КАЛИМАИ ФИРДАВС: АЗ АВАСТО ТО ҚУРЪОН:
https://www.youtube.com/watch?v=PvonH9cv6Xw&t=535s
БЕҲТАРИН СИФАТҲОИ ЗАНОН АЗ НИГОҲИ ИБНИ СИНО:
https://www.youtube.com/watch?v=zW_d3_o6z9I&t=43s
Тӯда номи деҳаест дар ҷамоати деҳоти Мирзо Ризои шаҳри Ҳисор. Аз деҳаи Тӯда то маркази ҷамоат 2 км, то маркази ноҳия 15 км мебошад. Аҳолиаш 6826 нафар (2017) буда, сокинони он тоҷикон ба ҳисоб мераванд.
Номи деҳа аз калимаи «тут» (туд) ва пасванди «а» гирифта шуда, маънои тутзор (макони тут)-ро дорад. Ҳар ду шакли навишти ин калима дар асарҳои илмӣ, таърихӣ ва адабии олимону адибони форсу тоҷик истифода шудааст. Деҳаи Тӯда дар водӣ ягона ҷойест, ки дар он бештар дарахти тут парвариш меёбад ва дар деҳа ҳавлие нест, ки дар он дарахти тут набошад. Шоир ва муҳаққиқ, зодаи ҳамин деҳа Салоҳиддин Садриддинов тути Тӯдаро васф карда гуфтааст:
Тутисухан бар Тӯда о, бо тут меҳмонат кунам,
Эй ҷони ман, ҳар рӯз о, к-аз тут мастонат кунам.
Ба гуфти зодагони деҳа арбоби давлатӣ ва адиб Ҳабибулло Назаров (1907—1978) ва хатмкардаи мадрасаи Бухоро Сайидалӣ Сатторов (1892—1963) мардуми деҳа тахминан с. 1702—1703 аз навоҳии Балҷувону Сарихосори минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон кӯчида ба Ҳисори Шодмон омадаанд. Маълумот аз:
https://tg.wikipedia.org/wiki/%D0%A2%D3%AF%D0%B4%D0%B0_(%D0%B4%D0%B5%D2%B3%D0%B0,_%D0%BD._%D2%B2%D0%B8%D1%81%D0%BE%D1%80)
Шарифзода Азалшоҳи Баҳром 07.07.1975 дар деҳаи Тудаи Ҷамоати деҳоти Мирзо Ризои шаҳри Ҳисор дар оилаи коргар ба дунё омадааст. Соли 1992 мактаби миёнаи №6-и ба номи Ҳабибулло Назаровро хатм намудааст. Соли 1993 ба Донишгоҳи исломии Тоҷикистон ба номи Имом Тирмизӣ (ҳозира Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам) дохил шуда, онро соли 1998 бо ихтисоси «Мударриси улуми исломӣ ва арабӣ» ба итмом расонидааст. Инчунин, соли 2007 Донишкадаи технологияи инноватсионии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо ихтисоси «Системаҳои иттилоотӣ» хатм намудааст. Азалшо аз соли 2008 то соли 2012 дар бахши ғоибонаи аспирантураи Институти забон ва адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (ҳозира Институти забон ва адабиёти ба номи А.Рўдакии АМИТ) таҳсил намуда, онро ба итмом расонидааст. Аз соли 2010 инҷониб сархатиби масҷиди марказии шаҳри Ҳисор буда, аз соли 2012 то кунун узви Шурои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Муаллифи китобҳои «Таҳриф ва ҷавози насх дар кутуби самовӣ», «Қуръон – китоби ҳидоят», «Калом ва мактаби эътиқодии Имом Абуҳанифа», «Туда бо тудае аз пайравони Имоми Аъзам» ва чандин мақолаҳои илмӣ мебошад. Барои маълумоти бештар муроҷиат шавад ба:
http://shuroiulamo.tj/ru/members/ids/13
Муаррифии видео
00:00 –
2:46
Мардуми деҳаи Туда аз куҷо омадаанд?
2:46 –
5:52
Муносибати қавмӣ-маҳаллии деҳаи
Туда бо деҳаҳои Чамбул, Чуртак
ва баъзеи дигар деҳаҳо
5:53 –
7:20
Маънои калимаи Туда
7:21 –
10:13
Илм ва олимони пешазинқилобии
деҳаи Туда
10:14 –
12:44
Мактабҳо ва мактабдории
пешазинқилобии деҳаи Туда
12:45 –
13:44
Хат ва хаттотӣ дар деҳаи Туда
13:45 –
17:00
Мактаб ва мактабдории
пасазинқилобии деҳаи Туда
17:01 –
17:50
Аскарони сурх ва босмачигарӣ
дар деҳаи Туда
17:51 –
20:53
Маконҳои сайёҳӣ ва ёдгориҳои
таърихӣ-меъмории деҳаи Туда
20:54 –
23:08
Туда дар замони Ҷанги Бузурги
Ватанӣ (ҶБВ)
23:09 –
24:00
Аҳолии деҳаи Туда чанд нафар аст?
24:01 –
24:48
Масҷиди таърихии деҳаи Туда
24:49 –
27:34
Осорхона (музей)-и деҳаи Туда
27:35 –
29:46
Кулолгарӣ дар деҳаи Туда
29:47 – ...