Ба номи Худо, ки ҳамаи ҳастӣ аз они ӯ ба дасти ӯст
Медонам, ки зиндагӣ дар ин дунё роҳату бедард нест, вале инро фаромӯш намекунам, ки Худованд соҳиби ин дунёст ва ҳама чизаш ҳисобу китоб дорад ва Худои ҳаким қодир аст, ки мушкилотро бароям осон кунад ва ноумедӣ аз раҳматашро гуноҳи бузург хондааст! Пас бо такя ба ӯ умедвор мемонам ва дар муқобили сахтиҳо таслим намешавам!
Худоё, ба ёди ту ҳастам, ту ҳам ба ёдам бош ва ёриям намо!
Худоё, эй мояи оромиши рӯҳу равонам!