Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон
Худоё, бар Муҳаммад ва Оли Муҳаммад дуруд фирист!
Салом, бародару хоҳари мусулмонам!
Фаро расидани моҳи шарифи Рамазон моҳи меҳмонии Худои Субҳон, баҳори Қуръон ва нишоти аҳли имон ва пур аз хайру баракату эҳсонро ба шумо ва ҳамаи мусулмонони ҷаҳон ба хусус мардуми мазлуму мусулмони Тоҷикистон ва ҳамаи тоҷикони ҷаҳон табрик ва таҳният мегӯем! Умедворем Худованд ба ҳамаи мо дар ин моҳи шариф тавфиқи рӯзадорӣ, тиловати Қуръони Карим ва дастгирӣ аз ниёзмандонро ато кунад ва гуноҳони моро ба баракати шаби Қадри ин моҳи бузург бибахшад ва беҳтарин сарнавиштро барои мо насиб гардонад!
Ёдамон наравад, ки имсол ҳам бародарону хоҳарони мӯъмину мусулмон ва мазлуми мо дар зиндону ғурбату ҳиҷрат ва сахтӣ гирифторанд. Дар ин шабҳову рӯзҳои қабулии дуо ва боз будани дарҳои раҳмату мағфират ва ҷаннати Худованд барои ҳамаи мазлумону гирифторон наҷоту некрӯзӣ талаб кунем!
Имсол мусулмонон дар шароите моҳи Рамазонро пешвоз мегиранд, ки илова бар вируси манҳуси корона дар асари ҷангу даргириҳои марзӣ, минтақаӣ ва ҷаҳонӣ фазои ноамнӣ ва шароити душвори иқтисодӣ домангирашон шудааст. Барои ҳамаи беморон шифои комил ва барои ҳамагон саломату саодат ва сулҳу амният хоҳонем.
Ҷаҳон дар асари бӯҳронофаринӣ ва ҷангафрӯзиҳои ҷаҳонхорон дар ҳоли тағйири ҷиддӣ аст. Аз Худованд мехоҳем, ки шарри ашрору ҷинояткор ва номардони рӯзгорро ба худашон баргардонад ва мусулмонон ва мазлумонро аз чанголи девсиратон бираҳонад ва бо тулӯи хуршеди адолатгустар мардуми ранҷдидаро ба сӯбҳи саодат бирасонад.