Гуштини милли
Таджикистан, Нурек
Tajikistan, Nurek
Имрӯз бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз дар шаҳри Норак марҳилаи ниҳоии Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини миллӣ баргузор гардид. Дар ин мусобиқа беҳтарин паҳлавонони мамлакат аз вилоятҳои Суғду Хатлон, ВМКБ ва ноҳяи Рашт аз рӯи 7 вазн байни ҳам рақобат намуданд. Варзишгарони беҳтаринро туҳфаҳои арзишманд ва ғолиби вазни мутлақро шоҳҷоиза – автомашинаи сабукрав интизор буд. Темур Раҳимов бар ҳамаи рақибони хеш пирӯз шуда, соҳиби шоҳҷоиза гардид. Инчунин баҳри тамошои мусобиқаи мазкур аз тамоми гӯшаву канори мамлакат мухлисону ҳаводорони ин навъи варзиш ҷамъ омада буданд. Ёдовар мешавем, ки мусобиқаи ҷумҳуриявӣ аз ҷониби Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон роҳандозӣ гардид.