#ГУШ_КАРДА_ПАХН_КУНЕН
Дӯстони зархаридам душмани ҷон будаанд, Рӯзи худ ёбанд ба ман даст бар гиребон будаанд.
Фикр кардам ташнаи дидору меҳмони мананд,
Ташнаи дидор нею гушнаи нон будаанд.
Тарки меҳмони намуданд давлатам вақте, ки рафт,
Вақти давлат доштан пайваста меҳмон будаанд.
Дарк кардам ман кунун аз нокасии дӯстон, Нотавонбину ҷудо аз аҳду паймон будаанд.
То даме, ки ҳасти доро гирди ту парвонаанд,
Вақти нодори ҳама аз ту гурезон будаанд.
Сард гашт қалбам зи дасти дӯстони нохалаф,
Қадрашон қиммат намудам, лек арзон будаанд.
Бар касе бовар макун Маҳкампури ғайр аз Худо!
Чун ба рӯзи мотамат дилшоду хандон будаанд. JAMSHEDI MAHKAMPUR!