Дар Тоҷикистон мисли аксари дигар гӯшаҳои ҷаҳон рӯзи 14 феврал иди ошиқон таҷлил мешавад. Дар ҳоле, ки бахши муҳофизакори ҷомеа ба “бегона” ва “ғайриахлоқӣ” будани ин ҷашн таъкид мекунанд ва қишри дигари ҷомеа ғолибан бетафовут аст, аксар ҷавонони шаҳрҳои Тоҷикистонанд, ки ин идро баҳонае барои табрики дилдодаҳои худ истиқбол мегиранд.