои номи Хучилдиёр, маконҳои таърихӣ, фарҳангӣ ва сайёҳии деҳа, мазори "Чилтанҳо", дараи "Чилтанҳо" ё "Чанордара", чашма, гиёҳи сунбула, охирин муфтии бекигарии Ҳисор - Муфтӣ Зиёвиддин ва дигар шахсиятҳои маъруфи мусоҳибаҳо анҷом ёфта, аз ҷониби шахсони огоҳ аз таърихи деҳа ва мазор маълумотҳои муфид дода шудааст.
Ба он нафароне, ки дар таҳияи навори мазкур кумаки беғараз карданд, миннатдории хешро баён менамоем...