Субхон Саидов / Субҳони Саид барои Нуралӣ Раҳимов.тахаллус : Нуралича , Нуралишоҳ , Нураличаи Ҳисорӣ ,Бой , Шери Ҳисор аз деҳаи Лолагӣ ш.Ҳисор (тав. 11.8.1953, деҳаи Лолагӣ, ноҳ. Ҳисор-ваф. соли 1994 аз тарафи як гуруҳи беномусон ваҳшиёна кушта шуд.27.4.1994, ), варзишгар. Р. бори аввал с. 1977 дар мусобиқаи умумиитифоқӣ дар намуди варзишии гӯштини самбо дар вазни 71 кг, ки байни варзишгарони ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон ва Россия иштирок карда, сазовори ҷойи намоён гардида буд. С. 1978 дар ҳайати тими яккачини ҶШС Тоҷ. дар мусобиқаи умумиитифоқӣ дар ш. Мински ҶШС Белорусия иштирок намуда, сазовори унвони Устоди варзиши ИҶШС гардид. Р. чемпиони мутлақи Осиёи Миёна ва Тоҷикистон дар намуди варзиши гӯштини самбо гардидааст ва шогирди Устоди варзиши байналхалқӣ оид ба гуштин Сайидмуъмин Раҳимов мебошад.
Бегмуроду Нурали Абдумчамили навкирон
Се нафар арзанда фарзанди Хисори шодмон
Дар дили мо рузу шаб бошад наку ёди шумо
Хамрахи мо рухатон бошад ба хар як хонадон
Бегмуроду Нурали Абдучамили номдор
Хар кадоме дар саховат номвар дар байни халк
Камбагалро дастгир афтодаро ёри расон
Бахри мардум хар кадомат ёварони чонфидо
Хар яке дар одаму одамгари сохиб нишон
Бегмуроду Нурали Абдумчамили навкирон
Рузи хар туйю тамошо машъали он маърака
Хар яки умри шумо дар хизмати халку нишон
Хар яке монанди нури чашм бар деха азиз
Мехратон доранд дар дили халк ошён
Лолаги аз харсеятон шуд дехаи овозадор
Ахли ин макон ба неки номат оранд бар забон
Хочи Усмони Хисори гуяд васфи шумо
То киёмат мекунад ёдатон пиру чавон