Бигзарам чун аз чахон ёдам кунед
Дар кучое гуфта фарёдам кунед
Баъди мурдан то нагардам бенишон
Зикри хайре дустон шодам кунед
Гар хатое рафт аз ман маъзарат
Он хато бахшеду озодам кунед
Ёрону бародарон маро ёд кунед
Тобути маро зи чуби шамшод кунед
Тобути маро кадам-кадам бардоред
Дар хоки сиях монеду фарёд кунед
Аз дарахт афтад барге зери по (ме)шавад
Хайфи умри одами то меравад кам мешавад
Хайфи умри одами аввал бахор охир хазон
Хайфе, ки номи азизам аз чахон гум мешавад
Донаи гандум бияфтад дар замин нон мешавад
Талхии чон канданам аз моли мардум мешавад
Эй бародар ту биё аз моли мардум тавба кун
Ки-н моли мардум дар киёмат мору качдум мешавад
Хакки мардумхур харгиз ту машав
Чохилу беор харгиз ту машав
Об дар шират макун бахри фуруш
К-аз мазорат наърахо ояд ба гуш
Эй хоча бади накун, ки умр даргузар аст
Як аср чу бини умр он як назар аст
гар айшу тараб куниву гофил боши
Хуш дор, ки ба кабр болинат тар аст
Дар олами бевафо касе мир нашуд
Аз мурдани одам ин замин сер нашуд
Кас нест сухан барад бар устоди ачал
Мурдан ку хак аст вале чахон пир нашуд
Эй хоча бади накун ки умр даргузар аст
Зеро марги ман маълум аммо мурданам маълум нест
Муъминам аммо имон бурданам маълум нест
Дар киёмат рох дорам номи у гуям сирот
Ман намедонам ба он чо рафтанам маълум нест
Рохи пуршуру хатар нодида бикшодам сафар
Дар савори асби чубин рафтанам маълум нест
Дар даруни гури торик хаст он чо лахад
Ё ба миннат ё ба рохат хуфтанам маълум нест
Гар Худоро бандаи, як руз охир равандаи,
Бе намозу бе руза дар киёмат ту шармандаи!!!