Мария Аслам, як духтарчаи 8-сола аз Лутони Англия китоби муқаддаси мусалмонон – Қуръонро азёд медонад.
Бино ба иттилои сомонаҳои исломӣ, Мария танҳо дар ду сол ба азёд кардани кулли оёти Қуръон муваффақ шудааст. Ба саҳифаи ин духтарча дар Фейсбук 6 ҳазор нафар аъзо шуда, ӯро пайваста ба чорабиниҳои хайриявӣ даъват мекунанд: “Мария Аслам ҳамроҳ бо модараш ба фирориёни Сурия кумак мекунанд. Бо истифода аз истеъдоди худ ӯ барои кӯдакони гуреза ҳазорҳо фунт ҷамъоварӣ кардааст”.