Ба номи Худо
Худоё, бар Муҳаммад ва Оли Муҳаммад дуруд фирист!
Бар шумо эй рӯзадорон сад салом
Моҳи меҳмонӣ чӣ зуд гашта тамом
Раҳматаш бо мағфират густарда буд
Моҳи озодӣ барои банда буд
Баста буд дасти шаётин ин замон
Баста буд дарҳои оташ бегумон
Боз карда боби ҷаннат мизбон
То диҳад бар меҳмононаш амон
Сад дареғо моҳи Қуръон ал-видоъ
Эй саросар лутфи Яздон ал-видоъ
Сад дареғо моҳи ғуфрон ал-видоъ
Эй саросар лутфи Яздон ал-видоъ
Худованд ҳамаи моро аз бахшидашудаҳои моҳи шарифи Рамазон гардонад