Як корбари Радиои Озодӣ видеои моҷарои як ронанда бо корманди Хадамоти давлатии танзим ва назорат дар соҳаи нақлиётро ба мо фиристод, ки нишон медиҳад, як нафар корманди давлатиро ба муомилаи ғайриқонунӣ муттаҳам мекунад. Воқеа соатҳои чаҳори рӯзи 19-уми июн дар шоҳроҳи Исфара-Хуҷанд ба вуқӯъ пайвастааст. Мусоҳиби Радиои Озодӣ гуфт, рақами мошинро аз ронандаи мусофирбаре, гирифтанд, ки даҳҳо нафар аз ҷумла занону кӯдаконро мебурд.