Подпишись на новые видео -
https://www.youtube.com/c/ALLTAJIK
Дар ипподроми шаҳри Исфараи шимолии Тоҷикистон мусобиқаи бузкашӣ доир гардид, ки човандозони ғолиб шутуру автомашинаро ба даст оварданд. Ин мусобиқа бо ҷалби беш аз 500 нафар човандозон ва аспҳои зоти тезгард аз кишварҳои Ӯзбекистон, Қирғизистон, Афғонистон ва Тоҷикистон доир карда шуд. Човандозони ғолиб се афтомашинаи тамғаи «Жигули», ду сари шутуру асп, даҳ сар қӯтос ва дигар тӯҳфаҳо аз қабили даҳҳо сар чорвои майда ва лавозимоти рӯзғориро соҳибӣ карданд.