Агар хоҳӣ шавӣ мақбули Раҳмон,
Пазиробандае бошӣ ба Субҳон,
Бигӯям бар ту, эй ёри мусалмон
Намозатро ба вақти хеш мехон!
.
Ба рӯзе, панҷ вақтеро ҷудо кун,
Бихезу фарзу ҳам қарзат адо кун.
Таҳорат кун ба исми поки Яздон,
Намозатро ба вақти хеш мехон!
.
Намозат нур бахшад бар вуҷудат,
Биёбӣ рӯҳи нав аз ҳар суҷудат.
Ба рӯҳу пайкарат то ёбӣ дармон,
Намозатро ба вақти хеш мехон!
.
Сафо ёбӣ зи ӯ дар ҳарду олам,
Раҳо ёбӣ зи ранҷу зулмату ғам.
Шавад дунёву уқбоят чароғон,
Намозатро ба вакти хеш мехон!
.
Худоро гар бидонӣ Холиқи худ,
Набояд амри Ӯро тарк бинмуд!
Бихоҳи бо ту бошад нури имон,
Намозатро ба вақти хеш мехон!
.
Мукаммал кун ҳама шарти вузӯяш,
Бихон бо роҳату ҳам бо хушӯяш.
Ва Маъбудро яқинан рӯ ба рӯ дон,
Намозатро ба вақти хеш мехон!
.
Намозе, ки набошад бо муҳаббат,
Мапиндораш варо ҷузъе зи тоат!
Тамоми ин ҳавасҳоро зи худ рон,
Намозатро ба вақти хеш мехон!
.
Магӯ, имрӯз ё фардо бихонӣ,
Яқин дорӣ, ки то фардо бимонӣ?
Зи дил берун намо ин ҳарфи шайтон!
Намозатро ба вақти хеш мехон!
.
Расули Ҳақ, Ҳабиби хоси Раҳмон,
Чи амре дошт медонӣ ба ёрон?
Ҳамин буд дар забонаш то дами ҷон
Намозатро ба вақти хеш мехон!
МУРОДИИ ХАТЛОНӢ 19.01.2021